00:19:36 03-уми Июни 2025 сол

ҶОИЗАИ АКАДЕМИЯИ ҚАФҚОЗ БА АДИБИ ТОҶИК

Академияи Кавказ адиби тоҷик Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммадро ба ифтихори 200- солагии ба Империяи Русия дохил шудани Абхазия ва барои асари хуҷҷатии ӯ "Ахтари зулматсуз" бо мукофоту медал тақдир намуд.

/images/stories/2011/10/04_shohmirzo_2011.jpgХамон тур ки қаблан хабар дода будем, Комитети ҷоизаҳои ба номи Лермонтови назди Иттифоқи нависандагони Россия ба адиб, нависанда ва рӯзноманигори шаҳири тоҷик устод Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад барои хизматҳои шоиста дар таблиғу рушди адабиёти ҷаҳон ва асари этнографии эшон "Сурмаи дил " ҷоизаи байналмилалӣ, яъне медали нуқра тақдим карда буд, ин бор ба мо боз хушбар доданд, ки Академияи Кавказ хам адиби тоҷикро тақдир намуд. Бояд арз кард, ки ҷоизаи имсола ба даҳҳо адибон, рӯзноманигорон, сиёсатмадорон, философҳо, рӯҳониён ва нависандагони ҷаҳон, ки дар осорашон сулх, вахдат ва инсондӯстиро таблигу ташвиқ кардаанд, дода шудааст. Хамчунин ин бузургмардон дар таблиғи адабиёти ҷахҳн саҳми боризе гузоштаанд.

"Ахтари зулматсӯз" яке дигар аз осори устод Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад - муҳаққиқ ва нависандаи тоҷик аст, ки ба унвони як қиссаи хуҷҷатӣ аз рӯзгори як фидойии миллат нақл мекунад. Ва хушбахтона, ин асар, ки ҷангнома махсуб меёбад, аз тарафи Вазорати дифойи Русия барои озмун пешниҳод карда шуд. Муаллифи ин китоб, донишманд ва мубаллиғи таъриху адабиёти тоҷик аз зиндагии пур аз мубориза, талош, пайгириҳои мудовим, ҷонфидоиҳои Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Наврӯзмуҳаммад Раҷабов ҳадис мегӯяд. Хадисе аз дӯстию сулх, аз ваҳдату васлшуди тамаддунҳо.

Ҳадафу рисолати ин Академия пеш аз ҳама дар сулҳу оромишу ваҳдат қарор додани давлатҳост ва дар гуфтугӯи тамаддунҳо нақши бузургро иҷро мекунад.

Гуфтанист ки ин медал ба он нафароне тақдим мешавад, ки дар роҳи таблиғу рушди адабиёти ҷаҳон, таблиғу тарғиби сулх, вахдат, гуфтугӯи тамаддунҳо ки ҷузъи таърихи адабиёти ҷаҳон маҳсуб меёбад, саҳм мегузоранд. Ва устод Шоҳмирзо ба унвони як қаламкаши мумтоз бо килки суханпарваронаашон дар ин ҷода бисёр корҳо анҷом додаанд.

Лозим ба зикр аст,ки аксари мавзӯъҳои осори устод марбут мешаванд ба дӯстию сулҳу ваҳдат ва хадамоти ишон дар муаррифӣ ва чеҳракушоии чеҳраҳои машҳуре чун Наврӯз Раҷабов, Шоди Боқиев ва даҳҳои дигар бориз аст. Ин муваффақиятро ба устоди азиз табрик арз мекунем.

Фирдавси Аъзам

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854