22:03:30 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҚИССАИ РУБОБИ АМИР АБДУРАҲМОНХОН

 Ё фирори набераи ӯ ба шӯравӣ ва дӯстии падари 
хонум Парвин бо аллома Бобоҷон Ғафуров

Хонум Парвин яке аз аввалин зани овозхони Афғонистонро дар ин кишвари ба мо ҳамсоя хеле хуб медонанд. Дар Тоҷикистон низ насли кӯҳансоли алоқамандони ҳунари мусиқии афғонӣ аз ӯ гоҳ-гоҳе ёд мекунанд. 

Вале ҳам дар Афғонистон ва ҳам дар Тоҷикистон шояд кам касон донанд, ки ӯ абераи подшоҳи вақти Афғонистон Амир Абдураҳмонхон аст ва падари ӯ Сардор Муҳаммади Раҳимхон, яъне набераи Амир Абдураҳмонхон, ки бо тахаллуси «Шеван» шеър мегуфт, солҳои сиюми асри гузашта ба Иттиҳоди Шӯравӣ фирор карда, ҳаёти пур аз моҷароеро паси сар менамояд ва дар ҳамин ҷо вафот карда, дар зодгоҳи завҷаи саввумаш шаҳри Тифлис, пойтахти Гурҷистони имрӯза ба хок супурда мешавад.

Хонандаи гиромӣ, барои донистани шарҳи ин қиссаи хонданӣ якҷо меравем ба суроғи афғонистоншиноси шинохтаи тоҷик Савлатшои Мерган, ки наздик ба бист соли зиндагонии хешро дар Афғонистон сипарӣ намудааст ва бо Сардор Муҳаммад Раҳимхон робитаи наздики дӯстӣ доштааст. 

«Ту тағаҷони гули манастӣ»

Савлатшоҳи Мерган, ки беш аз ҳафтод сол умр дорад ва ҳоло ҳам сиҳату бардам ба назар мерасад, мегӯяд, ки баъди хатми шӯъбаи забон ва адабиёти паштуи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи Давлатии Ленинград (ҳоло Санкт- Петербург) дар аввалҳои солҳои шастуми асри гузаштаи мелодӣ, ӯ чанд муддат дар Институти Шарқшиносии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти илмиашро давом додааст. Сипас соли 1966 барои такмили ихтисос ба Институти Шарқшиносии Академияи Илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба Маскав фиристода мешавад. 

Маҳз дар ҳамин давра устодаш Дворянников Николай Александрович, ки бузургтарин афғонистоншинос ва донандаи забон ва адабиёти пашту ба шумор мерафт, рӯзе ӯро ҳамроҳаш гирифта ба хонаи як дӯсти афғониаш ба меҳмонӣ мебарад. Ҳангоми дидор он марди афғонӣ худро Сардор Муҳаммад Раҳимхон, набераи подшоҳи вақти Афғонистон Амир Абдураҳмонхон муаррифӣ мекунад. 

Ва чун мефаҳмад, ки меҳмони ӯ тоҷик асту аз Бадахшони Тоҷикистон чеҳрааш гул-гул мешукуфад, аз ҷой бархоста Савлатшоҳро ба канор мегирад ва аз пешониаш мебӯсад. Сипас «як лаҳза» гӯён аз утоқ хориҷ мешавад ва пас аз чанде дар даст як рубоби афғонӣ дубора вориди он мегардад. «Ту тағаҷони гули манастӣ, модари ман низ аз Бадахшон буд»- гӯён рубобро ба Савлатшоҳ дароз мекунад:

-Ман ин рубобро ба ту тақдим мекунам. Ин рубоби падаркалони ман Амир Абдураҳмонхон аст. Ёд дорам вақте, ки ман чор ё панҷсола будам, падаркалонам Амир Абдураҳмонхон рӯзҳои ҷумъа, баъди хӯрдани чои субҳ дар як гӯшаи порки Зарнигори Кобул маро ба сари зонуяш шинонда бо ин рубоб ним соат, гоҳҳо як соат оҳанг менавохт ва баъдан пушти кораш мерафт. Ин рубоб тақрибан як саду даҳ сол умр дорад.

Савлатшоҳ дар идомаи ин мулоқот аз ҳамсӯҳбаташ хоҳиш мекунад, ки дар бораи саргузашти худ ва ин рубоб, агар мумкин бошад, муфассалтар қисса кунад. Сардор Муҳаммад шурӯъ мекунад ба гуфтани ин қиссаи ҷолиб:

Фирор ба шӯравӣ ва ё ишқи духтари гурҷӣ

«Соли 1929 ҳукумати Бачаи Сақоро сарнагун карданду ба ҷои ӯ Нодиршоҳ ба сари қудрат омад. Маро ҳамчун намояндаи ҳукуматӣ марказӣ ба Мазори Шариф ба кор фиристоданд. Баъди чанд муддате иттилое паҳн шуд, ки дар раҳбарияти ҳукумати марказӣ нисбати аҳли хонадони Амир Абдураҳмонхон ва бозмондагони ӯ хусумате пайдо шудааст. 

Баъди шунидани ин хабари даҳшатнок, ман завҷаамро, ки як хонуми бадахшӣ буд, бо духтарам Хадичаи ҳаштсола ба Худои Таъоло супурда худ ба Тошканд фирор кардам. Дар Тошканд баъди чанде ба як русдухтараке хонадор шудам. Аз ӯ як духтар таваллуд шуд, ки номашро Ҳумо мондам. Тахминан солҳои 1934 ё 35 буд, ки гуреза будани ман ба мақомоти амниятии Шӯравӣ ошкор шуд ва маро ҳабс карданд ва ба Сибирё табъид намуданд. 

Дар вақти дар табъид будан ман маротибаи дуввум бо Александра ном зане, ки гурҷӣ буд, издивоҷ кардам. Хонумам низ дар табъид буд. Соли 1952 Александра аз ҳабс озод мешавад ва ба номи раҳбари вақти Иттиҳоди шӯравӣ Сталин мактуб менависад. Дар мактуб саргузашти талхи худ ва қиссаи бо ман дар табъид издивоҷ карданашро баён намуда, аз Сталин хоҳиш мекунад, маро низ аз ҳабс озод кунанд. 

Бо кадом роҳҳое мактуб ба дасти Сталин мерасад ва ӯ фармон медиҳад, ки маро низ аз ҳабс озод кунанд. Бо фармони Сталин соли 1957 маро низ аз ҳабс озод мекунанд ва ману завҷаам ҷои истиқомати доимӣ шаҳри Маскавро ихтиёр кардем.Дар Маскав дар ҷустуҷӯи кор рӯзе ба Институти Шарқшиносии Академияи Илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ омадам. 

Вақте, ки аз мақсади омаданам ба Институт огоҳ шуданд, маро ба назди роҳбари ин даргоҳ бурданд. Марде, ки маро ба ҳузураш пазируфт, баъди дурудароз ба ман нигоҳ кардан аз ман пурсид: «Ту афғон нестӣ? Гуфтам «Бале». Гуфт оё номат Сардор Муҳаммад Раҳим нест? Гуфтам «Бале». Ва ӯ аз ҷояш хеста маро гарм дар оғӯш гирифт. Ва гуфт: 

«Агар дар ёдатон бошад ҳамин қадар сол пеш, дар мурофиаи маҳкамаи шумо масъулияти тарҷумониро ба ӯҳда доштам. Ман суолҳои мақомоти марбутаро ба шумо ва ҷавобҳои шуморо ба онҳо тарҷума мекардам. Он вақт ман наметавонистам барои шумо аз ин бештар хизмате кунам. Акнун чунин имконият дорам. Бигӯ, чӣ кор кунам?». 

Аз бекории худ гуфтам. Дарҳол амр дод, ки маро ба ҳайси мушовири бахши Эрону Афғонистони Институти Шарқшиносӣ ба кор қабул намоянд. Ва ин хонаеро, ки ҳоло мебинед, ба баракати ана ҳамин марди шариф, Бобоҷон Ғафуров ба ман доданд. 

Бозгашти айёми шубоб якҷо бо рубоб

Бо кӯшиши ҳамин марди бузург соли 1958 бисёр ашёи хонаводагии маро, азҷумла, ҳамин рубобро, ки аз падаркалонам Амир Абдураҳмонхон ба ман мерос мондааст, ҳамон вақт аз Кобул ба ман оварданд. Ҳамон вақт ман фикр кардам, ки бо ин рубоб гӯё замони тифлиамро ба ман бозпас оварданд. 

Ҳангоми мизроб задан ба торҳои ин рубоб бӯи гулҳои Ватан ба машомам мерасид. Худамро лаҳзаҳое дар порки бароям азизу вале дури Зарнигор эҳсос мекардам. Садои обшорони зодгоҳам гӯшҳои маро нарм-нармак навозиш медоданд. Ва имрӯз ҳам бо дидори шумо маро чунин эҳсосоти гуворое фаро гирифтааст. Ҳарчанд ҷудоӣ аз ин рубоб бароям хеле мушкил хоҳад буд ва он азияти ғурбатро бароям бештар хоҳад кард, вале умедворам он дар дасти шумо дилҳои бештареро шод хоҳад кард ва аз ин рӯҳи падаркалонам шодтар хоҳад шуд».

Шиноси ношинос

Савлатшоҳи Мерган дар идомаи суханаш ба мо гуфт, ки соли 1967 қабл аз нахустин сафарам ба Кобул ба ҳайси тарҷумони сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон ба назди Сардор Муҳаммад Раҳимхон омадам. ӯро аз ин сафари қарибулвуқӯи худ огоҳ сохтам. Дарҳол мактубе навишт ва гуфт, ки ин мактубро ба дасти духтараш бурда супорам ва илова кард, ки духтарашро шояд ман шиносам. Ҳайрон шудам, ки чӣ гуна ман духтари ӯро, ки дар ҳаётам боре надида бошам, мешиносам. Бо тааҷҷуб ба сӯяш нигоҳ кардам. Бо шавқ хандиду гуфт:

-Хадичаи ман имрӯз овозхони машҳури Афғонистон аст, вале ба худ тахаллус гирифтааст. Имрӯз ӯро хонум Парвин мегӯянд.

Савлатшоҳ мегӯяд, ки баъдан борҳо бо хонум Парвин мулоқот доштааст ва саргузашташро аз забони худаш шунидааст. Хадича пеш аз он ки ба олами мусиқӣ алоқа пайдо кунад, соли 1937 омӯзишгоҳи тиббиро хатм карда дар яке аз шифохонаҳои мулкии Кобул ба ҳайси ҳамшираи тиббӣ хидмат мекунад. Вале муҳаббат ба мусиқӣ ӯро ба даргоҳи радиои Кобул, ки гурӯҳи қавии овозхонҳо аз ҷумлаи мардон дошт, меорад.

Гулфурӯше, ки Нигинаро низ лолаи озод кард

Соли 1951 аввалин бор ҳамчун хонанда садои ӯ аз радиои Кобул пахш мешавад. ӯ нахустин бор таронаи «Гулфурӯш»- ро, ки матнаш аз шоир Муҳаммад Иброҳими Халил ва оҳангаш аз устод Ғуломҳусайн аст, сабт мекунад ва худи ҳамон рӯз ин тарона аз тариқи радиои Кобул садо медиҳад:

Ман гулфурӯшам,
Ман гулфурӯшам,
Аз шавқи чашмат,
Наргис фурӯшам. 
Гулҳо ба дӯшам,
Соғар ба дастам,
Дар базми гулҳо,
Соқии мастам…


Оҳангсоз ва овозхони машҳури афғон Абдулваҳҳоби Мададӣ дар як пажӯҳиши худ дар бораи Парвин ва ин таронааш чунин менависад: «Бо пахши ҳамин оҳанг шӯҳрату овозаи Парвин бар сари забонҳо меафтад. Дере нагузашта ин оҳанг аз нигоҳи мӯҳтавои шеърӣ ва мусиқиаш ва ҳамчунон ба хотири иҷрои зебо ва дилпазире, ки Парвин аз ӯҳдаи он бо маҳорати беназире баромада буд, ба унвони на танҳо оҳанги беҳтарини ҳамон сол, балки зеботарин ва ҳамаписандтарин оҳанге шинохта шуд, ки мардуми мо аз ҳанҷараи як ҷавонзан шунида буданд. 

Ин оҳанг то солҳои зиёде, азҷумлаи пуршунавандатарин оҳангҳои радиои Кобули вақт ба шумор мерафт. Ҳатто метавон гуфт, ки оҳанги «Гулфурӯш» аз ҷанбаҳои компуз, шеър ва овоз то замони ҳозир низ аз ҷумлаи беҳтарин оҳангҳое ҳаст, ки дар кишвари мо сохта ва пардохта шудааст.

Кампузҳои (таронаҳои) хонум Парвинро дар радио Анвар Шоҳин, устод Хафизуллоҳ Хаёл, устод Ғулом Ҳусайн, устод Набигул месохтанд. Парвин на танҳо бо забони дарӣ, балки бо забонҳои пашту, узбекӣ, балуҷӣ низ суруд хондааст. Парвин дар архиви радиои Кобул навори 315 таронаашро дорад. Дар телевизион бошад навори 12 таронаро».

Солҳои шастум ва ҳафтодуми асри гузашта хонум Парвин дар ҳайати ҳунармандони афғонӣ борҳо ба Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон сафарҳои ҳунарӣ доштааст.

Бояд гуфт, ки суруди «Ман гулфурӯшам» ва таронаҳои дигари хонум Парвин, азҷумла «Дасти туро бигирам», «Ман лолаи озодам». «Суманак дар ҷӯш мо кафча занем», «Бачаи рӯбоҳ бумура» ва ғайра солҳои 70-ум ва 80-уми асри гузашта хеле машҳур буданд. Агар хато накунам таронаҳои «Дасти туро бигирам» ва «Ман лолаи озодам»-ро овозхони маъруфи мо Нигинабону Рауфова хеле хуб хондааст. Таронаи дуввумро якҷо бо овозхони шинохта Азиз Ваҳҳоб хондааст.

Дар замони дар сари қудрат будани Муҳаммад Зоҳиршоҳ ва Муҳаммад Довуд Парвин чанд маротиба ба назди падараш ба Маскав омада будааст. Вале баъдҳо ҳукумати нав низ ҳарчанд садди рафтуомади хонум Парвин ба Маскав нашуда бошад ҳам, вале худи ӯ дигар ба назди падар омаданро қатъ кардааст.

Хонум Парвин ду маротиба издивоҷ карда бошад ҳам, вале фарзанддор намешавад. Якчанд нафар духтари ноболиғи сағераро ба тарбияи худ мегирад. Дар овони пиронсолӣ маҳз ҳамонҳо дастгираш мешаванд. Чунки шавҳари дуввумаш низ ӯро ба иллати фарзанд таваллуд накардан тарк карда будааст. Хонум Парвин дар тӯли даврони ҷангу ҷидолҳое, ки дар Афғонистон сурат гирифтанд, ҳамеша дар Кобул будааст ва азобу машаққатҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст. ӯ соли 2004 дар синни 80-солагӣ дар Кобул аз ҷаҳон мегузарад.

Афғоне, ки бо шеван шеър мегуфт

Сардор Муҳаммад Раҳимхон бо тахаллуси «Шеван» шеър низ мегуфт. Аз рӯи шунидам яке аз наздикони Сардор Муҳаммад Раҳимхон дастхатҳои шеърҳояшро ба Париж бурда будааст то дар он ҷо ба нашр расонад. Намедонам ин кор амалӣ шуд ё на. Аммо шеърҳояшро ман ҳам шунида будам, хуб буданд,- мегӯяд Савлатшоҳи Мерган. 

Сардор Муҳаммад Раҳимхон соли 1986 дар синни 91 солагӣ дар Маскав вафот мекунад. Ҷасади ӯро занаш Александра тариқи ҳавопаймо ба Гурҷистон, ба зодгоҳи худ мебарад ва дар Тифлис аз мармари сиёҳ оромгоҳе бунёд сохта ӯро дар ҳамон ҷо дафн мекунад. Худи ӯ низ баъди чанд сол вафот карда тибқи васияташ писараш Аминҷон ӯро дар паҳлӯи шавҳараш ба хок месупорад. 

Аз маҳсули издивоҷи Сардор Муҳаммаду Александра танҳо Аминҷон боқӣ монда будааст. ӯ феълан дар Маскав зиндагӣ мекунад. Ҳумо духтари Сардор Муҳаммад аз зани тошкандиаш ҳам ҳоло дар Маскав зиндагонӣ дорад. 

Рубобе, ки мурғи дилро кабоб месозад

Ман аз устод Савлатшоҳи Мерган аз тақдири рубоби Амир Абдураҳмонхон пурсон шудам. Ба ӯ гуфтам, ки бисёр мехоҳам рубоберо, ки як вақтҳо подшоҳи Афғонистон Амир Абдураҳмонхон онро ба даст гирифтаву навохтааст, бо чашми сар бубинам. 

Подшоҳе, ки ба сабаби мардуми минтақаи Кофаристони Афғонистон (ҳоло вилояти Нуристон)-ро дар соли 1896 ба дини мубини ислом мушарраф сохтанаш лақаби «Зиёулмиллат ва дин»-ро ба ӯ додаанд. Устод ваъда доданд, ки ин корро дар як фурсати мусоид мекунанд ва дар ҳақиқат, ба ваъдаи худ вафо карданд. 

Инак рубоби амир Абдураҳмонхонро дар дасти Савлатшоҳи Мерган мебинам. Рубобе, ки тахминан 150 сол умр дорад. Он эҳтимолан аз чӯби ниҳоли тут сохта шуда бошад,- тахмин мезанад устод Савлатшоҳ. Онро дар Кобул сохтаанд. Тӯли рубоб тахминан 75 сантиметр аст. Ҳаждаҳ тор дорад. Пардааш пардаи дили гов аст. Рубоб садафкорӣ шудааст. Дар рӯи рубоб аз садафи сафеди зебо дарахте сохта шудааст ва рӯи он дарахт булбуле, ки он ҳам аз садаф сохта шудааст, нағмахонӣ мекунад. 

Нигоҳ кардан ба рубобе, ки садафкорӣ шудаасту акси булбулро дорад худ як кайфияти хуби рӯҳӣ мебахшад.Чи расад вақте ки садояш баланд мешавад! Садои рубобе, ки дар пардаҳояш сад қиссаи талху ширини ногуфта дорад.

Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi