20:25:07 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ВАҲДАТШИКАНӢ КОРИ МАРДОН НЕСТ!

Чаро чунин саҳна рӯи кор омад? Шак нест, ки ин маҳсули сохтаю бофтаи боғарази худи муаллифи намоишнома Атахон Сайфуллоев аст. Яъне ин муаллифи мӯҳтарам бо ин роҳ пархошҳои матбуотии худро дар мисоли прототипи Масрур Маҳмуд бо шоири тавонои миллат Мӯъмин Қаноат саҳнавӣ гардонд. Бо ин амал қалбҳоро шикаст. Зеро ба саҳнаи театр кашидани ғаразҳои шахсӣ амали шоиставу ибратбахш нест. Амали олиму донишманд нест. Кори хирадмандона ё шуҷоати адабӣ шуморида намешавад. Ин як навъ ваҳдатшиканиву заҳрогин кардани мағзҳост.

/images/stories/2011/10/10_qanoat-tursunzoda_2011.jpgТаърихи илму адаб, фарҳанг ва тафаккуру хиради миллати тоҷикро дар асри ХХ ва баъди он бе ному осор ва хизматҳои устод Мирзо Турсунзода тасаввур кардан номумкин аст. Чунки силлсилаҷунбон ва гаҳворабони илму маданият, тамаддун, шеъру адаб ва посдори забону андешаи миллии тоҷикон дар асри мазку рва замони истиқлол устодони забардаст Садриддин Айнию Абулқосим Лоҳутӣ, аллома Бобоҷон Ғафурову Мирзо Турсунзода буданд ва инро ҳар як ҳамватану ҳамзабони донишманду фарҳехтаи мо бидуни тааммул қабул дорад.

Вақте, ки яке аз ин чаҳоргонаи бузургмардони миллат устод Мирзо Турсунзода ҳастанд, дигар дар хусуси шахсияти камназир, фарзанди маҳбуб ва пайвандгари дилҳо будани ин фазонамард касе агар заррае шакку шубҳаро дар зеҳну хотираш роҳ диҳад, беинсофу тирадил, кӯрботин ва агар аз ҷинси мардон бошад, дурушттар карда гӯем бо ҳарфи калон «номард» аст.

 Дар осори марбут ба ҳаёт ва эҷодиёти Мирзо Турсунзода аз ӯ бештар ба унвони шоир, донишманди суханшинос, ходими барҷастаи ҷамъиятӣ, мунодии сулҳу осоиш вва ваҳдату дустии байни миллатҳо тавсиф карда мешавад. Ҳамчун инсони нексиришт бошад, ҳамзамонону ҳамнишинон ва шогирдонаш аз Турсунзода ба унвони шахси меҳрубон, самимӣ, дилогоҳ, некният, некрафтор, рафиқи боҳиммату шафиқ, раиятпарвар ва фурӯтану ба халқ ҳамнафасу ҳамдам ёд мекунанд, ки воқен барои ҳар як ҷавони навроҳи шеъру адаб мояи ибрату пайравист.

Аз ин маълум мегардад, ки то ҳол бо вуҷуди таҳқиқоту пажӯҳишоти зиёд вобаста ба рӯзгору осори Мирзо Турсунзода то кунун бархе аз паҳлӯҳои шахсияти инсонию адабӣ ва фарҳангии вай нокушуда боқӣ мондааст. Зеро пас аз ин марди бузург на ба дигар сарваре дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муяссар гардидааст, чун Турсунзода азизи дили тамоми адибон ва пайвандгари рӯҳу равони онҳо бошад. Баъди Турсунзода мо дигар адибе надорем, ки забардасттарин нависндагони ҷаҳонӣ ба мисли Чингиз Айтматов ӯро устоди худ гӯянд. Сиёсатмадорони чун Шароф Рашидов ва Индира Гандӣ вайро дӯсту бародари худ донанд.

Бо номи ӯ ифтихор кунанд. Меҳрашро дар мағз – мағзи ҷон ҷо диҳанд. Пас аз Турсунзода мо дигар адибе надорем, ки Осиёву Африқо дӯсташ доранду шеъри нотакрораш суруди суҳу амният бошад. Дар қалби покаш ба қавли Лоиқ «Осиё ғунҷад». Агар имрӯз дар замони истиқлол мо бо сари баланд мегӯем ва ифтихор мекунем, ки Лоиқу Бозору Гулрухсору боз даҳҳо нафар адибони дигар дар саргаҳи наҳзати худшиносию эҳёи миллӣ қарор доранд, пас набояд фаромӯш созем, ки падари маънавии онҳо Турсунзода буд.

Онҳо ба эътирофи худи Лоиқ « Ҳам ба азму ба назму ҳам ба разм, пайрави Айнию Турсунзода» буданд. Ба андешаи мо агар Мирзо Турсунзода 31 сол чун роҳбари бебадали Иттиҳодияи нависандагон Фирдавсивор Тоҷикистон ва тамоми паҳнои Иттиҳоди Шуравӣ Осиёву Африқоро бо суруди сулҳу дӯстӣ алайҳи заҳҳоквашони ҷангӯ «аз сухан чун биҳишт» кардаву «меҳри дилро ба халқи ҷаҳон ҳадя» намуда бошанд, пас Лоиқи ширинсуханро Рустами мактаби набарду диловариҳои назму шеъри Турсунзода ва дигар ҳамсафонашро Сиёвушу Гударзу Бежану ва амсоли онҳо ҳисобидан айни муддаост. Аммо дареғу дард, ки аҷал парвои бузургон надорад ва онҳоро аз байни мо мебарад.

Ҳама шарбати маргро мечашанд ва ин қонуни сарнавишт аст. Мирзо Турсунзода низ дар тирамоҳи соли 1977, соле, ки чу соли ғаму дард сабт шуда, чунки дар ин сол миқрози марг риштаи ҷони аллома Бобоҷон Ғафуров ва Маҳмуди Воҳидро бурид, аз ҷаҳон рафт. Дар сӯги Мирзо Турсунзода 45 миллати кишвари паҳновари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигар халқҳои озодипарасту сулҳдӯсти дунё мотам гирифтанд.

Шоирону нависандон марсияҳои ҷонгудоз навиштанд, ки яке аз ҷонгудозтарини ин марсияҳо ба қалами Лоиқ тааллуқ дорад. Ин навишта бо номи «Рӯзи ҷаноза», гарчанде пас аз чанд моҳи даргузашти Турсунзода навишта шудааст, вале аз пуртаъсиртарини марсиянома буда, аз 16 чаҳорпора ҷамъ 64 мисраъ иборат аст. Баҳри намуна диққати хонандагонро ба чаҳорпораҳои аз 8-ум то 10-ум ҷалб карда, онро айнан зикр менамоем, ки рӯзи ҷанозаи устод Турсунзода:

Кӯчаҳои шаҳр пур аз мавҷи оҳу дард буд,

Гӯӣ дунё дар ғами ин марди дунёгард буд.

Шоири мо қаҳрамон буду аҷал ғофил гирифт,

Мард буд устоди мо, аммо аҷал номард буд.

 

Издиҳоми одамӣ бо гиряи дилҳо гузашт,

Издиҳоми мотамӣ аз шаҳр чун дарё гузашт.

Воалам, эй кӯҳсорон, қуллаеро ярч бурд,

Водареғ, эй Тоҷикистон, аз ҷаҳон Мирзо гузашт!

 

Зинаҳои равнақат дар зинаҳои шеъри ӯст,

Рангҳои парчамат рангу ҷилои шеъри ӯст.

Тоҷикистон, ҳар чи навъи ганҷ дорӣ дар дилат,

Дар дили ҳар мисраву дар иҳтивои шеъри ӯст.  

Оре аз даргузашти шоир замину замон гириста буд. Аммо аз таърих пайдост, ки барои ҳар як халқу миллат Турсунзода барин шахсиятҳо намирандаанд. Барои ин гуна шахсон, ки қалби шарифашон ба хотири ишқ ба миллату меҳан ва кулли башарият метапид, тавре Ҳофиз зикр менамояд «сабт аст дар ҷаридаи олам давоми» онҳо.

Пас аз даргузашти устод Турсунзода поси гиромидошти хотари неки вай дар соли 1978 шаҳри Регар номи ӯро гирифт, баъдан даҳҳо мактабу кӯча, Донишкадаи санъат, омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Конибодом ба исми вай гузошта шуда, Ҷашнҳои 70, 80, 90-солагии Турсунзода мутантан таҷлил карда шуданд. Гарчанде, дар байни адибон Мирзо Турсунзода ягона нафаре буд, ки дар замони зиндагиаш соҳиби унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ва барандаи Ҷоизаи байналмиллалии ба номи Неру шуд, вале дар солҳои Истиқлолият, боз ҳам ягона шоирест, ки баъди аллома Айнию БобоҶон Ғафуров соли 2001 бо фамони Президенти мамлакат ҳамчун «Қаҳрамони Тоҷикистон» эътироф гардид.

Имсол таҷлили ҷашни 100-солагии Турсунзода бо шукӯҳу шаҳомат гузаронида шуда истодааст. Ба ин муносибат ибтидои моҳи октябр, аниқтараш санаи саввуми он дар толори театри мазҳака мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа доир гардид. Дар ин ҷамъомад сараввал Раиси вилоят бо маърӯзаи пурмуҳтаво оид ба ҳаёту эҷодиёти шоир ва хидматҳои мондагори вай баромади муфассал намуд.

Дар ҳамин ҳол аз мазмуни баромади Раиси вилоят иштирокдорони ҷамъомад дарёфтанд, ки баъдан намоишномае бо унвони «Хуршедсавор» аз ҳаёту рӯзгори устод Турсунзода манзур карда мешавад. Воқеан ҳамин тавр шуд. Намоишномаи мазкур, ки бо қалами доктори илмҳои филологӣ, префессор Атахон Сайфуллоев тааллуқ дорад, дар таҳияи коргардон Абдулҳафиз Қодирӣ ва бо нақшоварии актёрони Театри мазҳакавию мусиқии Камоли Хуҷандӣ пешниҳоди бинандагон шуд.

Қабл аз намоиши пардаи аввал ровии хушбаён Аслам Каримов абёти маъруфи устодро бо матлаи «Шоиро аз сӯхтан дорӣ хабар» хеле ҷаззоб қироат кард. Мазмуну мӯҳтавои пардаи аввали намоишнома хеле таъсирбахш буд. Аммо дар пардаи дуввум зимни муколамаи фаҳшомези Боқӣ Раҳимзода бо Тӯҳфа ном сарояндае, ки сухан (ба сухан гуфтан дил мегиряд) аз «ноф»-у дидани ону мокию хурӯс дар ҳузури Турсунзода рафт ва оқибаташ ба қадаҳҷангу шаробнӯшӣ анҷомид, гарчанде бедардон хандиданд, вале қалби дилогоҳон ба сутӯҳ омада, ғаш кард.

Садои виҷдон зеҳнҳоро ларзонд, ки аз ин гуна саҳнаҳо ҷавонон чӣ меомӯхта бошанд?! Оё беҳтар нест, ки шаробнӯшию намедонам боз кадом корҳои дигари Турсунзода барин шахсиятҳоро ҷилвазори саҳнаи театр накунем? Аз ин чӣ манфиате ба насли ҷавон аст? Оё театр ҷойи муқаддас нест ва бо намоиши чунин саҳнаҳо он олудаву палид намегардад?

  Албатта тааммули ин саҳна сахт буд, вале агар пардаи охирини намоишнома ба намоиши ғаразҳои шахсии муаллифи он бадал намешуд, онро ба дард зикр наменамудем. Сухан сари он аст, ки дар пардаи охири намоишнома устод Мирзо Турсунзода бо вуҷуди бемории бистарӣ будан ва иҷозат надодани табибаш пас аз занги телефонии яке аз шогирдонаш бо номи дар намоишномаи «Хуршедсавор» Масрур Маҳмуд ба шаҳри Москав меравад, то ӯро дастгирӣ намояд, ки соҳиби Мукофоти Давлатии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шавад.

Хулоса, тибқи сужети намоишнома Турсунзода ба Москав меравад ва бо кӯмаку мусоидати вай Масрур Маҳмуд соҳиби Ҷоизаи давлатӣ мегардад. Устод ба манзили худ бармегардад ва аз дидорбинӣ бо ӯ шоири ширинкаломи Эрон Нодири Нодирпур ба ваҷд омада, дар мавриди барандаи Ҷоиза гардидани шогирдаш Масрури Маҳмуд изҳори шодмонӣ мекунад. Баъди гусели меҳмон аз радио садои мухбири бахши форсиии ВВС дар хона танинандоз гардида, дар боби барандаи Ҷоиза гардидани Масрур Маҳмуд гузорише пахш мешавад.

Дар ҳамин ҳол бо даъвати ҳамсарашон Турсунзода ба утоқ ворид шуда, гӯш ба идомаи суханони мухбир медиҳанд ва сӯҳбати Масрури Маҳмудро мешунаванду хеле ғамгину ошуфтаҳол мегарданд. Ба он хотир, ки Масрур зимни мусоҳибааш хеле худситоӣ карда мегӯяд. ки вай дар гулистони Сухан гули худрӯй аст, касе устодаш нест. Ҳатто вақте, ки аз ӯ мухбир савол мекунад, ки мунаққидонаш Масрурро шогирди мактаби Айнию Турсунзода мегӯянд, вай посух медиҳад. ки осори Айниро бинобар ғализии забонаш то ҳол пурра хонда натавонистааст ва изофа мекунад, ки Турснзода аслан шоир нест.

Ҳамин тавр носипосӣ ва худписандии Масрур боиси дарду алами Турсунзода мешавад ва шоир бо тамоми вуҷудаш ранҷишомез шеъре қироат мекунаду пас аз чанд лаҳзае Боқию Лоиқу Ҳабибулло вориди хонаи Турсунзода шуда, вайро тасаллӣ медиҳанд. Дар ҷараёни намоишнома Лоиқ дар васфи устодаш шеъри машҳурашро бо матлаи «Диле дорӣ, ки дар ӯ Осиё ғунҷад»-ро қироат мекунад. Баъди қироати шеър аз номи Индира Гандӣ ба Турсунзода барқия табрикӣ меояд, ки онро ҳам Лоиқ бо хоҳиши шоир қироат мекунад.

Аз мазмуни он маълум мешавад, ки Ҳукумати Ҳиндустон Турсунзодаро ба мукофоти байналмиллалии ба номи Неру сарфароз гардонидааст. Ҳама шоирро табрик мекунанд ва ба ҳамин парда пӯшида шуда, аз паси он боз ровӣ ба рӯи саҳна меояд ва дар хусуси ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардонидани Турсунзода аз ҷониби Президент суханронӣ мекунад ва бо ҳамин намоиш поён меёбад. Хуб. Ба назари мо чаро анҷоми намоиш хуб нест ва на танҳо хуб нест, балки нафратовар аст.

Зеро он аввал дурӯғ аст, ба он далел ки дар замони зиндагии Турсунзода мо ягон адибе надорем, ки бо мусоидати шоир соҳиби олитарин мукофоти давлатӣ ИҶШС шуда, баъдан дар ҳаққи Турсунзода носипосӣ карда бошад. Пас Масрур Маҳмуд прототипи кист? Дуввум ин ки суханони носипосонаву худписандона ва кӯрнамаконаи Масрур Маҳмуд аз шабакаи форсии радиои ВВС садо медиҳанд, ки ин дар замони зиндагии устод Турсунзода даври тиллоии Ҳукумати қудратманди шӯравӣ барои адибони тоҷик номумкин буд ва агар муяссар ҳам мешуд, баъдан чӣ тавр тақдири вайро кормандони амнияти Шӯравӣ ҳал мекарданд, ба назари хонандаи имрӯз маълум аст.

Баъдан агар ин амал сурат мегирифт, дар замони бист соли соҳибистиқлолӣ он забонзадаи мардум мешуд ва ҳам Масрурро то имрӯз мардум лаънат мекард. Пас бо дили пур метавон изҳор кард, ки шоире, нависандае дар замони зиндагии Турсунзода баъди он ки бо ёриву мусоидати вай соҳиби Мукофоти Давлатии СССР шудаву баъдан носипоси карда бошад, умуман вуҷуд надорад. Чаро чунин саҳна рӯи кор омад? Шак нест, ки ин маҳсули сохтаю бофтаи боғарази худи муаллифи намоишнома Атахон Сайфуллоев аст.

Яъне ин муаллифи мӯҳтарам бо ин роҳ пархошҳои матбуотии худро дар мисоли прототипи Масрур Маҳмуд бо шоири тавонои миллат Мӯъмин Қаноат саҳнавӣ гардонд. Бо ин амал қалбҳоро шикаст. Зеро ба саҳнаи театр кашидани ғаразҳои шахсӣ амали шоиставу ибратбахш нест. Амали олиму донишманд нест. Кори хирадмандона ё шуҷоати адабӣ шуморида намешавад. Ин як навъ ваҳдатшиканиву заҳрогин кардани мағзҳост. Чунки театр ҷойи ин гуна корҳо нест. Дар яке аз мусоҳибаҳои худ коргардон ва ҳунарманди шоистаи тоҷик, бунёдгузори театри «Аҳорун» шодравон Фаррухи Қосим гуфта буд: «Театр муқаддастарин ихтирои башар аст».

Муборизи Хуҷандӣ



Шарҳҳо   

 
+1 #1 RE: ВАҲДАТШИКАНӢ КОРИ МАРДОН НЕСТ!Guest 18.10.2011 11:17
Ташаккур бар муаллифи ин матлаб!
Вокеан Атахон Сайфуллоев хамоно гаразолудаасту захро бар руи сахнаи ноби театр рехтааст, ки ин кори муттахамона аст. Ман шахсан ин намоишномаро дар театр тамошо мекардамки мутаасифона ин гаразхо бараъло мушохида мешуд. Магар айб нест ки боз Расулзодаи раис хам ба эпизотхои номгуён ин намоишнома кафкуби мекард ва мегуфт ки дар сатхи баланд омода шудааст Офарин!
Худоё ин миллати маро аз харгуна гаразхову бадбахтихо рахо кун!
Поянда бошад Каноат шоири тавонои миллат!!!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi