16:39
бо вакти Душанбе
19-уми Майи 2012 сол
 

Обу ҳаво

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031     
КОНФЕРЕНСИЯ БАХШИДА БА ҲАЗОРСОЛАГИИ «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ
Мақолаҳо - Адабиёт ва фарҳанг
17.12.2011 09:58

Дирӯз, 16-уми декабр, дар толори маҷлисҳои Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ бахшида ба ҳазорсолагии «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ баргузор гардид.

/images/stories/1000-solai-firdavsi.jpgКонференсияро бо сухани муқаддимавӣ Президенти АИ ҶТ академик Мамадшо Илолов кушода иброз дошт, ки чорабинии мазкур бо талоши Вазорати маорифи ҶТ, Академияи Илмҳои ҶТ ва Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар чаҳорчӯбаи қарори созмони байналмилалии илмиву фарҳангии ЮНЕСКО, ки солҳои 2010-11-ро санаи таҷлили ҳазорсолаи  дуввуми  таълифи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ эълон намудааст, баргузор мегардад.

Абдуҳамид Абдуалимов, мудири шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи  иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкаткунандагони конференсияро аз номи ҳукумати ҷумҳурӣ табрик гуфт ва чанд мулоҳизаи хешро дар мавриди нақши «Шоҳнома» дар тарбияи ватандӯстии мардум изҳор дошт.

/images/stories/abdujabbor_rahmonov_1712.jpgСипас олимони шинохтаи кишвар Абдуҷаббор Раҳмонов, академик, вазири маорифи ҶТ, Мирзо Муллоаҳмадов, узви вобастаи АИ ҶТ, Абдунабӣ Сатторзода, доктори илмҳои филология ва бархе аз меҳмонон аз кишварҳои Эрону Афғонистон дар бораи паҳлӯҳои мухталифу ҳанӯз барои оммаи васеъ норӯшани фаъолияти эҷодии бузургтарин достоннависи Аҷам ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ маърӯзаҳои пурмазмун карданд.

Дар ин ҳамоиш ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ», ки як рӯз пеш дар Донишгоҳи Милли Тоҷикистон ҷамъбаст шуда буд, тӯҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд. Чуноне, ки раиси ҳакамони озмун Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ортиқи Қодир ба хабарнигори сомона гуфт, ҷои аввалро  ба Марвориди Умаралӣ хонандаи синфи 11-уми литсеи рақами 1-и шаҳри Сарбанд, ки зери навои мусиқӣ порчаҳо аз «Шоҳнома»-ро хеле ҷаззоб қироат намудааст, сазовор донистанд.

Мукофот- пайкараи «Рахш»-ро ба ғолиб шоири халқии Тоҷикистон устод Мӯъмин Қаноат супурд.Ҷои дуввумро Гавҳарбонуи Ғолибзода, хонандаи синфи 10-уми мактаби таҳсилоти умумии рақами 23-и шаҳра Исфара ноил гашт. Ҷои сеюм насиби Сарвиноз Азизова, хонандаи синфи 10-уми мактаби миёнаи рақами 49-и ноҳияи Ҳисор шуд.

«Рӯзгор»

Миқдори нигориши мавод: 385

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh