УБАЙДУЛЛОИ РАҶАБ: "СИЁСАТ ҒАЛИЗ АСТ..."
«МАРО ДАР МАСКАВ БО НОМИ "БОБОИ ҒАФФОР" САДО МЕКУНАНД»
-Гуфта мешавад Убайдулло Раҷаб бозор намеравад ва кам дар байни мардум пайдо мешавад, аз тамошобин мегурезад. Дуруст аст?
-Мутлақо дурӯғ аст. Ман дар замони раиси кумита будан, бозор мерафтам. Ман пеш аз ҳама ҳунармандам, ниҳод ва вуҷуди ман ҳамон аст, тағийр накардаам. Баъзеҳо мегӯянд, ки раиси Кумита буд, ҳамон хел монд. Хайр дар замони раисӣ асабӣ меомадам, талабот зиёд буд, он замон давраи вазнин буд. Камера ва нақлиёт намерасид… Ҳоло реклама баромадааст. Он вақт реклама намемонданд, ҷуръат намекарданд. Ҳарчанд, ки пешниҳодҳо барои реклама буданд. Ҳоло реклама пахш мешаванд ва аз ин роҳ маблағҳои калон пайдо шуданд. Ҳозир кор хеле ба низом даромадааст. Аммо бозорро хеле дӯст медорам, на ба хотири савдо кардан. Балки, бо мардум сӯҳбат кардан ба онҳо мегӯям, ки ин моли худатон аст ё дуздида овардед ё аз дасти деҳқони бечора 1 сӯм ё 50 дирам харида, чаҳор баробар мефурӯшӣ?
Бо онҳо шӯхӣ мекунам. Ҳозир ҳам бозор меравам, барои хона харид мекунам. Бозор ин сарчашмаи илҳоми ман аст, ҳар чизе, ки мегирам аз бозор мегирам. Ҳарчанд айнак мемонам, либосама дигар мекунам, ба сарам чизе мекашам, шляпаи калон мегузорам, ҳамон замон мешиносанд. Садоҳо баланд мешаванд, «амамӣ», «Санам, гӯсфандҳо дар дасти ман...» , «Санам», «Бобои Ғаффор хобат бурдааст». Ҳатто дар Москав рафтам ҳамин аҳвол, дар меҳмонхонааш ҳам. Яъне ин чизҳое аст, ки ман одат кардам, аслан ҳунармандро бояд, ки мардум шиносад. Агар маро бо номи қаҳрамонҳоям нашиносанд, нагӯянд зиқ мешавам. Дуруст вақте ин қадар маҳбубият ва меҳр аст, ман низ азоб мекашам ва Шумо дуо кунед, ки ман ба саҳна баргардам.
"ДАРУНИ МАН ТУҒЁН ДОРАД"
-Табиист, ки вақте ҳунар собиқа, таҷриба ва истеъдод аст, хумор ҳам аст. Хумори саҳна ва ҳунар гирад, чӣ хел мешиканед, ҷойи хилват меҷӯед, мутолиа мекунед ё танҳоиро..?
-Мехонам, аммо ҳоло камтар, зеро машғули кори дигар ҳастам, агар ки хонам, ҳушам пайи он меравад. Саҳна месозем бо мардуми бисёр, оҳангсозон, устодони рақс, бо шоирон кор мекунем дар студияҳо, таҳияи дискҳо, умуман кор бисёр... Рӯзона ин корҳо намемонад, ки ғамгин шавам. Аммо, вақте бегоҳ хона меравам, хеле-хеле хаста меравам, зеро он кореро, ки бояд кунам, накардам. Мисле ки ҷаллод рӯзе агар касеро қурбон накунад, чӣ аҳвол дорад. Вайро хоб мебарад ё не, вай бояд, ки нафареро аз ин дунё бардорад. Вале мо мардумро дилшод мекунем, фикр мекунед, ки ман азоби рӯҳӣ намекашам. Ҳазор бор мекашам. Вақте дар бозор меравам, мардум ба ман мегӯянд, ки чаро дар телевизион Шуморо нишон намедиҳанд ё намоиши нав нишон намедиҳед, шухӣ мекунам, ки Шумо кай вақт меёбед, ки маро тамошо кунед. Шаб ба ҳисоб кардани зарар ва фоида машғулед? Лек даруни ман тӯғён дорад.
УБАЙДУЛЛО РАҶАБ АЗ МӮҲТАВОИ БАРНОМАҲОИ ТЕЛЕВИЗИОН ЧИЗЕ НАМЕГӮЯД
-Назари Шумо дар бораи мӯҳтавои барномаҳои телевизион?
-Чизе намегӯям, агар гӯям, мегӯянд, ки вақте раис буданат чӣ кор кардӣ, ки ҳоло мегӯӣ? Инро ба тамошобин ҳавола мекунам. Аммо як чизро мехоҳам бигӯям. Ҳамин демократия коре кард, ки ҷойи ҳаҷв, танқид ва саҳнаро ҳам то ҷое гирифт. Яъне ба он дараҷа мардум озод шуд, гапашро фошофош мегӯяд, ки ягон нависанда ё актёр саҳнаи ҳавҷӣ навишта наметавонад. Дар замони шӯравӣ ба ҳар ҳол маҳкам буд, бо заҳрханда бо тамсил ишора карда мегуфтем. Ҳозир гап занӣ ё ҳаҷв кунӣ, тамошобин ё мардум мегӯянд, ки инҳо чӣ мегӯянд, инро ҳам бе инҳо мегӯем ва медонем. Замона дигар шудааст, метавонанд дар рӯзномаҳо камбудии ҳар як шахсият ва ниҳодро гӯянд. Агар мо гӯем, ки соҳаи ҳаҷв дар мо мушкил аст, дар Русия ҳам ҳамин хел аст. Ман ба наздикӣ аз он ҷо омадам. Мавзӯъро агар болои саҳна барорем, мардум қабул намекунад, чунки ин ҳамаро мардум медонад. Яъне ба ҳар ҳол демократия кори худро кардааст.
-Яъне демократия ҳам ҷойи ҳаҷв ва саҳнаро пур кард?
-Бале, чунки мавзӯъҳо озод аст ва чизе паси парда намондааст, ки мо ба тамошобин расонему гӯем, ки ин гапи нав буд ва ҳаҷвӣ. Кадом масъаларо танқид кунем. Инро гӯем, ки роҳ сохта наметавонем, хитоиҳоро даъват мекунем. Инро гуфта мешавад, не?..
-Хурд будам, аммо дар ёдам аст, ки дар телевизион пораеро аз намоишномаи саҳнавии «Зани оҳанин» дар коргардонии Соҷида Ғуломова намоиш медоданд ва ҳангоми иҷрои нақш, хонум Шуморо борҳо мегардонад ва ҳаракат ва баёни Шуморо ислоҳ мекард ё идея медод. Яъне то ҷойе нақши режисёр ҳам дар таҳияи саҳна олӣ аст, шояд ҳоло Соҷида баринҳо режиссёрони ҳирфаӣ ва наздик ба завқу ва диди саҳна ва мардум намерасад?
-Бале, саҳми режисёр ҳам дар таҳияи намоишномаи саҳнавӣ хеле олӣ аст. Соҷида Ғуломова, актрисаи театри Камоли Хуҷандии Суғд буданд. Ва баъд ба Душанбе омаданд, онҳо авлодан ҳама ҳунарманд ҳастанд. Фотима Ғуломова, Исфандиёр Ғуломов. Гап дар бораи мактаб ва дӯст доштани касб меравад. Хонум Соҷида режиссёр набуданд, асосан актриса буданд, аммо вақте ба Душанбе омаданад, дар телевизион режиссёр шуданд. Ҳақ доранд, ки ба саҳна гузоранд. Ҳамаи мавзӯъҳои интихобкардаи онҳо то имрӯз ҳастанд, аксарияташ аз байн рафтанд, аммо дар бойгонии ман буданд.Аммо, вақте омаданд, фишор оварданд. Гуфтам, майлаш додам. Ҳамаи он саҳнаҳоро Соҷида Ғуломова ба саҳна гузоштааст. Аз қабили «Зани оҳананин», «Садо аз тобут», «Саҳнаи эҷодкор», ҳамин се спектаклро бозӣ кардам ва аз руйи ҳамин се намоишномаи Соҷида барандаи ҷоизаи давлатии Рудакӣ шудам.
-Хонум Соҷида чӣ, то ҷойе иттилоъ дорам барандаи ягон ҷоиза нест ва нашуд?
-Аммо, хонум Соҷида ягон ҷоиза надоранд. Дар давраи раиси Кумита буданам кӯшиш буд барои хидматҳои ӯ ва ҳунараш, вале... не нашуд… намешавад.
«МАН СИЁСАТИ РӮҲШИКАН НАДОШТАМ»
-Мегӯянд, ки Убайдулло Раҷаб вақте раис шуд, мисли мансабдорон дигар ваҷоҳат, чеҳра ва забонаш дигар шуд. Табаассум аз ӯ дур шуд ва чеҳра ва нигоҳаш рӯҳшикан буд, атрофиён вақте ӯро медиданд, роҳи гурез меҷустанд?
-Не. Не, не. Ин хел набуд, рӯзҳои аввали кор азбаски раиси пешина ҷӯраи ман буд, 40 рӯз ба утоқи кории ӯ надаромадам. Баъд бо рафиқон маслиҳат кардем, ки рӯҳи эшон нороҳат нашавад ва рӯҳашон розӣ бошад, ба утоқи корӣ даромадам. Ҳеҷ кас пеши ӯ барои ҳалли кор намеомад. Худам дар берун ба ҷӯраҳо мегуфтам, ки биёед, агар мушкиле дошта бошед, ҳал кунам. То андозае ман дарди мардумро мефаҳмам.
-Ногуфта аз рӯйи дидан ҳам?
-Бале, бо дидан. Вай ногуфта, ман мегуфтам, ки масъала ҳалшаванда аст. Ё мегуфтам, ки эҳтиёт бошед, ки ҳамаи Шумо аз сарояндаҳо пул мегиред ва мегӯед, ки ин бо супориши раис аст. Яъне сарояндаҳо вақте баромад мекарданд ё худашон маблағ медоданд. Ман мегуфтам, ки он пул ба ман ҳаром аст. Мегуфтам, ки медонам, ки аз сарояндаҳо пул мегиранд, зиндагӣ душвор аст, аммо аз номи ман нагӯед, ки супориши ман аст. Намоишҳоро медидам намоишҳоро таҳлил мекардем. Оператора мегуфтам, ки тарзи корат нодуруст аст, режиссёрро ҳам мегуфтам. Сахтгир будам, шояд ҳамин чиз буд, ки аз ман мегурехтанд. Ман наметавонистам бо ҳама сӯҳбат ё табассум кунам. Ман боварӣ надорам, ки раиси ҳозира ҳамаи кораш аз ханда иборат бошад. Ман медонам, он ҷо чӣ гап аст. Он ҷо иделогияи ҳукумат аст, ман камбудиҳои зиёд доштам, аммо бо як супориш кор буд намешавад, корҳои дигар ҳам аст.
«МАН САРВАТМАНД НАШУДАМ ВА НЕСТАМ»
-Ҳар касе дар Тоҷикистон мансаб гирифт, зуд сарватманд, соҳиби чандин манзилу мошини шахсию ҳамсар мешавад. Замони раиси кумита будани Шуморо ҳам ба сарватмандии Шумо нисбат медиҳанд, рост аст ва чӣ доред?
-Не, не… ҳақиқат надорад. Ин гапро ман ҳам шунидаам, ҳатто дар ҳамон сомонаи шумо ҳам навиштаанд, ки гуё яке аз сарватмандтаринҳои Тоҷикистон бошам, ҳатто дар ҷойи 36-ум. Ин овозаҳо ба ман бегона аст, шояд ба хотири паст задани номи ман бошад. Хоҳед нахоҳед, вақте раиси кумита бошед, бо президент наздикед, вай супориш медиҳад, иҷро мекунед. Ҳаминро ҳам гуфтанд, ки нафари наздики президент бошам. Сарвати ман ҳамин ҳафтуним миллион аҳолии кишвар аст, корхона ва тиҷорат надорам. Як писарам бо ду диплом, тиҷорат дорад агар ҷое дӯкон дошта бошад, хайр. Гоҳ-гоҳе моро кӯмак мекунад. Боз бародарҳо ҳастанд.
-Маош чанд аст?
-Аз ҷойи кор 500 сомонӣ, роҳбари бадеӣ ва актёри дараҷаи олӣ. Аз якеаш 100 дарсад ва дигараш 50 дарсад маош мегирам. Дубляж ҳам намеравам, зеро садоҳое маро тасодуфӣ медиҳанд, ки писанд нест. Мехоҳам, ки қаҳрамонҳои ман хоси садо ва ҳунари ман бошанд.
ЯК САҲНА...
-Шумо як саҳна доштед, дар он раиси кумитае будеду берун аз дурбин аз мушкилот ҳарф мезадед, аммо дар назди камера аз ақли расову донишҳои кофии вакилони онвақта, ки ин воқеяти замон буд. Ин саҳна чӣ гуна тавлид шуд?
-Ин солҳои навадум буд, ин идеяи худамон бо режиссёр. Дар байни зиёиён таъсири калон гузошт, бархеҳо гуфтанд, ки ин саҳна боиси майдонрезиҳо шуд. Яъне, айба кӣ кунад, майит. Ҳатто дар сессияҳо ҳам гуфтанд, ки сабаби майдонҳо ин навор буд. Нависандаи ин намоишномаро аз кор пеш карданд. Як ҷавони боғайрат буд. Тарҳаш ин буд, ки вақте камера меояд бояд гӯям, ки аз ҳама депутатҳои хомӯш депутатҳои мо аст, барои инҳо ҳайкал гузоштан мумкин роҳҳоямон ифлос, плани пахта 100 фоиз иҷро аст, аммо барои майит кафан-сон намеёбем, либоси пахтагӣ намеёбем, барои ангуштамонро бастан бинт-дока надорем, ҳатто барои арӯсон простин намеёбем... ва ҳоказо.
Журналист мегӯяд, ки ана, хуб, мо камераро тайёр мекунем Шумо аз байни мардум меоеду ин гапҳоро мегӯед. Баъд ман меояму камераро мебинаму мегӯям, ки барои вакилони мо ҳайкал бояд гузошт, ки онҳо ин қадар ақли расо, дониши бузург доранд, пахтаи мо роҳи дӯстӣ шудааст, ки дар Чехославакия аз он маҳсулоти фаровон истеҳсол мекунанд ва мардум истифода мекунад ва ташаккур мегӯему меравем, ин шӯхӣ буд. Вақте онро дар телевизион дидам, гуфтам, воҳ, ин ё сари маро мехӯрад ё сари каси дигарро. Азбаски ман иҷрокунанда будам, гапи кам шунидам. Аммо режиссёрро аз кор пеш карданд.
-Номаш чи буд?
-Намегӯям, …..баъд мегӯям.
-Сензураи шӯравӣ чӣ хел буд, ки гузашт ё сензура набуд?
-Сензура инро надид, гузарониданд. Аз шӯъбаи адабӣ гузашт. Як чизҳои ҷолиб буд. Вақте дар Қалъаи Малики Файзобод дар як барнома иштирок доштам, он ҷо, домулло Калонзода, қозикалони ҷумуҳурӣ буданд. Домулло Калонзода ҳоло дар Хуҷанд ҳастанд, дар мавзӯи баргузор кардани тӯйҳо сухан кард. Он ҷо аҳли зиё, адаб ва сиёсатмадорони давр ҳам буданд ва суханронӣ карданд. Суханрониҳои Калонзода сад дараҷа аз шахсони сиёсӣ ва аҳли адабӣ он замон баланд буд. Он вақт шӯравӣ бо дин мубориза мебурд.
Мардум аз мӯҳтавои сӯҳбати қозикалон, хулоса баровард, ки қозии аз нигоҳи сиёсати давр домуллои бесавод чӣ хел гап мезанад ва хатмкардаҳои мактаби ҳизбӣ чӣ хел? Вақте ин тариқи телевизион пахш шуд ва мардум тамошо карда муқоиса карданд. Домулло сӯҳбати аҷоиб кард ва боиси истиқболи мардум шуд. Тариқи телевизион пурра рафт. Он вақт ман дар театр кор мекардам. Ҳамаи кормандони телевизионро огоҳӣ доданд, иддаеро аз аз кор ронданд. Он вақт Иноят Насриддин сармуҳаррир буд ва ӯро аз вазифа холӣ карданд.
«ИНРО НИСБАТИ МАН ТАШКИЛ КАРДАНД...»
-Вақте Шуморо аз вазифаи раиси Кумита барканор карданд овозаҳо хеле зиёд буд ва бовар дорам, ки Шумо ҳам шунидаед. Ин барои як нафар ҳунарпешаи асил ва маҳбуби мардум шигифтангез аст, бо вуҷуди ин мардум Шуморо то ҳол дар саҳна дидан мехоҳанд. Аммо ин овозаҳо то куҷо воқеият доштанд?
-Ташаккур, баъди шунидани ин овозаҳо бемории неврит шудам, як моҳ дар табобатхона хоб будам. Аввал хостам, ки аз ҳамаи ин корҳо дур бошам. Танҳо будам, лек дар танҳоӣ ин овозаҳо маро пахш мекард. Баъд ба шаҳр омадам, хонавода, ҳамсояҳо ва ҳар кас ҳамин саволи Шуморо медод, ки чаро ин хел шуд, оё рост аст..? Мегуфтам, ки хайр инсон ҳастем, бе хато набудем, аммо ин овозаҳо асос надоранд. Табобат кардам, ба худ омадам. Медонам, ки ҳадаф чӣ буд, кори кӣ буд, кӣ кард. Хайр карданд, муваффак шуданд. Дар ин чизҳо ман беҳунарам. Ҳар чизе, ки мегӯянд, мисол як нафарро сад доллар дар дасташ медиҳанд, мегӯянд ки ҳамин гапро мегӯӣ, агар намегӯӣ мемурӣ... Ё дигару дигарашро мегӯянд. Аз тарси ҷон...
-Дар ҳаводиси ҷанги шаҳрвандӣ гуреза будед ё дар банди силоҳбадастон науфтодед чун онҳо ҳар нафар зиёӣ ва ситораҳоро меёфтанд, курбонӣ мекарданд?
-Гуреза нашудам, дар Душанбе мондам, боре хато накунам 7-8 нафар барои сар аз тан ҷудо кардани ман ҳатто ба хона омаданд. Бо зиёфат қабул кардам, онҳо ҳам дар ин бора гап накушода, баромада рафтанд.
-Пас оё дар майдонҳо будед ё шоҳиди ҳаводиси ин ду майдони пойтахт?
-Бале, дар ҳар ду майдон будам, гӯш мекардам, ки ин мардум чӣ мегӯянд. Аз кор мебаромадам ба назди майдони "Озодӣ" мегузаштам, роҳам аз он ҷо буд. Вақти ба тарафи хона омадан, роҳам аз назди майдони «Шаҳидон» мегузашт. Дар майдони Ленин маро ба минбар бароварданд, гуфтанд ки ягон чӣ гӯй хушҳол шавем, хайр сӯҳбат мекардам. Танҳо анекдот нақл мекардам, мардум гӯш мекард, қарсак мезад. Мегуфтам, ки Шумо хонаву дар надоред, зану фарзандони Шуморо, кӣ нигоҳ мекунад, охир заминро кӣ кор мекунад. Охир вайро кор накунӣ, ҳосилхез намешавад. Ба ҳайкали Ленин менигаристам, мегуфтам, ки ин ҳайкал оянда надорад.
Ҳарамгули Қодир, «Озодӣ»- << Қаблӣ
- Баъдӣ