02:49:02 01-уми Июни 2025 сол

Б.АБДУРАЗЗОҚОВ: "ТЕАТР РИСОЛАТАШРО ГУМ КАРДААСТ"

Мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Барзу Абдураззоқов-коргардони шинохтаи тоҷик.

Барзу Абдураззоқов-коргардони маъруфи тоҷик 52 сол дорад. Дар хонаводаи аҳли ҳунар ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов ва Фотима Ғуломова  ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна ба факултаи режиссёрии Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо  Турсунзода дохил ва соли 1980 онро ба анҷом мерасонад. Сипас таҳсилро дар Донишкадаи давлатии ҳунарҳои театрии  ба номи Луначарскии шаҳри Маскав идома медиҳад.

/images/stories/2011/08/10_barzu-abdurazzok_10.8.2011.jpgДар ҷараёни омӯзиш дар Маскав  бо даъвати вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар соли 1985  дар театри мусиқӣ- мазҳакавии шаҳри Қӯрғонтеппа барои аввалин бор аз рӯи асари «Зоғ»-и Карло Готсе бо номи «Сафед, сурх ва сиёҳ» намоишномаеро ба саҳна мегузорад. Чанд муддат дар театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият мекунад. Баъдтар бо коргардони дигари тоҷик Валерий Аҳадов дар шаҳри Душанбе театри «Нимҷазира»-ро ташкил медиҳад. Аммо бо шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ кори ин театр бо гузоштани ду намоиш қатъ мешавад.

Вале тӯли ин ҳама солҳо Барзу Абдураззоқов ба унвони як коргардони маъруф ва чирадаст на танҳо дар Тоҷикистон, балки хориҷ аз он низ эътироф  мешавад. 54 намоишномаи ӯ дар саҳнаҳои театри Русия, Олмон, Фаронса, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон Узбакистон ва чандин кишвари дигар пешкаши тамошобин шуда ва худи ӯ барандаи даҳҳо шоҳҷоиза ва ҷавоизи асосии ҷашнвораҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ мешавад. Беҳтарин намоишномаҳои ӯ дар саҳнаи театрҳои тоҷик «Девонагӣ. Соли 1993», «Найрангҳои Абдуи Хуҷандӣ», « Шабпарак  хоб дид», «Чор дареш», «Антигона», «Оттелло», «Ҳайвонотхонаи шишагӣ» -анд, ки  бо истиқболи гарми тамошобин рӯбарӯ шудаанд. Барзу соҳиби ду писар ва як духтар аст.

-Фикр мекунед нақши театр ва ҳузури он дар ҷомеаи Тоҷикистон то чӣ ҳадд эҳсос мешавад?

-На, эҳсос намешавад. Чун театр як чизи зинда аст ва дар он одамони зинда кор мекунанд. Ин одамони зинда чун хона мераванд чароғ надоранд, маош надоранд ва дардҳои зиёде доранд, ки қариб ҳар як шахс дар Тоҷикистон низ онҳоро дорад. Имрӯз мавқеи аслии театр, ҷойгоҳи он гум шуда аст, ҳамчунон ки мавқеи адабиёт. Бубинед ҳоло дар Тоҷикистон қариб, ки ҳеҷ кас ба китобхона намеравад. Ҳатто газета намехонанд.

Аммо як ба Бишкек нигоҳ кунед, ки дар қашшоқӣ аз мо камтар нест. Қариб 10 мағозаи олиҷаноби фурӯши китоб дорад. Дар Душанбе чӣ? Ҷойи китобфурӯшӣ дӯконҳои хурду гузаргоҳҳо шудааст. Имрӯз театр рисолати худашро гум кард, чун дигар гапи гуфтанӣ ҳам надорад: -ё дурӯғ мегӯяд  ва ё таъриф мекунад. Театр бояд мавқеи худашро дошта бошад, зеро он макон ва ҷойи  эҷоду эҷодкор, ақлу фикр, муқоиса, мушоҳида ва мутолиа аст. Адами мавқеъ дар ин синну соли мо фикр мекунам як кори хеле аблаҳона аст. Театре, ки аз тарс, аз беҷуръатӣ кор намекунад ва ё аслан ҳарфи мегуфта надорад, он театр нест.

ТАРСИ ТЕАТР АЗ ЧИСТ?

-Театр аз чӣ метарсад?

-Театр вобастаи ҳукумат аст. Буҷеташ аз ҳукумат аст ва ҳарчи, ки мекунад пайваст бо вазорати фарҳангу молияву ҳукумат аст. Ғайр аз ин драмматургия нест. Дар кори мо ҳама чиз аз драмматургия маншаъ мегирад. Имрӯз ҳам фарҳанги театр ва ҳам адабиёт-осори саҳнавӣ, мавқеи худро гум кардаанд. На инаш чизе рӯи саҳна меорад ва на онаш чизе менависад. Балки на ин ва на он намедонанд, ки чӣ нависанд. Ҳар чизе, ки имрӯз дар саҳнаҳои театри Тоҷикистон мебинед онҳо моли таъриханд.

"МУҲОҶИРОН"-РО МАНЪ КАРДАНД

-Як асаре бо номи “Муҳоҷирон” рӯи саҳна гузоштед, ки минбаъд тамошои он манъ карда шуд. Чаро?

-Ман намедонам. Асар асари  хеле хуб аст ва классикаи ҷаҳонӣ ҳисоб мешавад. Аввалан ин асари тоҷикӣ нест. Ин асарро соли 70-ум Славмир Мрож, классики драматургияи чаҳонӣ аз Лаҳистон таълиф кардааст. Воқеа дар як таҳхона дар Олмон мегузарад. Яъне зиндагии ду нафар муҳоҷири лаҳистонӣ дар Олмон-ду гастарбайтер. Пеши Нур Табаров рафтам ва гуфтам, ки устод ман мехоҳам ин асарро рӯи саҳна оварам ва ин ду нафар муҳоҷир тоҷикон бошанду ҳодиса дар Русия рух диҳад. Каркаси асосии намоишро омода ва матни онро пурра тоҷикӣ кардем.

Яъне ин ду муҳочири тоҷик дар задухӯрдҳои фикриву ақлониву идеоложӣ ба ҳам мезананд, ки якеаш муҳоҷири сиёсӣ ва дигарӣ як нафар муҳоҷири оддӣ, деҳқонбача. Мо хеле аз проблемаҳоро онҷо бардошта будем. Мо ҳама дардҳоро онҷо ворид кардем. Фикр кардам, ки ин як чизи фоидаовар мешавад ва дар бисёр ҷойҳои дигар онро намоиш медиҳему бо мушкилоту дардҳои худ оламиёнро ошно месозем. Аммо намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки онро на дастгирӣ  балки намоиши онро манъ карданд. Афсӯс, ки нафаҳмиданд.

ӣ манъ кард?

-Ба вазорати фарҳанг пеш аз намоиши асар ҳамеша даъватнома мефиристем, аммо касе наомад ва омадан ҳам нахост. Сиёсатро инҷо набояд ҷуст. Як ҳисси кунҷковӣ бояд бошад дар вазорат. Ҳар эҷодкор ин ҳиссро бояд дошта бошад. Мисол агар Шумо чизе нависед, барои мисол шеъре нависед, ман ҳарчанд шеършинос нестам, аммо ҳисси кунҷковӣ маро таҳрик медиҳад то бихонам, ки Шумо чӣ навиштаед. Бигузор манъ кунанд, аммо дидан шарт буд ин асарро. Афсӯс, ки дар вазорат ҳисси кунҷковӣ нест. Чунки ин асар як манифести мо буд, манифести тоҷиконаи ман буд. Ин як қарзи шаҳрвандии ман буд, ки чунин як асарро рӯи саҳна меовардам... Дигар он рафт... таъсир надорад.

-Аммо талош накардед ҳадди ақал барои худ сабабашро бифаҳмед, ки чаро манъ карданд?

-Вақте  “Девонагӣ.  Соли 1993”-ро  манъ карда буданд, талош кардем. Хеле. Худатон шоҳид будед, ки дар матбуоту расонаҳои дохиливу хориҷӣ–BBC, “Озодӣ” нашрияҳои мустақил: “ Фараж”, “ Миллат”, “Нигоҳ”, “Озодагон” ва “ Азияплюс” дар ин бора дар ҳар шумора дар ҳар барнома мегуфтанд, ки “Девонагӣ”-и Барзуро манъ карданд. Мубориза бурдем ва ниҳоят пешкаши тамошобинон ҳам шуд, албатта бо тағйироту ислоҳот. Аммо...театр сӯхт ва ҳамаи асбобу абзори мо ҳам сӯхт, афсӯс.

Вақте бо “Муҳоҷирон” низ аз ин усул истифода карданд ман дигар натавонистам мубориза барам. Аммо ман рафтам назди чанд роҳбарони театрҳову гуфтам, ки хоҳиш мекунам ин намоишро гиред, намоиши хуб аст ва метавонед бо он дар тамоми фестивалҳои ҷаҳон ширкат кунед. Қурбони Собир ва Нозим Меликов дар он хеле олӣ бозӣ карда  буданд. Ман аз ин зиёд талош накардам, чунки дар ягон театр онро қабул накарданд, касе маро дастгирӣ накард. Мо намоишро дар маркази Бактрия нишон медодем. Ҳар ҷо, ки бурдам аз ақибам омада онро нагузоштанд, ки намоиш дода шавад.

"ТОҶИК ДИГАР КИТОБ НАМЕХОНАД"

-Дар аввали сӯҳбат нороҳатӣ кардед, ки мардум китоб намехонанду як китобхонаи дурусте ҳам надорем. Дар замони Истиқлолият мо мебинем, ки дар ҳама шаҳрҳои Тоҷикистон ва хусусан дар Душанбе шумораи тарабхонаҳо ин қадар зиёд шуданд ва дар ҳоли афзоишанд, аммо то ҷое, ки огоҳем  соҳибони онҳо на тоҷирон, балки аксарият мансабдорон  ҳастанд. Чаро онҳо як корхонаи ҳадди ақал хурд  ва ё ба гуфти Шумо китобхонае намесозанд? Назари Шумо чӣ аст дар ин бора?

-Чунки танҳо дар бораи ҳамин рӯз фикр мекунанду халос. Китобхона ба онҳо саривақт фоида намеоварад, чун он фоидаи маънавӣ медиҳад ба инсон. Саҳар меҳмонхона месозанд, то ки шом аз он фоида бинанд. Театр ба онҳо фоида намедиҳад. Масалан дар Алмаато як шабакаи дӯконҳои китоб мавҷуд аст ба номи Гуландан, ки Гуландом аст аслан.  Моҳи декабру январ ман онҷо будам ва ин китобхона дар зери хонаи ман буд. Рӯзе, ки бекор будам, медаромадам онҷо саҳар то бегоҳ мемондам, вале ним карда наметавонистам.

Фақат барои як рафи китобҳоро дидан ними рӯзат сарф мешавад, варақ мезанӣ, ягон ҷумла аз он китобҳо менависӣ бо нафаре ҳамсӯҳбат мешавӣ... Чӣ лаззате дорад миёни китобҳо будану китобхонӣ кардан. Аммо бойҳои мо фарҳанги китобхонӣ надоранд.  Ҳозир дар майдони асосии шаҳр китобхона сохта истодаанд. Аммо китоби барои ин китобхонаро мисли Роғун бо ҳашар ҷамъоварӣ карданианд. Ман сад дар сад мутмаинам, ки касе китоби хуби хонаашро бурда ба китобхона намесупорад. Маъзарат мехоҳам, аммо ҳама мусор мебиёранд.

Дар мисоли худи мо. Ҳар як актёр муваззаф шуда, ки 40 адад китоб супорад. Ба наздикӣ рафтам ба назди як дӯстам, ки роҳбари театр аст. Мебинам ранги рӯяш паридаву лабонаш пуркида. Ӯ ба нафаре бо илтиҷо мегуфт, ки хоҳиш мекунам, боз чанд рӯзи дигар сабр кунед, то ки ҳазору дусаду чандтои дигар китоб ҷамъ кунам, мардум дигар китоб надоранд. Аз он тараф садо баланд шуд, ки ҳатман бояд ёбиву нақшаро пур кунӣ. Бубинед фарз кардем, ки ман соҳиби китобхона бошам.

Назди ман оянду гӯянд, ки китобҳоятро деҳ. Охир, бародарон ман ин китобҳоро бо пули донишҷӯиям, тин ба тин ҷамъ карда харидаам. Китобҳои хеле нодир дорам. Аммо ман китобҳоямро намедиҳам, балки ба фарзандонам медиҳам. Донишҷӯёну шогирдон аз ман зиёд китоб мепурсанд. Ман мегӯям бин, маъқул кун ва бо худ бибар фақат хон. Агар бо ин роҳ ва бо чунин китобҳои нодаркор китобхона сохтанӣ бошем шахсан барои ман лозим нест.

"МАН ДИГАР ТВТ-РО ТАМОШО НАМЕКУНАМ"

-Шумо ба хориҷи кишвар зиёд сафар мекунед. Барои муқоиса кардан ҳам таҷрибаи зиёд доред. Албатта ҳоло моҳвора корро осон кардааст. Аммо телевизионҳои Тоҷикистон танҳо чеҳраи як нафарро нишон медиҳанд ва ҳама корро ба он як нафар мансуб медиҳанд. Фикр намекунед чунин роҳи таблиғот дилбазан мешавад барои тамошобин. Оё Шумо шабакаҳои Тоҷикистонро тамошо мекунед?

-Ман, Шумо ва ягон нафар тоҷики дигар, вақте ҳарфи диламонро, сухани ростро, ки ҳар рӯз мебинем бигӯем аз мо душман месозанд. Барои чӣ? Онҳо фикр мекунанд, ки агар фикри мо ба ТВТ ё ба рӯзномаҳои “Садои Мардум” ва “Ҷумҳурият” дуруст наомад, мо душмани миллатем. Ё дигар “вовчик” мешавем ва ё ҷосуси кадом мамлакате.( инҷо механдад). Онҳо фикр намекунанд, ки мо фарзанди ҳамин сарзамин ҳастем ва дар вақти лозима аз онҳо дида зиёдтар аз ин Ватан дифоъ метавонем кардан ва шукри Парвардигор кардем то ин дам.

Дар шиносномаи ман ҳар ҷое, ки рафтаму ҷоизаҳо ҳам гирифтам, тоҷик навишта шудааст. Дар ҳама афишаҳои намоишҳои ман дар ҳар ҷое, ки  будам менависанд: Барзу Абдураззоқов-Тоҷикистон. Ростӣ ман аз ин чизро фаҳмонидан хаста ҳам шудам. Агар ман сарҳади Тоҷикистонро убур кунам яҳуд, уйғур, ӯзбак ва ё олмонӣ мешавам магар? Баргардем сари мавзӯъ. Ман дигар ТВТ-ро нигоҳ намекунам. Чун ҳар вақте, ки  ин шабакаро рӯшан мекардам, фикр мекардам, ки ман аблаҳам.

Аз он тарафи экран касе мегуфт, ки бародар ту аблаҳӣ, ту беақлӣ ва ҳар чизе, ки ман мегӯям ин аст ақл. Ва ман дигар тарсидам. Он чизе, ки ба ман мегуфт маро ба даҳшат меовард. Ҳам намоиш, ҳам ахбор ва ҳам он очеркҳову филмҳое, ки нишон медиҳанд бо як мақсад аст :- ту тамошобин беақлӣ, бетафаккурӣ, бефарҳангӣ ва ин мо ҳастем, ки ба ту фарҳангро меомӯзонем. Гузаронданд. Агар ТВ-ҳои мо аз тариқи моҳвора мунташир намешуд, ин қадар азоб намекашидам, чун онро имрӯз оламиён мебинанд. Обрӯву эътибори миллатро резонида истодаанд. Ман шарм мекунам, аммо чӣ кор кунам, замин сахту осмон баланд.

"ЧУН ЭҶОДКОР НИСБАТАН ОЗОДАМ, АММО..."

-Имрӯзҳо дар бораи Истиқлол зиёд мегӯянд ва ба наздикӣ ҷашни 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Шумо дар замони Истиқлолият то чӣ ҳад худро мустақил эҳсос мекунед?

-Барои эҷодкор мустақилият хеле муҳим аст. Новобаста ба равишҳои сиёсиву дигар чизҳо. Ҳамчу эҷодкор нисбатан озодам, аммо ҳамчун як шаҳрванди ин ҷумҳурӣ умуман озодиро эҳсос намекунам. Ҳар бегоҳ вақте бо духтарам Ҳанно ва занам Шоира берун мебароям, мебинам, ки озод нестам. Телевизион мебинам, озод нестам, рӯзнома мехонам озод нестам. Театр мераваму мавзӯъ мегирам ва ин мавзӯъ даҳҳо маротиба аз филтратсия мегузарад, озод нестам. Сензура ҳатто аз даврони шӯравии соли 37 бадтар шудааст. Вақте мо эҷодкорро то ба ин ҳад сахт меқапему меҷафем куҷо мемонад дигар озодӣ? Ҳар чизи классикӣ ҳама вақт сиёсӣ аст.

Ҳатто “Мадам Баварӣ”, ҳатто “Золушка”-и Андерсон ва ё “Ҳамлет”-у“Тӯфон”-и Шекспир ҳамаи инҳоро ҳеҷ наметавон аз сиёсат орӣ донист. Классика бе сиёсат буда наметавонад.“Гулистон”-и Саъдӣ чӣ? Чунки дард дошт он мард. “Бӯстон” ҳам. Шоҳ аз раъияти худ як себ гирифт ва аҳли дарбор дарахтро мебурад ва агар як тухм гирифт одамонаш даҳ ҳазор мурғро қурбонӣ мекунанд. Инро Саъдӣ гуфтааст. Аммо ин чиз рӯи саҳна намеояд. Бубинед ҳамин ҳозир бо мошин омадем. Корманди БДА намегузорад бо роҳ гузарӣ ва ба паскӯчаҳо пиёда роҳ рафтем, ним соат зиёдтар дер кардем то ба корхонаи Шумо омадан. Аммо сабабашро нагуфт, ки роҳро барои чӣ бастаанд. Куҷо аст озодӣ? Милиса бояд мефаҳмонид, ки бародар, хоҳиш мекунам, мошинатро онҷо мон, барои он, ки фалону фалон кор ҳаст.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854