01:42:58 03-уми Июни 2025 сол

КОНСЕРТ БАХШИДА БА 65-УМИН СОЛГАРДИ ЗОДРӮЗИ АҲМАД ЗОҲИР

Пагоҳ, 14-уми июн ба муносибати 65-умин солгарди зодрӯзи бузургтарин овозхони муосири Машриқзамин шодравон Аҳмад Зоҳир ва ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз бо ибтикори сомонаи мустақили ҷамъиятиву сиёсии «Рӯзгор» ва як гурӯҳи ҳаводорони садои ин хунёгари қарнҳо, инчунин бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон (собиқ Қасри Иттифоқҳои касаба) соати 17:00 таҳти унвони «Ҷаҳони ишқро шоҳам» консерти ҳунармандони Тоҷикистон бо ширкати овозхонҳо ва мутрибон аз кишвари ҳамсояи Афғонистон баргузор мегардад.

Ahmad Zahir 65Яке аз ташаббускорони ин маҳфил ва баррандаи консерти пешбинишуда муассиси сомонаи «Рӯзгор» Султон Ҳамад, ки пажӯҳишгари ҳаёту эҷодиёти Аҳмад Зоҳир буда, то ин замон дар бораи овозхон ду китоб - "Аҳмад Зоҳир - султони қалбҳо" ва "Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ"-ро мунташир кардааст, баробари расонидани ин хабар дар сӯҳбат бо TojNews гуфт:

- Инҷо мақсад танҳо сурудхонӣ нест. Он фикрҳову маълумотҳои наве, ки мо дар бораи ӯ дарёфт кардаему дар матбуот нашр нашуда ва ё кам нашр шудаанд, дар ин маҳфил гуфта мешаванд. Маълумотҳое дар бораи рабти Аҳмад Зоҳир бо Тоҷикистону осори ӯ бо овозхонҳои тоҷик, муносибати овозхонҳои тоҷик бо Аҳмад Зоҳиру шахсияти худи ӯ аз диди пажӯҳишгарони солҳои баъдӣ ба самъи ҳозирон расонида хоҳад шуд. Яъне, ин як навъ барномаи фароғатию маърифатӣ хоҳад буд.

Султон Ҳамад, ки аз замони шӯравӣ дилбастагияшро ба санъати Аҳмад Зоҳир қойил аст, вобаста ба таваҷҷӯҳи ҷавонони замони имрӯз нисбати овозхон мегӯяд: «Замоне буд, ки мо дар дохили як кишвари абарқудрат мустақилият надоштаем ва ҳатто шунидану гӯш кардани Аҳмад Зоҳиру дигар овозхонҳои хориҷӣ як навъ аз сӯйи бархе доираҳо, махсусан доираҳои сиёсӣ, роҳбарони азҳоб, сарварони комсомол ва дигарҳо рӯйирост маҳкум карда мешуд. Бовуҷуд, чун Аҳмад Зоҳир хуб мехонду санъаташ олӣ буд, мо ӯро пайдову гӯш мекардем. Имрӯз, ки замони истиқлол аст, ин давр мусоидат мекунад, ки Аҳмад Зоҳир ва ҳаёту эҷодиёти ӯро амиқтар бишносанд. Бинобар ин, ҷавонҳои ҳозира нисбат ба ҷавонони давраи шӯравӣ ба Аҳмад Зоҳир таваҷҷӯҳу мароқи бештар доранд».

Ӯ мегӯяд, ҳатто дар ҳаракату ҳунари овозхонии сарояндагоне мисли Кароматуллои Қурбон таъсири ҳунари волои Аҳмад Зоҳир мушоҳида мешавад, ки Садриддин Наҷмиддин ҳам аз обхӯрдагони ҳамин дарёст.

- Кароматулло Қурбон, ки аз ӯ хурдтар буд ва насли баъдӣ Садриддину насли дигар овозхонҳо ба ҳунари ин шахсияти бузург таваҷҷӯҳи хоса доштанду доранд. Ҳамон «Овози тиллоӣ»- и имрӯз ҳам нишон медиҳад, ки кӯдакони 14-15-сола таронаҳои Аҳмад Зоҳирро мехонанд. Яъне мехоҳанду ҳаракат мекунанд, ки аз ӯ чизҳои зиёдеро омӯзанд, ба ӯ дар интихоби матн, дар таҳияи оҳанг, истифодаи асбобҳои мусиқӣ ва дигару дигар монанд шаванд. Ин чиз албатта хуб аст.

Зеро Аҳмад Зоҳир яке аз бузургтарин овозхонҳои асри мо ба шумор меравад, ки имрӯз ба пояи ӯ мутаассифона дар ягон кишвари ҷаҳон касе нарасидааст. Бинобар ин, ба ӯ тақлид кардану монанд шудан хуб аст, чунки агар Аҳмад Зоҳирро биомӯзанду таҷрибаи ӯро аз худ кунанд, бовар дорам он ҷавононе, ки имрӯз дар донишгоҳҳои махсус мехонанд, метавонанд пеш раванд. Яъне, ӯро гарчанде намуна интихоб кунанд ҳам, мақсади асосӣ аз ӯ гузаштан аст. Аз ӯ беҳтар шудан бошад, танҳо вақте имкон дорад, ки осорашро хуб бидонанд, роҳу равишу сиру асрори эҷодашро омӯзанд,- мегӯяд Султон Ҳамад.

Ба изҳори ӯ, мақсад аз ҳама ин пажӯҳишҳову таҳлилҳову маҳфилороиҳо ҳам ҳамин аст, ки як таконе дар миёни ҷавонони овозхони мо ба вуҷуд биояду рушд ёбанду пеш раванд.

Султон Ҳамад аз ройгон будани консерт дарак дода, аз ҳаводорон ва алоқамандони садои Аҳмад Зоҳири нотакрору пайравони мактаби эҷодии ӯ ба ин консерти диданӣ даъват ба амал овард.

Мушкинисо АСОЗОДА, “TojNews”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854