03:10:38 01-уми Июли 2025 сол

МАНСУР: "ДАР ИН ҲАФТ СОЛ ДУШАНБЕ ТОЗАТАРУ ЗЕБОТАР ШУДААСТ"

Мансур, овозхони эронитабори муқими Амрико, рӯзи 17 июл дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе консерт дошт. Ин дувумин барномаи ҳунарии Мансур Ҷаъфарӣ дар Тоҷикистон буд. Қаблан Мансур дар соли 2004 дар Душанбе як барномаи консертӣ иҷро карда буд ва аз он муддат ҳудуди ҳафт сол сипарӣ мешавад.

 /images/stories/2011/07/20_mansour_jafari_544.jpg

Рӯзе қабл аз консерти дувуми Мансур, ҳамкорамон Заринаи Хушвақт бо ӯ мусоҳибае анҷом дода ва нахуст аз вай пурсидааст, ки дар ҳафт соле, ки Душанберо надида буд, чи тағйироте дар ин шаҳр пайдо кардааст?

Мансур: Хушҳолам, ки фурсати дигар шуд ва дубора дар Тоҷикистони азиз ҳастам ва аз дидани ҷойҳое, ки қаблан дида будам, шод шудам, чун дар Душанбе хеле аз ин маконҳо тағйири назаррасе кардааст. Баъд аз ҳафт сол омадаму бо як Душанбеи нав, бо як Душанбеи бисёр тозаву зеботаре рӯбарӯ шудам, ки воқеъан хеле бароям шигифтангез буд.

Воқеъан табрик мегӯям ба мардуми азизи Тоҷикистон, ки ин ҳама пуштикор доранд ва ба давлати муҳтарами ин ҷо, ки ин қадар дилсӯзӣ карда, ба шаҳр расидагӣ кардаанд. Хушҳол шудам, ки омадем, то дар Кохи Борбад консерте барои форсизабонҳо иҷро кунем.

-Барои бори аввал, ки ба Тоҷикистон омада будӣ, дар толор шояд панҷоҳ дар сади тамошочиён Мансурро хуб медонистанд ва ними дигари тамошочиён барои он омода буданд, ки бубинанд, ки Мансур кист ва чи тур овозхонӣ мекунад? Вале ин бор фикр намекунӣ, ки дар Тоҷикистон ҳаводорони бештаре пайдо кардаӣ?

-Табиъист, ки тӯли ин ҳафт сол бархе аз азизон бо корҳои ман бештар ошно шуданд ва фикр мекунам ашхосе, ки тӯи толор буданд, ошноии бештаре бо корҳои ман доштанд ва худи маро мешинохтанд ва хотироти бештаре бо оҳангҳоям доштанд. Умедворам, ки он иддае ки бо ман ошноӣ надоштанд ва ба консерт омада буданд, таҷрубаи хубе дошта бошанд.

-Дар мавриди зиндагии хусусии Мансур дар Тоҷикистон мардум камтар иттилоъ доранд. Ман шунида будам, ки издивоҷ кардаӣ ва соҳиби ду писар ҳастӣ? Лутфан, бигӯ, ки фарзандонат чанд сол доранд?

уно ва Илоижо исми ду писари ман аст ва инҳо ҳафт моҳ доранд. Ҳануз забон боз накардаанд, ки садояшонро мутаваҷҷеҳ шавем. Вале барои падару модар садои бача, садои гиря ва хандаи ӯ воқеъан лазатбахштарин садост. Худоро сад мартаба шукр, хеле бо зиндагии худам розӣ ҳастам ва худоро шукр, ки ду бачаи солим дорам.

-Мансурҷон, лутфан бигӯ, ки дар консерти феълӣ дар Кохи Борбад чанд таронаи қаблиро иҷро кардӣ ва чанде аз онҳо ҷадид буданд?

-Дафъаи қабл, ки ин ҷо омада будем, хеле аз оҳангҳо, масалан "Дуне-дуне"-ро иҷро карда будам. Фикр мекунам, баъд аз пахши олбуми “Девуне”, ман ин ҷо омада будам ва аз ин рӯ, бархе аз оҳангҳои дигаре, ки иҷро карда будам, “Зиндаги чист?”, “Бари Бох” “Мехоҳам бароят бирақсам” буданд.

Оҳангҳое ки ахиран ҳам мунташир кардам, назири ”Надидӣ ту хобам”, "Мисоли ман ошиқ”, инҳо оҳангҳое буданд, ки тӯи ин чанд муддат, ки наомада будам, иҷро кардам ва барои ҳамин фурсате шуд, ки ба изофаи оҳангҳое мисли “Қарорамон ёдат наре”, “Фақат ба хотири ту” ва “Чашмон сиёҳ” тавонистам оҳангҳои ҷадидамро низ иҷро кунам.

-Ҳоло бисёре аз дӯстдорони мусиқӣ мунтазир ҳастанд, ки Мансур боз кай Тоҷикистон меояд? Ва медонӣ, ки ба ҷуз аз Душанбе, пойтахт, дар шаҳрҳои дигар низ ҳаводороне дорӣ ва онҳо низ шояд мунтазир ҳастанд, ки Мансур биравад ба он шаҳрҳо ва консерт иҷро кунад.

-Ҳатман! Хеле худам дӯст дорам! Ҳоло бо як гурӯҳи ҳирфаӣ аз хонуми Марҳабо, ки хеле заҳмат кашиданд, то ин барнома иҷро бишавад, муташаккирам, чун ин тими хеле хубест. Умедворам дар оянда низ бо ин гурӯҳ ҳамкорӣ кунам, бори дигар ба Тоҷикистон биёям ва дар шаҳрҳои дигар низ барнома иҷро кунам.

-Барномаҳои ояндаат чи хоҳанд буд?

-Қарор аст, ки 24 июл як барномаи консертӣ дар шаҳри Онтолиёи Туркия иҷро кунем ва дар моҳи Рамазон барномае нахоҳем дошт ва пас аз он барномаҳое дар назар гирифтаем.

-Дар миёни тамошочиёни консерти Душанбе бисёре аз меҳмонон аз Эрон буданд. Оё орзӯ дорӣ, ки дар Эрон низ консерте иҷро кунӣ?

-Ба назари ман, бояд шароит дуруст бошад, махусусан барои корҳои ҳунарӣ, ки бо осоишу бароҳатӣ ва бо имконоти кофӣ одам битавонад барнома иҷро кунад. Ман дӯст дорам то он ҷойе ки метавонам ба тамоми шаҳрҳое, ки мухотабоне дар он ҷо дорам ва азизоне, ки корҳои маро дӯст доранд, биравам ва аз наздик ламсашон кунам ва корҳоямро барояшон иҷро кунам.

Гарчанде дар Эрон мо барномае иҷро намекунем ва фурсат ҳануз пеш наомадааст, вале худоро шукр мекунам, ки шаҳрҳое мисли Душанбе ва дигар шаҳрҳо, монандаи Онтолиё ё Боку ё шаҳрҳои дигаре ҳастанд, ки ҳам форсизабонҳо дар он ҷо ҳастанд ва ҳам ҷаҳонгардон аз кишварҳои дигар, монанди Эрон, метавонанд биёянд ва барномаҳои ҳунарии моро бубинанд.

-Сипос барои мусоҳиба.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ