05:28:44 03-уми Июни 2025 сол

ЗАРБУЛМАСАЛ ВА МАҚОЛҲОИ ЯҒНОБӢ

Забон донӣҷаҳон донӣ!

«Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва забони яғнобӣ шароит фароҳам меорад». Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

/images/stories/2011/07/13_gorno-badakhshan_45455.jpgАзоби роҳатш рити хаст. – Азобро роҳаташ дар пеш аст.

Бадху кут пир тим вот, чи равҷак напирахсчӣ. – Саги бадхӯ пир ҳам шавад, аз ҷакидан намемонад.

Безурйот инчак кати бегунаи ранках. – Зани безурёт дар хона мисли бегона аст.

Берунаи дарунаи нукиш ӣкта. – Беруна дарунаро пеш кардааст.

Гап чи гандаи нижчӣ, шупуш чи жандаи. – Гап аз ганда мебарояд, шапуш аз ҷанда.

Гилем пиронс, лапиш нид. – Гилемро фурӯш, дар лабаш шин.

Гул хепи хантаипиш маст хаст. – Гул ба хандаи худаш маст аст.

Ғирек аносӣ, чи баланд ғиректуда нос. – Хокро гирифтӣ, аз хоктӯдаи баланд гир.

Ғов ани мени макша хаст. – Гов дар  деҳаи дигар гӯсола  аст.

Ғовк авов, макша чи ҷогаҳш ҷахчӣ. – Гов, ки омад, гӯсола аз ҷояш мехезад.

Дивол даруниса дивийот, векпораиса на. – Девор ба дарун афтад, ба берун не.

Диволи диволков вайрон кунчӣ, оп ҷарат ҷу. – Деворро деворков вайрон мекунад, об ҷару ҷӯйро.

Диволи муш аст, муши ғӯш. – Девор муш дорад, муш гӯш.

Дивол чи коваки вайрон вичӣ, одам чи воакӣ. – Девор аз кофтан вайрон мешавад, одам аз гуфтан.

Дирахт ӣйокаи сабз вичӣ. –Дарахт дар як ҷо сабз мешавад.

Дирахт ийокаи риша носчӣ. – Дарахт дар як ҷо реша мегирад.

Дузди ғови соҳибиш васта. – Дузд соҳиби говро бастааст.

Дук мирда замини напирахсчӣ. – Мӯҳраи сӯрох дар замин намемонад.

Ехи адеҳим, вафр акаф. – Яхро задам, барф кафид.

Зирек чӣ хепи рахш тир хорчӣ. –Кабк аз даҳони худаш тир мехӯрад.

Зоғак-зоғак хипарим авур, мушак-мушак шакарим авур. – Зоғак-зоғак хабарам овард, мушак-мушак шакарам овард.

Ийодами диварик адеҳӣ, диварт деҳошт. – Дари касеро задӣ, даратро мезананд.

Имети меҳмун гулғунчах, думеташ остинча, семеташ пушкунча. – Меҳмони якрӯза гулғунча, дурӯзааш остинча, серӯзааш пушкунча (сарпӯши гирдашакли латагини болои танӯр).

Инчаки ройак душаи лапиш хаст. –Гиряи зан дар нӯги остинаш аст.

Каллакара худипиш оп жавчӣ. – Кулол бо кулоҳаш об менӯшад.

Кали сари деҳташинт, воташ: сойабони сарим вӣ. – Ба сари кал задаанд, гуфтааст: «Соябони сарам шав».

Калотот чи ҷуғзи пурс, оботит чи булбул. – Вайрониҳоро аз чуғз пурс, ободиҳоро аз булбул.

Камбағал хуни сариш пул ҳисоб кунчӣ. – Камбағал дар хобаш пул ҳисоб мекунад.

Кулвори чи сарш чак дор, кунишк авес, чош куништ. – Кӯлворро аз сараш дор, ба тагаш, ки фуромад, чӣ кораш мекунӣ.

Май лакс, пай накун, май хвар, қай накун. – Чунон гард, пай накун, чунон хӯр, қай накун.

Макша каҳдон холӣ кунчӣ, пула кулӣ. – Гӯсола каҳдон холӣ мекунад, кӯдак ханба (дастурхон).

Манийи вота: ту чи рит, ман чи ситам. – Манманӣ гуфтааст: ту аз пеш, ман аз ақиб.

Мурғчуҷа очаиш дуни хварак йод туфорчӣ. –Мурғчӯҷа ба модараш донахӯриро ёд медиҳад.

На сих сухсот, на кабоб. – На сих сӯзад на кабоб.

Нес навот, ӣ ғурда авииш хорчӣ. – Бинӣ набошад, як чашм дигарашро мехӯрад.

Рубаи чи арқаш чак дорошт, инчаки чи диравш. – Рӯбоҳро аз пушташ медоранд, занро аз мӯяш.

Руба харакийипи вохурдӣ кунчӣ. – Рӯбоҳ бо харакӣ вомехӯрад.

Урки нум аносик, подаш раг хашчӣ. – Номи гургро, ки гирифтӣ, пояш раг мекашад.

Фарбеҳӣ вуз на, сутур сухойчӣ. – Фарбеҳиро буз не,  гӯсфанд мебардорад.

Фарбеҳӣ сутур ҳуч кунчӣ. – Фарбеҳиро гӯсфанд мебардорад.

Сад вочӣ, ӣ ност. – Сад мегӯяд, як мегирад.

Сад мети нам, ӣ мети ғам. – Сад рӯзи нам, як рӯзи ғам.

Сутур ӣ пашми таки науштчӣ. –Гӯсфанд дар зери як мӯй намеистад.

То рахи дахшонакиса, пода дахшон. – То даҳон дард кунондан, пойро дард кунон.

Хани оп вайрон кунчӣ, одами одам. – Ҷӯйро об вайрон мекунад, одамро одам.

Хар атир, виташ авар. – Хар рафт, ресмонашро бурд.

Хари чи ҷулиш бузоношт, одами чи зивокиш. – Харро аз ҷулаш мешиносанд, одамро аз забонаш.

Хокик вота акунӣ, чанкш нижчӣ. – Коҳро, ки бод додӣ, чангаш мебарояд.

Хокик вота акунӣ, шамол варчиш. – Коҳро, ки бод кардӣ, шамол мебарадаш.

Хуб мол бехиринна напирахсчӣ. – Моли хуб бехаридор намемонад.

Хутанна бе миш нах. – Осёб бемуш нест.

Хушруӣ хончаи сари намуношт. – Зебоиро болои дастурхон намегузоранд.

Чи мори мор вовчӣ, чи сутури сутур. – Аз мор мор меояд, аз гӯсфанд гӯсфанд.

Шер авур, адивар, руба ҷам акун.  – Шер овард, даровард, рӯбоҳ ҷамъ кард.

Таҳияи Раҷабалӣ Худоёров, номзади илмҳои филологӣ

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854