УБАЙДУЛЛОИ РАҶАБ: "СИЁСАТ ҒАЛИЗ АСТ..."
-Суоли нахуст ин аст, ки Убайдуллои Раҷаби писанди тамошобин ҳоло пушти парда чӣ ҳол дорад ва ба чӣ кор машғул аст?
-Убайдулло Раҷаб ҳеҷ вақт пушти парда набуд, ҳунарпеша ҳуқуқи пушти парда будан надорад. Ӯ бояд ҳама вақт пеши назари мардум бошад. Аз нигоҳи Шумо, ки агар ман пушти парда будам, ин барои омодагӣ барои пеши парда аст. Ба корҳои ташкилӣ, навиштан ва таҳияи барномаҳои васеи ҷашнии давлатӣ машғулам. Бо ҳунарпешагон ва иштирокчиёни зиёди барномаҳои ҷашнӣ бандем.
"ЭҶОДКОР ҲАМ САРБОЗ АСТ..."
-Кори худро дар таҳияи барномаҳои давлатӣ қонеъкунанда меҳисобед?
-На, на. Эҷодкор ҳам то андозае сарбоз аст. Ҳамаи ҳунари мо барои мардум аст. Ба вай чӣ вазифае диҳанд иҷро мекунад. Албатта, он коре кӣ мекунам маро қаноатманд намекунад, бояд, ки дар саҳна бошам. Он идеяҳоеро, ки дар дил дорам то ҳоло муваффақ нашудам, дар дил ва нақша аст, иншоллоҳ, мешавад. Аммо ҳоло, ки маро дар таҳияи барномаҳо вазифадор кардаанд, ҳаққи рад кардан надорам. Яъне имрӯз, ки ба ман эҳтиёҷ доранд, бояд ин корро кунам. Дар сӯҳбатҳои қаблӣ ба Шумо гуфтам, ки ба касбам хиёнат намекунам ва нахоҳам кард. Ҳатто дар вақти раиси Кумитаи радио ва телевизион будан нақш бозидаам.
-Гуфтед, ки дар таҳияи барномаҳои давлатӣ банд ҳастед, дар бандубаст ё худ таҳияи ин барномаҳо чӣ қадар маблағ сарф мешавад ва дар шароите, ки кишвар қарор дорад доир кардани чунин чорабиниҳои рақсу бозӣ ва даҳҳо сару либосҳои ранга зарурат дорад?
-Дақиқ намедонам, ки чӣ қадар маблағ сарф мешавад. Он чизе, ки роҳбарият ва мо ҳам кӯшиш мекунем, маблағҳо кам сарф шавад. Он маблағҳое, ки шаҳрдорӣ дар чунин барномаҳо сарф мекунад ночиз аст. Шаҳрдор ҳам мегӯяд, ки дар ҳоле мо мушкили роҳҳо дорем, хонаҳои зисти мардумро вайрон кардем, мо ҳаққи масрафкорӣ надорем.
Ҳастанд нафароне, ки бо ташаббуси худ маблағ мегузаронанд ва мехоҳанд, ки чунин чорабиниҳо бояд, ки доир гардад. Дастурҳо ҳам шудааст, ки шумораи иштирокчиён кам бошад ва чорабиниҳо бо сарфакорӣ доир шаванд. Донишҷӯён бо ғизои субҳона ҳам таъмин мешаванд. Дуруст мегӯед, ки вақте дар ҷомеа даҳҳо мушкил аст, мо ҳаққи сарфаи зиёдатиро надорем. Инро шаҳрдорӣ ҳам ҳамеша такрор мекунад.
"МАН АСОСГУЗОРИ ТЕАТРИ ҲАҶВӢ НЕСТАМ"
-Агар гӯем, ки Шумо ба театри ҳаҷвӣ асос гузоштаед, иштибоҳ намекунем, вале тайи ду даҳсола аст, ки дигар дар ин саҳна нестед, барои чӣ? Қасди бозгашт доред? Мушкил дар чӣ аст ва «Ойина» дар чӣ аҳвол аст?
-Не, ман худро асосгузори театри ҳаҷвӣ намедонам. Ман ҳама вақт кӯшиши баргаштан дорам. Идея ҳам дорем, дар папка чандин барномаи ҳунарӣ ҳам дорем, аммо шароит даст намедиҳад. Ҳар соле, ки мо нақшаи таҳияи намоиш ё худ болои саҳна баромадан мекунем, ба ин ё он барномаи давлатӣ машғул мешавем. Масалан агар, мо Наврӯзро гузарондем, бояд, ки ба ҷашни Ваҳдат омодагӣ гирем, баъд аз он ҷашни Истиқлолият ва Соли нав. Шояд имсол нашуд, соли дигар бо як барномаи хос рӯйи саҳна меоем, ин ваъдаи қатъӣ ман аст. Рости гап вақте дар роҳу бозор бо тамошобин рӯбарӯ мешавам, мегӯянд, ки чаро ваъдаҳоеро, ки дар радио телевизион ва матбуот медиҳед, иҷро намекунед?
Мегӯям, ки ростӣ, мо сарбоз ҳастем, ҳарчӣ гӯянд иҷро кунем. Мо ҳам фарзанди ҳамин хоку бум ҳастем. Вақте моро даъват мекунанд, не гуфта наметавонем, зеро нонхӯрӣ ҳамин ватану миллат ҳастем. Мегӯем, ки ҳоло инҳо муҳим ҳастанд, ба хотире, ки фардо рӯйи саҳна бароем. Аммо, ин маънои онро надорад ки ҳоло мо театр надорем ва фаъолият намекунем. Театри намунавии минётурии «Ойина» дар назди ҳукумати шаҳри Душанбе аст, фаъолият дорад.
"ҚОЛАБӢ ШУДАН ДУШМАНИ ҲУНАРПЕША АСТ"
-Назаратон ба гурӯҳҳои ҷадиде мисли «Ғарибшо компания», «Хандинкамон» ва дигарон чӣ аст? Шумо ба ҳаҷви инҳо механдед? Дар солҳо 90-ум дар телевизиони Тоҷикистон як барномаи бисёр ҷолиби мулоқоти шумо бо ҳаводоронатон пахш шуда буд дар саҳна бо ҳарфҳои калон «У Р Ш Б Ш Д М» ва инро тамошобинон ба таври худ шарҳ медоданд. Ҳоло агар худатон ин ҳарфҳоро шарҳ диҳед чӣ метавонед бигӯед?
-Ҷавоб ба қисмати дуввуми суол ин аст, ки "У Р Ш Б Ш Д М" ба ин маъно буд, ки тамошобина хоб набарад, баробари мо дар андеша набошад ва дар қатори мо бедор бошанд, яъне майна доим кор кунад. Он ягон душворӣ надошт ва «Убайдулло Раҷаб Шуморо ба шабнишинӣ даъват мекунад»- ин идеяи режиссёри барнома буд. Чандин рафиқон ва нафарони дур ҳам, тамошобинҳо маънои ин калимаҳоро ёфта буданд ва мо аз онҳо то ҳоло қарздорем, ки бояд ба намоишнома ройгон медаромаданд.
Қисмати аввали савол, рости гап, аз будани онҳо интиқоде надорам. Салиқа ва фаҳмиши онҳо ҳамон қадар аст. Холигие, ки шумо гуфтед онҳо то андозаеро онро пур мекунанд. Бигузор, сатҳи тамошобин заъиф бошад, ба ҳар ҳол онҳо ҳам бинанда ҳастанд. Он намоишномаҳо ё саҳнаҳои фалсафие, ки мо месозем, шояд онҳо қабул надоранд. Вале ин ҷо як нозукӣ аст. Тамошобинро бо як чиз одат кунондан мумкин нест, бигузор, намоишнома моҳияти психологӣ, ҳаҷв, фаслсафа дошта бошад. Чун баъди тамошо тамошобин ба хона меравад, бардошташ аз маънои саҳна дигар мешавад, боз дар назди фарзандон механдад ва боз хоб мекунад ба андеша меравад, ки ин саҳна чӣ рамзе дошт.
Майнаро таҳрик медиҳад. Боз як паҳлуи дигарашро дарк мекунад, механдад ва мегӯяд, ки фалсафааш ин будааст. Яъне муаммо дошта бошад. Мо ҳар рӯз агар ош хӯрем, дар диламон мезанад. Бигузор, инҳо ҳам бошанд аз он, ки ман ҷуръат надорам, бигузор, онҳо кунанд. Ростӣ гап онҳо ҳам бо мо буданд, маоши ночиз мегирифтанд ва рафтанд барои пайдо кардани қути лоямут. Онҳо маърака мераванд, дар телевизион баромад мекунанд, фарзандор ҳастанд онҳоро хӯрондану пӯшондан даркор. Ба назди мо меоянд, мегӯянд, ки устод сатҳамон паст аст, аммо илоҷ надорем...
Саррежиссёри Театри академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Аслӣ Бадриддинов, ҳунармандон София Туйбоева, Муҳаммадҷон Қорсимов ва дигарон устодони мо буданд ва ман то ҳол устод дорам. Ҳар як ҳарф ва дарси онҳоро фаромӯш накардам. Намегӯям, ки ягона будам, актёрони намуна ҳам буданд, аммо ҳунарам ва симоям дар ёди тамошобин мондааст. Вале, ибораи қоил шудан ё худ тан додан набуд, чун замона ва психология дигар шуд. Имрӯз вақте мебинам ва медонам дар тарозу мекашем, баъд ба қадри онрӯз ва нақшҳо мерасем ва мерасанд. Мо, хушбахтона, устод доштем.
Тамошобинро хандондан ҳунар нест, ҳар кас хандонидан метавонад. Шахсони одӣ, ки на устод доранд ва на мактаб хондаанд, баъзе чизҳое, ки нақл мекунанд, ки то дер дар ёдат мемонад. Ман шарм медорам, мегӯям, ки ана мактаб дар куҷо будааст? Вазифаи актёр ин аст, ки дар ҳар як намоиш симои нав офарад. Шояд камбудии дӯстони ҳунарпешаи ман шояд, ҳамин бошад. Онҳо қолабӣ шудаанд ва душмани асосии ҳунарпеша ё актёр ҳамин қолабӣ будан аст. Мисли нависанда, ки як чизро навиштан гирифт, аллакай қабул намешавад. Дар ҳунар тақлидкорӣ, аз рӯи ҳамдигар рӯбардор кардан зиёни азим аст. Бояд, ки ҳар яке аз инҳо дар гулистон як гули нотакрор бошанд.
"ҲУНАР ФИТРӢ АСТ, НА ТАҚЛИДӢ"
-Фарзандон роҳи падаро интихоб кардаанд?
-Не, ман муқобил баромадам, аксарияти онҳо кӯшиш карданд. Ин роҳи душвор аст, ман нахостам. Нахостам, ки онҳо аз нақш ва шахсияти ман истифода кунанд. Ҳунар ва истеъдод чизи фитрӣ аст, на тақлидӣ ва касби падарӣ. Мисле, ки на ҳар кас маҳорати хабарнигориро дорад ва бо шахсиятҳои гуногун рӯ ба рӯ шуданро ва сӯҳбат карданро ку?
-Аммо, Шаҳзод чӣ, вай кам ҳам бошад дар саҳна ва филмҳо бо шумо буд?
-Оре, Шаҳзод, як писарам, ба ҳамин роҳ рафт, хатмкардаи Донишкадаи кинорежиссёрии Санкт-Петербург ва филми «Чарх» кори дипломии ӯ аст. Филм бо душвориҳо ба навор гирифта шуд ва хайрият ду-се нафар кӯмак карданд. Духтарам иқтисодчӣ аст ва ҳоло ба тарбияи фарзандон машғул аст. Писари калонӣ ба тиҷорат машғул аст, писари дигарам дар яке аз корхонаҳо кор мекунад ва ҳамсарам омӯзгор буданд, ҳоло дар нафақа ба тарбияи набераҳо ва ман машғул аст...
«АЗ ОБАМА ПУРСЕД, АНИҚ НАМЕДОНАД, КИ СИЁСАТ ЧӢ АСТ»
-Шумо 4 сол ҳам буд дар саҳнаи сиёсат будед, раиси Кумитаи телевизион ва радио, аъзои ҳукумат ва роҳбари дастгоҳи таблиғотии ҳукумат. Сиёсатро чӣ хел ёфтед, дарк кардед ва он чӣ будааст?
-Воҳ, воҳ, воҳ, гумон мекунам, ки ба ин савол ҳеҷ кас пурра ҷавоб дода наметавонад. Президенти Амрико Борак Ҳусейн Обамаро ҳам ин савол диҳед, пурра ҷавоб дода наметаванад. Сиёсат як чизи ғализ аст, аслан ман намегӯям, ки кори ман нест. Мисол биёрем, Навоиро гирем, Рейганро, ман худамро ба онҳо баробар намекунам, як актёри оддӣ шояд будам. Барои сиёсати ҷомеа шояд даркор буд, ин чиз. Дар сиёсат вақте даркорӣ, зарур медонанд, аммо нозарур шудӣ,
дигар даркор нестӣ. Ҳар коре, ки даркор буд, кардам, аммо нисбати зердастон одамгариро аз даст надодаам. Вақте ба онҳо устод гуфта сӯҳбат мекардам ё муроҷиат, ақлашон намегирифт. Вале онҳоро аз рӯи эҳтиром устод мегуфтам, кори эҷодӣ ҳам буд.
УБАЙДУЛЛО РАҶАБ ҲИЗБӢ НЕСТ
-Атрофиёни Шумо дар замони раҳбариятон мегӯянд, ки замони раиси Кумита будан, Убайдулло Раҷабро ба аъзогии ҲХДТ ҷалб карда буданд?
-Не, ман аъзои ягон ҳизб набудам ва намешавам.
-Дар интихоботҳо иштирок мекунед ва агар махфӣ набошад ба тарафдории кадом ҳизб раъй медиҳед, албатта ҳизбе, ки раисаш калон (ибораи маъмул байни вазирон ва мансбдорони сатҳи боло-Президент) аст?
-Иштирок мекунам, намедонам, чандто ҳизб аст. Аммо, ба ҳизбе, ки президент роҳбараш аст, овоз медиҳам.
- Қаблӣ
- Баъдӣ >>