00:45:08 05-уми Июни 2025 сол

МӮЪМИН ҚАНОАТ БА РАИСИҶУМҲУР ЧӢ ГУФТАНӢ ДОРАД?

"ДАРВОЗ МЕРАВАМУ БАР НАМЕГАРДАМ"

-Барои чӣ ин қадар ноумед сӯҳбат мекунед?

-Барои он, ки дилам аз ҳама чиз монд. Ман меравам Дарвозу дигар пас намеоям.

-Чун сӯҳбат ба самти зодгоҳатон тоб хӯрд, як саволе пеш омад. Шумо гуфтед ба қарори ҳукумат дар Дарвоз осорхонаи Мӯъмин Қаноат кушода мешавад, аммо тавре иттилоъ дорам он мебоист соли 2002 ба муносибати 70-солагиатон ба кор шурӯъ мекард. Бо вуҷуди ин, соли гузашта вақте президент ба вилояти Бадахшон сафар дошт, мебоист лента ва ё риштаи рамзии ин осорхонаро мебурид. Чаро ин кор рух надод?

-Қарори ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди ин осорхона дар соли 2002 бо имзои ҷаноби олӣ иттихоз шуда буд. Сохтмони онро мо ҳанӯз дар соли 1989 шурӯъ карда будем, ки он вақт Маркази фарҳангӣ ном дошт. Қарорро қабул карданду 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ низ доданд. Ва ба масъулони ВМБК супориш доданд, ки ин корро анҷом диҳанд. Аммо намояндаи онҳо то ба имрӯз ба он ҷо наомадааст. Соли гузашта як маротиба раиси ВМКБ омад. Аз ноҳияи Дарвоз раисаш ҳатто як бор ҳам наомад. Баъд аз он ман Бунёди Мӯъмин Қаноатро ташкил додам. Дигар пул ҷамъ кардам, аз бонкҳову созмонҳои байналмилалӣ, аз ҳукумати Эрон, ки ҳам пул ва ҳам китоб доданд. Пурсиданд, ки ҳукумати Тоҷикистон чанд пул дод. Гуфтем, ки даҳ ҳазор сомонӣ. Даҳ ҳазор сомонӣ сафорати ҶИЭ дод. Ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ китоб барои ман тақдим карданд.

Се ошёнаи Бунёдро сохтем, 450 метр роҳро дар деҳа мумфарш кардем. Боғ дорад. Осорхонаву китобхонааш ҳам фаъол шудааст, маркази омӯзиши забонҳо ва асосҳои компютер ташкил шудааст ва барои алоқамандон омӯзиши хатти ниёгону имлои низ ба роҳ монда мешавад. Ҳол он, ки он расман ифтитоҳ нашудааст. Соли гузашта рафтем, барои ифтитоҳ омода буд. Ифтитоҳ нашуд ба хотири он, ки мардум ҳама Хоруғ рафтанд ва аз онҷо мустақиман баргаштанд. Фурсати дигар нашуд. Баъд аз даҳ рӯз ман ҳам дигар меравам. Дар ҳудуди 8 ҳазор доллари дигар корҳо боқӣ мондааст. Феҳристи китоб ва осори мавҷуда дар онро бояд тартиб диҳем. Як адад компютер низ бояд бурда шавад. Як телевизорро бо мавҷгир ва бунёдаш вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов тақдим кард. Ва як истгоҳи барқии кӯчак, ки онро Шералӣ Гул ба осорхона тӯҳфа намуд. Сайти Бунёдро низ месозем. Ба хотири он, ки ҳамеша бо онҷо робита бошад. Иншоаллоҳ ин корҳо иҷро мешавад.

ҚАНОАТ ЧӢ "ГУНОҲ" КАРД?

-Пештар бо ҳукумат гӯиё як навъ наздик будед, чун даъват мекарданд, садрнишин будед. Имрӯз чаро чунин нест?

-Сабаб ҳамон сӯҳбате, ки бо ҳафтаномаи “Миллат” доштам, ман онҷо чанд ишора ба ҳукумат кардам. Агар он ишороте, ки соли гузашта ман дар он мусоҳибаам кардам, ислоҳ мешуд, ҳозир барои сохтмони Роғун маблағгузорӣ мешуд. Баръакс, алайҳи ман низоъ эҷод карданд. Бо ман чӣ низоъ мекунанд, ки ҷанги сарди Тоҷикистон гарм шуда истодааст. Ман ҳамчун дӯст ба онҳо ҳушдор додам, ки ҳушёр бошед, ҷанг давом дорад, дар муҳит, атрофу ҳамсояҳо ҳамвора алайҳи Тоҷикистон кор бурда истодаанд.

Ман ҳаракати ваҳдатро ёд овардам. Вақте, ки ман рафтам, гуфтам, ки низоъшиносӣ илм аст, дар ҳар фосила низоъҳо шакли дигар мегиранд. Пайваста ҷомеаро биомӯзед, ки дар куҷо низоъ эҷод мешавад. Касе коре накард. Ба таърифу тавсиф машғул шуданд. Ҳукуматро таъриф карданд, ҳол он ки гирду атроф ҳама дар ҳолати таркиш буд. Модел, модели нави пешгирии таркишҳову низоъҳоро насохтанд. Вақте даргирӣ сар мешавад, баъд мӯи сарашонро медоранду мегӯянд, ки чаро пешгирӣ накардем.

БАЪДИ СОЗИШНОМА ҲАҚҚУ ҲУҚУҚ РИОЯ НАШУД

-Паҳлӯи дигари масъала он аст, ки кадом омилҳо мардумро ба чунин иқдомҳои ниҳоӣ мекашанд?

Шояд дар ҳамон вақти ба имзо расидани қарордоди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ. Роҳбарияти Иттиҳоди  оппозитсиюни Тоҷикистон ва ҳукумати Тоҷикистон, ки медонед, панҷ давлат аз он  пуштибонӣ мекарданду кафолат дода буданд, ки бояд ба иҷро бирасад. Вақте созишнома ба имзо расиду онҳо ба ватан баргаштанд, ҳаққу ҳуқуқҳои онҳо то ба охир муроот нашуд. Ман он вақт муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  будам, ки дар ҳама ҷо тарроҳиву барномакашӣ дар дасти ман буд. Ҷаноби олӣ имзо мегузоштанду онро амалӣ мекарданд. Аммо вақте ки онҳо бозпас омаданд, дар дохили нерӯҳои ҳукуматӣ низоъ шурӯъ шуд. Онҳоро оварданд, вале омилҳои дохилиашон ноомӯхта буд. Қумондонҳову силоҳбадастоне, ки мақому манзалат доштанд, даъво карданд, ки чаро онҳоро овардӣ. Яъне ин ҷараёнро то ба охир наомӯхтанд.

"АЗ ҲАР МАҲАЛ ЯК КАС МЕБАРОЯД" 

-Чун баъд аз имзои санади сулҳ чанд фурсат сипарӣ шуд, он гурӯҳҳое, ки як ҷониби сулҳ буданд аз қудрат канор зада шуданд. Шахсиятҳои сазоворе низ доштанд. Ҳоло мисле, ки ҳукумат ба дасти як гурӯҳ афтод. Оё ин ҳам таъсир дошт?

-Табиӣ аст, ки ин ҳам таъсир дорад. Он шахсиятҳое, ки омада буданд, барои мисол Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, шояд таъсири илмиаш ҷиддӣ набуд, лекин таъсири ахлоқӣ ва одамияташ хеле баланд буд, одами қавл ва рост буд. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мутахассиси таҳсилкардаи илми ҳуқуқи байналмилалӣ аст. Ӯ як марди фақеҳи исломӣ мебошад. Гапи ӯро нодида гирифта намешавад. Чизе, ки ӯ медонад, метавонист, ки мардумро ба ҳам биёрад, аз рӯи шаръи исломӣ. Ба нафарҳои худаш метавонист бигӯяд, ки ба ҳукумат кӯмак кунед. Ин тавр намешавад, ки фақат як қишри ҷомеа умури як давлату миллати бузургро дар ихтиёр дошта бошад. Дониш кифоят намекунад. Дар як гурӯҳ чанд одами босалоҳияту донишманд мерӯяд. Донишмандон як фисади одамон буданд, аз аввали дунё то ба кунун. Аз ҳар маҳал як кас мебарояд. Боқимондаро аз дигар маҳалҳо бояд гирифт. Онҳоеро, ки ватандӯстанду нафси хуб доранд, некбин ҳастанд, худашонро барои миллат қурбон мекунанд.

"ТОҶИК ТОҶИК АСТ..."

-Яъне ҳукумат натавонист аз таҷрибаву дониш ва аз шахсияти онҳо барои суди ҷомеа ва миллат истифода кунад ё ин ки нахост?

-Ман дигар ботини ҳеҷ кадоми онҳоро намедонам. Ба хотири он ки то охир хуб истифода набурданд ҳеҷ кадоми онҳоро. Сиёсати ҳукумати Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушода аст, ки ҳам бо Чин, ҳам бо Русия ва ҳам бо Афғонистону Эрон ва Иттиҳодияи Аврупову Амрико  ҳамкорӣ мекунад. Лекин дар ҳар маврид, барои он, ки ҳукуматро бо исломигароӣ бадном накунанд, аз онҳо фосила мегирад. Он фосила бузургу фарох мешавад. Дар дохили як миллат бозии сиёсии дипломатӣ мешавад. Дипломатия барои ҳамсояҳои дуру наздик, яъне хориҷиёну аҷнабиён аст. Дар дохил дипломатия ба кор намеояд. Аслан набояд бошад. Ошкоро аст, лекин амри ботиниву виҷдонӣ ва имонист. Ҳамзабонӣ ҳамхунӣ аст, инҷо. Фарёди хун аст инҷо. Ҳар тоҷике, ки кушта шавад, ӯ тоҷик аст. Фарқ надорад, ки ӯ коммунист ё исломӣ, демократ ва ё сотсиалист аст.

"ҲАЙКАЛИ ХОМӮШӢ"

-Миёни зиёиён шуморо ҳайкали хомӯшӣ ном дода буданд. Аммо он сӯҳбате, ки анҷом додед, баъзе аз коршиносон гуфтанд, ки Мӯъмин Қаноат ҳамчун зиёӣ ниҳоят ҳарфи дилашро гуфт, ки шикаст яхҳоро. Вале баъзе аз ҳампешагонатон ин сӯҳбати шуморо таҳаммул накарданд. Чаро?

-Шояд ба хотири он, ки аз як чиз мисле, ки метарсида бошанд. Пеш аз ҳама ин камҷуръатии онҳост. Агар каси дигар ё ягон нафари ношинохта он ҳарфҳоро мегуфт, ин қадар муҷозот намешуд. Ман барои он муҷозот шудам, ки мардум мутаваҷҷеҳи он гуфтаҳо шуданд. Ҳама медонад, ки ман дурӯғ намегӯям. Ман мансаб намехоҳам. Ягон фарзанди ман дар ҳукумати Тоҷикистон на имрӯз мансаб мехоҳад ва на фардо. Шукри Парвардигор, фарзандам Далер бо ҳамсараш, ки духтари Мирзо Турсунзода аст, онҷо (Канада) кор ва зиндагонӣ мекунанд.

Набераи дигариам, ки Мирзо ном дорад ба муносибати бобои бузургвораш номгузорӣ шудааст, Донишгоҳи Торонторо дар риштаи биохимия тамом кард. Аспирантураро низ онҷо ба итмом расонид ва ҳоло докторантура меомӯзад, ки боз се соли дигар таҳсил мекунад. Кори илмиаш табобати маризи саратон бо усулҳои навтарини илми ҷаҳонист. Боз як набераам, ки духтар аст - Суман  дар улуми иҷтимоиву забону фарҳангу зебоишиносӣ таҳсил дорад. ӯ  Оксфордро тамом кард. Ба муносибати таҷлили садсолагии бобои бузургашон Мирзо Турсунзода иншоаллоҳ меоянд инҷо.

ЧАРО АДИБОН АЗ КАМБУДИҲО НАМЕГӮЯНД?

-Яъне на танҳо ҳукуматдорон, балки адибони мо низ намехоҳанд аз камбудҳои имрӯзаи ҷомеа ҳарф зананд ва ё баръакс чашм бипӯшанд?

-Онҳо мисле, ки ҳақиқату воқеъиятро дуруст намешиносанд ё аз маҳалгароиашон мешиносанд, ё аз ҷаҳонбинии тангашон ва ё аз мақоме, ки дар ҷомеа доранд, метарсанд, ки ҳамонро низ аз даст медиҳанд. Кори ҷиддии илмиву эҷодӣ накардаанд, ки боқӣ бимонанд. Дар роҳбарияти Иттифоқи нависандагон, дар роҳбарияти илм, фарҳанг, дипломатияи мардумии дифои миллати тоҷик, дар саросари ҷаҳон коре накардаанд, ки мондагор бошад. Ман кор кардам. Соли 1989 ман дар мақоми охирини илмиву адабиву ҳунариву сиёсиам расидам. Мақоми охирин ҳамон буд.

"МИЛЛАТ ИМРӮЗ ҶАСУР НЕСТ, ЗИРАК НЕСТ...?

-Гуфтед, ки хеле ноумед ҳастед ва ба ноҳияи Дарвоз мераведу дигар барнамегардед. Чаро?

-Ҳарчанд ин миллатро касе аз ман бештар дӯст намедорад, аммо барои ман дигар он бегона шудааст. Миллат имрӯз ҷасур нест, зирак нест, замонавӣ нест, афсӯс.

-Ин миллат низ шуморо дӯст медорад, ба ҳарфи гуфтаи шумо таваҷҷӯҳ мекунад. Шояд шуморо бархе аз ин миллат ва ё гурӯҳе аз он дилмонда карда бошанд?

-Инро акнун ҳавола ба Худо мекунем.

-Маоши имрӯз мегирифтаатон бароятон кифоят мекунад?

-Чорсад сомонӣ маош мегирам. Ҳарчанд, ки хизматҳои шоиста дар соҳаи фалону фалон кардам. Панҷоҳ доллар барои шоири  халқии Тоҷикистон, панҷоҳи дигар барои узви Академияи илмҳои Тоҷикистон. Барои таъмини як хонаводае, ки ҳама иборат аз ҳашт нафаранду аксари он кор намекунад, маоши дуруст нест ва боқӣ ҳама кӯдаконанд. Як навъ кӯшиш мекунем. Ман ба ҳамаи сарони Иттиҳоди Шӯравӣ наздик будам, бо онҳо дар минбарҳо нишастам, аммо ба ягон нафари онҳо хушомад назадаам. Бо Хрушеву Брежневу Андропов  нишасту хез доштам. Маро ҳурмат мекарданд.

ҚАНОАТ БА РАИСИ ҶУМҲУР ЧӢ ХОҲАД ГУФТ?

-Имрӯз чӣ?

-Имрӯз низ. Агар ман аз ҷаноби олӣ хоҳиш кунам, ки маро қабул кунанд, фавран қабул мекунанд.

-Агар қабул кунад, дар бораи чӣ сӯҳбат мекардед?

-Баъзе мавзӯъҳо дар бораи ояндаи миллати тоҷик, ки онҳоро ошкор намекунам.

-Ишорае ҳам намекунед?

-Ин ҳарфҳое ҳастанд, ки танҳо барои як кас мебояд гуфт.

-Дар бораи иштибоҳҳояш низ ҳарф мезанед?

-Ин табиист, албатта. Ҳукумате, ки дар ин вазъият кор мекунаду сохтмони бузург дораду пулаш чандон кифоят намекунад, ҳамсояҳо халал мерасонанд ва аз тарафи Афғонистон Толибон ва дар рӯ ба рӯи мо хатар истодааст, аз ҳар самте, ки гиред, як навъ хатар мавҷуд ҳаст барои мо. Ҳатто ҳамкориҳои бисёр наздик, дарҳои бози мо бо Чин ҳам як навъ истеъмори бесадо, пахш кардани як порча замин аст. Дигар чизе нест. Бо онҳо на ҷанг карда мешавад ва на муқобилияту на ҳеҷ чиз. Инҷо бисёр, хеле зиёд ҳушёр бояд буд.

Мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод

Шарҳҳо   

 
0 #8 Guest 24.08.2011 21:46
Миллат агар сухане дошта бошад саркубаш мекунанд. Шумо ки худ беҳтар медонед устод!
Ин суханонро нагӯед Устод. Миллати Тоҷик ҳамеша аз қаҳрамононаш дифо мекунад на ин аз касоне, ки худашон худашонро қаҳрамон номидаанд.
 
 
0 #7 Guest 24.08.2011 21:28
ZAMIR!!! дар замони шуравӣ агар моро намегузоштанд намозу рӯзаамонро анҷом диҳем, ба хотири ин буд ки онҳо дин надоштанд бародар! аммо ин соҳибдавлатон дам аз диндориву мусулмонӣ мезананд.
Кадомаш барои ин МИЛЛАТ дардовар аст!?!?!?
 
 
0 #6 Guest 24.08.2011 21:23
Бо ташаккур аз "Рӯзгор", ки суханони ин Қаҳрамононро ба гуши ин миллат мерасонад.
Ва аз устоди муҳтарам низ ташаккур мекунам, ки суханони ин мардумро мегӯянд.
 
 
-1 #5 Guest 25.07.2011 19:43
Ба Котиб:
Хезон агар оханги футуре доранд
Аз боди сурин лофи гуруре доранд
З-ин гавгохо чи бок шахбозонро
Зогон гух мехуранду шуре доранд.

Бедил ту маяндеш зи гавгои ракибон
Гавгои сагон кам нагунад рузи гадоро.

Гар зоги сафед гух хурад маъзур аст.
 
 
+1 #4 Guest 20.07.2011 21:30
ба ориф: агар замони маддохони дарбори мебуд, ту Анвариро ба як нул мезади..
 
 
+1 #3 Guest 14.07.2011 10:38
Ташакукур ба устоди бузургвор Муъмин Каноат, ки харфи дурусту хакикатро мегуяд. Шукри он миллат, ки чунин фарзонамарде дорад. Вагарна мисли он касе, ки дар боло сафсатае навиштааст, хамеша бадгуи мекунему бадчуи меёбем.
ташаккур ба "Рузгор", ки чунин маводи арзишмандро ба нашр расондаед.
 
 
+1 #2 Guest 13.07.2011 23:55
Эй Устод эй укоби буландпаровоз эй ситораи рахшони осмони адаб эй Фирдавсии Эрони муосир эй рамзи азамату шукухи миллати точик эй азизе ки маконат то абад калби покони ин миллат аст эй ки дурри суханат рухро болида мекунаду дар дилхо инкилоб меофарад.Эй Устоди дилпок назди Худо азизи ва Худованд дустат медорад ки чунин бузургат офарида.

Шукухи чилваат чуз дар фазои дил намегунчад

Буланд аст аз фалак маъвоят Устод
Набошад хеч касро чоят Устод
Намоянд тутиёи дидаи хеш
Азизон гарду хоки поят Устод.

Офтобо бори дигар хонаро пурнур кун
Дустони устодро шод гардон душманонашро кур кун.
Хамеша Худо нигахдору тавфик рафикат бошад!
 
 
-1 #1 Guest 12.07.2011 23:32
Одамоне, ки нав ба майдон меоянд ба он лаънат мехонанд CCCР -ро . Барои чӣ? Фикр намекунад, ки ҳамон амр, ҳамон сиёсат хуб буд. Фарз кардем Шӯравӣ. Ҳамаи иқдомҳояш бад набуд. Дӯстии халқҳо, ҳамоҳангӣ, абарқудратӣ, фақирпарварӣ, ятимпарварӣ. ( бедини ранги хайвон зистан хурдану нушидану ва мурдан ) кай ибодату парастишу ёди Худованд мекрдед - факат кайфу сафову шухрат парасти ! мефоратон бале ! ей Шоирони зур зада навиштани суханони бехудаю лоф -ки хеч кас хозир ин китобу навиштахои нодаркори шуморо намехонанд ! Хайф !
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854