15:31:17 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ХАЛИЛ РОҒИБ: АҲМАД ЗОҲИР ДАР ТЕЛЕВИЗИОНИ ТЕҲРОН СЕ СУРУД САБТ КАРДА БУД

Халил Роғибро бинандагони телевизиони «Афғонистон Ориёно», ки аз тариқи маҳвора аз шаҳри Лос-Анҷелоси ИМА ба тамоми ҷаҳон пахш мешавад, ҳамчун овозхони маъруф ва ровии барномаҳои хеле ҷолиби «Панҷ ситора» ва «Ганҷинаи ҳунар»-и ин телевизион хуб мешиносанд. Инҳо барномаҳое ҳастанд, ки яке дар бораи овозхонҳои муосири афғонӣ баҳс мекунад ва дигаре чеҳраҳои мондагори таърихи мусиқии ин кишвари ба мо дӯсту ҳамзабону ҳамфарҳангро барои насли навин муаррифӣ менамояд. Ин барномаҳо дар сар то сари кишварҳои форсзабон алоқамандони зиёд доранд.

Khalil Raghib - Ahmad ZahirВале миёни мухлисони мусиқии ноб ҳастанд нафарҳое, ки Халил Роғибро боз барои он эҳтиром ва дӯст медоранд, ки ӯ яке аз дӯстони наздики Аҳмад Зоҳири нотакрор буд ва бо ӯ муддати зиёде ҳамкориҳои эҷодӣ доштааст. Аниқтараш драмнавоз (нағоранавоз ё ба қавли бародарони рус ударник) будааст. Хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» дар робита бо ин ҳамкориҳои Халил Роғиб бо Аҳмад Зоҳир бо ӯ як мусоҳибаи телефоние доир намуд, ки ҳамакнун мӯҳтавои онро ба таваҷҷӯҳи шумо, муштариёни гиромӣ, пешкаш менамоем.

-Ҳамкории Шумо бо Аҳмад Зоҳир чӣ гуна ва аз кай шурӯъ шуд?

- Соли 1966 буд. Ман 14 сол доштам. Аҳмад Зоҳир навакак аз сафари Ҳиндустон баргашта буд. Ӯ ба Ҳиндустон барои идомаи таҳсили илм рафта буд. Он замон дар радиёи Кобул як оркестари омотурон фаъолият мекард. Баъдан департумонти мусиқӣ ба фаъолият шурӯъ кард ва ман узви ин департумонти мусиқӣ будам. Аҳмад Зоҳир вақте аз Ҳиндустон баргашт, дар департамети мусиқӣ раиси шӯъбаи омотурон (овозхонҳои шавқӣ) шуд.

Аҳмад Зоҳир дар ин ҷо гурӯҳи мусиқии худро сохт. Дар гурӯҳи мусиқии Аҳмад Зоҳир, Худо раҳматашон кунад, устод Фақирмуҳаммади Нангиёлай трумпет ва устод Исмоили Аъзамӣ саксафон менавохтанд. Ман ҳам узви ин гурӯҳ будам драм менавохтам. Худи Аҳмад Зоҳирҷон киборд менавохт. Ман ҳамроҳи Аҳмад Зоҳирҷон ҳашт сол, то соли 1974 ҳамкорӣ кардам.

-Шумо дирӯз дар барномаи «Ганҷинаи ҳунар», ки аз тариқи телевизиони «Афғонистон Ориёно» пахш гардид, гуфтед, дар эҷоди нахустин албоми Аҳмад Зоҳир бо ӯ ҳамкорӣ кардед, Мешавад, ки дар ин бора муфассалтар бигӯед?

Khalil Raghib-Бале, ин нахусти албоме буд, ки дар студиёи «Орёно музик» сабт шудааст. Марде буд бо номи Ҳумоюни Осифӣ, домоди Муҳаммад Сардор Довудхон, раиси ҷумҳури Афғонистон. Ӯ дар хонаи худ як студиёи сабткунӣ ташкил карда буд. Агарчи студиёи ӯ ҳирфаӣ набуд, вале таҷҳизоте дошт, ки бо эко (эхо-акси садо) сабт мекард.

Мо дар ин студиё ҳамон кассетеро, ки дар он таронаҳои «Танҳотарин марди заминам», «Агар овораву мастам ба кас чӣ, ба кас чӣ?», «Мара, мара, мара май бидеҳ», «Бевафо ёрам, карда ғам борам» сабт шудаанд, сабт кардем. Ман драм менавохтам, устод Нангиёлай трумпет, устод Исмоил Аъзамӣ саксафон ва худи марҳум Аҳмад Зоҳирҷон киборд менавохт.

ӯҳтарам Халилҷони Роғиб, дар баъзе сарчашмаҳо омадааст, ки аввалин албоми Аҳмад Зоҳир ҳамон кассете ҳаст, ки дар он сурудҳои «Гар кунӣ як наззора мезебад, мезебад», «Охир ай дарё ту ҳамчун ман дили девона дорӣ» сабт шудаанд?

-Бале дуруст аст. Инҳо кассетҳои бисёр қадимии Аҳмад Зоҳир ҳастанд. Ҳанӯз замони таҳсил дар лисаи олии «Ҳабибия» ин кассетҳо сабт шуданд. Дар лисаи олии «Ҳабибия» як оркестари хуб таъсис ёфта буд. Мӯҳтарам Умар Султон, ки феълан муовини вазири Фарҳанг ва иттилоот мебошад, гитор менавохт,оқои Фарид Залонд пиону, Набилҷони Мискинёр драм мезаданд. Баъдан Аҳмад Зоҳир барои таҳсил ба Ҳиндустон рафт. Пас аз он ки аз Ҳиндустон баргашт ман бо ӯ ҳашт сол, то соли 1974 ҳамкорӣ кардам. Албоме, ки мо сабт кардем яке аз аввалин албомҳои баъди аз Ҳиндустон баргаштанаш буд.

-Худораҳатии Аҳмад Зоҳир бо номи «Танҳо шудам, танҳо шудам» суруде дорад. Тарзи навозиши оҳанги ҳамин суруд аз дигар оҳангҳои таронаҳои Аҳмад Зоҳир ба куллӣ фарқ мекунад. Масалан дар вақти шунидани ин оҳанг мо садои як гурӯҳи виолунннавозон (скрипка)-ро мешунавем, ки ин чизро дар дигар оҳангҳои Аҳмад Зоҳирҷон аслан мушоҳида намекунем. Ба фикри Шумо ин оҳанг чи гуна ва дар куҷо сабт шудааст?

Khalil Raghib-Ин оҳангро Аҳмад Зоҳир аз рӯи як оҳанги ё итолиёвӣ ва ё фаронсавӣ хондааст. Яъне дар оҳанги омодашуда ӯ садои худро гузоштааст.Оҳангро кадом як оркестари хориҷӣ навохтааст. Воқеан ин оҳангро дар консертҳо як гурӯҳи мусиқии дар гузашта хеле машҳури Афғонистон «Ситораҳо» низ менавохт ва Аҳмад Зоҳир ҳамон суруди «Танҳо шудам, танҳо шудам»-ро бо ин гурӯҳ мехонд. Феълан як албоми Аҳмад Зоҳир мавҷуд аст, ки ҳамаи оҳангҳояшро мукаммал ҳамин гурӯҳи мусиқии «Ситораҳо» навохтаанд. Ба ин гурӯҳ Ҷамоли Маъсумӣ, Ҳошими Баҳо, Аҳмад Шоҳ, Аъзам Парванда ва худи Аҳмад Зоҳир шомил буданд.

-Худи Шумо ҳам аз ҷумлаи овозхонҳои маҳбуби афғон ҳастед алоқамандонои зиёд доред. Клипҳои Шумо аз «Аз мост ки бар мост», «Модар» писанди алоқамандони мусиқии ноб мебошанд. Шумо оё замоне, ки бо Аҳмад Зоҳир ҳамкорӣ мекардед, суруду тарона низ мехондед?

-Лутф мекунед, На. ман дар консертҳои Аҳмад Зоҳир танҳо драм менавохтам. Гоҳҳо суруду тарона барои худ мехондам. Вале қабл аз он ки аз Афғонистон барои таҳсил ба Эрон биравам се суруди худро дар радиои Кобул сабт карда будам. Он вақт дар Афғонистон ҳанӯз телевизион набуд. Ҳангоме, ки дар Эрон таҳсили ман ба охир расид, мутаасифона, вазъ дар Афғонистон хароб шуд. Таҷовузи русҳо шурӯъ шуда буд. Дигар ман ба Афғонистон барнагаштам.

- Агар хато накунам дар он солҳое, ки Шумо дар Эрон будед, марҳум Аҳмад Зоҳир як сафаре ҳам ба Эрон дошт. Оё гуфта метавонед, ки он кадом сол буд ва он сафар чӣ гуна гузашт?

- Сафари Аҳмад Зоҳир ба Эрон соли 1975 сурат гирифта буд. Ман дар риштаи хабарнигории телевизион он ҷо таҳсил мекардам. Аҳмад Зоҳир зимни он сафар дар телевизиони Теҳрон се суруд сабт карда буд. Ман ҳамон замон имкон доштам, ки он сурудҳоро сабт карда барои худ бигирам. Аммо мутаассифона, ин корро накардам. Ман аз куҷо медонистам, ки Аҳмад Зоҳир баъдан дар Афғонистон шаҳид мешаваду дар Эрон қувваҳое ба сари қудрат меоянд, ки суруду таронахониро дар телевизион манъ мекунанд?

Сад афсӯс! Ҳамон замон Аҳмад Зоҳир дар телевизиони Эрон ду суруд -сурудҳои «Мара, мара, мара май бидеҳ» ва «Агар овораву мастам ба кас чӣ, ба кас чӣ»- ро худаш хонда буд ва як суруди дигар- суруди «Ай сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад»-ро сегона, якҷо бо Аҳмад Валӣ ва як хонандаи Эронӣ бо номи Сулӣ хонда буданд. Бисёр зебо хонда буданд. Баъдан ҳарчанд, ки ҷаҳду талош кардам, полидам (кофтам) дигар ҳеҷ наёфтам. Чанд вақт пас анбори оршифи телевизиони Эронро дар доданд.

- Тибқи иттилооти баъзе расонаҳо Набилҷони Мискинёр, ки феълан дар телевизиони «Афғонистон Ориёно» бо Шумо кор мекунад, барои Аҳмад Зоҳир тасниф (матн)-и чанд оҳангашро навиштааст. Оё метавонед аз таснифҳои ӯ ном бибаред?

-Бале, ин гап дуруст аст. Набилҷони Мискинёр, ки табъи шоирӣ дораду замоне драмнавози Аҳмад Зоҳир буд, барои Аҳмад Зоҳир таснифҳое низ эҷод карда буд. Агар хато накунам «Ай суруди вопасинам», «Ашкҳои ман ҳамчун қатраҳои боронанд», «Бозӣ ту кардӣ бо сарнавиштам», «Ай Худо модари ман боз ба ман деҳ» моли Набилҷони Мискинёр мебошанд.

-Дар саҳифаи Феесбуки Шумо чанд қитъа аксе гузошта шудааст, ки Шумо якҷо бо шодравон Аҳмад Зоҳир гирифтаед. Хеле аксҳои ҷолиб ҳастанд. Мешавад бигӯед, ки  ин ёдгориҳои таърихӣ кадом сол аксбардорӣ шудаанд?

Khalil Raghib-Бале, он нафаре, ки сари курсии драмнавозӣ нишастаасту риш дорад ман ҳастам. Ин аксҳоро агар хато накунам соли 1972 гирифтаем. Он аксе, ки дар он ба ҷуз ману устод Нангиёлай ва устод Исмоили Аъзамӣ боз як нафаре дар даст шилшила менавозад, дар як консерт дар ҳутали «Интеронтинентал» гирифта шудааст. Он нафари шилшиланавоз Аҳмад Валидҷон ҳаст, ки яке аз шогирдони Аҳмад Зоҳир буд. Ӯ низ дар ҳамон консарт суруд хонда буд. Ин акси соли 1973 мебошад.

-Оҳанг ва матни таронаи «Шабҳои зулмонӣ»-ро барои Аҳмад Зоҳир кӣ навиштааст?

-Бештари таронаҳои Аҳмад Зоҳир компузҳои худаш ҳаст. Кампузи таронаи «Шабҳои зулмонӣ» моли худи Аҳмад Зоҳир аст. Мутаассифона, ҳамин лаҳза ба ёдам намерасад бигӯям, ки шеъраш аз кӣ ҳаст. Аҳмад Зоҳир инчунин кампузҳои худораҳматиҳо Фазлаҳмади Найнавоз, Таронасоз ва дигаронро низ хондааст.

-Дар шабакаи байналилалии Интернет нафаре бо номи Ҳумоюнҷон аксҳоеро аз Аҳмад Зоҳир гузошта ва дар шарҳи онҳо ишора кардааст, ки гӯё навори видеоии суруди «Вой борон борон»-ро дорад. Ва аз алоқамандони сурудҳои Аҳмад Зоҳирро даъват кардааст, ки мунтазир бошанд. Оё ин гуфта то чӣ андоза ҳақиқат дорад?

-На, ин ҳақиқат надорад. Не, ин ҳеҷ чиз нест. Мардум ҳоло ҳар чиз мегӯянд. Масалан ҳоло як бача ҳаст бо номи Ёсир, овозхонӣ мекунад. Мегӯянд ин бачаи Аҳмад Зоҳир аст. Ман бароятон мегӯям, ки ин комилан ғалат аст. Аҳмад Зоҳир ду фарзанд дорад. Яке писараш Аҳмад Ришод ва дигар духтараш Шабнам. Дигар авлод надорад. Имрӯз нафарҳои зиёде ҳастанд, ки аз тариқи номи Аҳмад Зоҳир мехоҳанд худро ба шӯҳрат бирасонанд.

-Ташаккур барои мусоҳиба.

-Ташаккур барои шумо. Ман медонам, ки дар Тоҷикистон алоқамандони садои Аҳмад Зоҳир хеле зиёданд. Саломи худро ба онҳо мерасонам. Орзу мекунам, ки замоне онҳоро аз наздик бубинам ва барояшон консарт доир намояму хотираҳои худро аз равоншод Аҳмад Зоҳир қисса кунам.

-Илоҳо ин орзуҳои хайр амалӣ шаванд. Ташаккур.

Мусоҳиб Султони Ҳамад, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi