06:58:25 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САИДҚУЛИ БИЛОЛ: "ДАРДИ БОЗОРРО ДАРК МЕБОЯД"-1

22-уми июли соли 2008-ум дар рӯзи таҷлили ҷашни Забони тоҷикӣ, ин иди умумимиллӣ, шабакаи аввали Телевизиони тоҷик нахустин бор видеоклипи суруди ҳофизи номдори мамлакат, сарояндаи хушовоз Сайидқул Билолов «Забони модарӣ»-ро бар матни шоири маъруф Бозор Собир ба намоиш гузошт, ки писанди ҳаводорони шеъру суруди ноб гардид. Чанде пештар видеоклипи суруди дигари ҳамин овозхон бо номи «Аловпараки наврӯзӣ», ки он ҳам бар шеъри устод Бозор Собир «Сурхии рӯятро бидеҳ» эҷод шудааст, аз тариқи ҳамин шабакаи телевизион намоиш дода шуда буд. Ин ҳарду видеоклипро як навъ идомаи мантиқии видеоклипи суруди «Ворисон» («Аз хуни Сиёвушем», шеъри Бозор Собир) номидан мумкин аст.

Бояд гуфт, ки агарчӣ на ҳамаи ин видеоклипҳо махсус аз рӯи сюжети шеърҳои шоир наворбардорӣ шудаанд, вале таҳиякунандагон тавонистаанд, ки бо истифода аз наворҳои бойгонии телевизион мазмуну мундариҷаи шеърҳоро дар либоси тасвири видеоӣ то ҳадде ки имкон даст додааст, хеле хуб ифода намоянд. Бо назардошти ин навгониҳо муаллифи ин сатрҳо ба мусоҳибаи хеш бо Сайидқул Билолов, ки варианти нопурраи он моҳи феврали соли 2008 дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» ба нашррасида буд, таҷдиди назар кард. Инак варианти пурраи ин мусоҳиба пешкаши алоқамандони мусиқӣ мегардад.

 -Мӯҳтарам Сайидқули Билол, таронаҳои ахире, ки бар ашъори устод Бозор Собир эҷод кардаед, аз сурудҳои чанде пештар сохтаатон, бо кадом хусусиятҳояшон фарқ мекунанд?

 -Дар муқоиса бо таронаҳои пешин мазмуну мундариҷаи сурудҳои ахир бештар характери иҷтимоӣ доранд. Дар онҳо таблиғи ғояи миллатдӯстиву меҳангароӣ қавитару амиқтар ба назар мерасад. Шеърҳои «Аз хуни Сиёвушем», «Сурхии рӯятро бидеҳ» ва «Забони модарӣ» саршор аз мафкураи созандаи эҳсоси ифтихори миллӣ мебошад. Фикр мекунам дар замоне, ки мушкилоти зиёд дар пеш дорем, ин сурудҳо дар таҳкими иттиҳоду ваҳдати миллӣ нақши хубе бозӣ карда метавонанд. Аз сӯи дигар дар тарзи эҷод ва иҷрои онҳо тағйиротҳое низ ворид кардаам. Масалан, ду суруди аввал дар якҷоягӣ бо овозхонҳо ва навозандагони оркестри симфонии театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ иҷро шудааст.

 -Лутфан мегуфтед, ки аз кай боз шумо ба хондани таронаҳо бар матни ашъори устод Бозор Собир шурӯъ кардаед? Шиносоии Шумо бо ашъори устод Бозор Собир аз кай боз оғоз шудааст?

 - Шиносоии ман бо ашъори устод Бозор Собир ҳанӯз аз овони талабагиам дар мактаби мусиқӣ шурӯъ шудааст. Шояд шумо ҳам гапҳои маро тасдиқ кунед, ки он солҳо шеърҳои устодон Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор дар дили ҷавонону наврасон як валвалае барпо карда буд. Ман агар бигӯям, ки аввалин таронаи расман сурудаам бар матни устод Бозор Собир аст, хато намекунам. Соли 1976 буд. Ман он вақт навакак Институти санъати ба номи устод Мирзо Турсунзодаро хатм карда ҳам дар он ҷо ва ҳам дар мактаби ҷумҳуриявии мусиқӣ-хореографии ба номи Дмитрий Иониди, ки ҳоло ба номи шодравон Миратулло Атоев номгузорӣ шудааст, ба ҳайси муаллими мусиқӣ кор мекардам.

 Дар ансамбли асбобҳои миллии Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ барои ишғоли як ҷои холишуда озмун эълон карда шуд. Устод Абдулло Назриев ба нафақа мебаромаданд ва ҷои он касро нафаре бояд пур мекард. Дар ин озмун қариб 30-40 нафар овозхон ширкат варзиданд ва ҳар кадом ду таронаӣ пешкаши муҳокимаи ҳакамон карданд. Ман ҳам ду таронаи хеш яке бар шеъри устод Бозор Собир «Дар ин замин монанди ман ошиқ намеояд дигар» ва дигар суруди «Ватан» бар матни шодравон Ҷамолиддин Каримзодаро пешниҳоди ҳакамон кардам. Хушбахтона, ҳакамон дар ҷамъбаст маро писандиданд ва ман бо ҳамин таронаҳоям вориди дунёи рангини мусиқии касбӣ шудам. Инак, 26 сол мешавад, ки ман дар ҳамин ансамбл, ки ҳоло номи «Дарё»-ро гирифтааст, фаъолият мекунам.

 -Оё гуфтан мумкин аст, ки ҳамкории эҷодии шумо бо устод Бозор Собир аз ҳамон вақт шурӯъ шудааст? Оё шумо устодро шахсан мешинохтед? 

-Шиносоии ман бо устод хеле ҷолиб сурат гирифтааст. Баъди он ки таронаи «Дар ин замин монанди ман ошиқ намеояд дигар» ҳаводорони зиёд пайдо кард, ман шеъри дигари устод «Зулфата боло задам, сила ба шабҳо задам»-ро ба оҳанг даровардам ва сабт ҳам кардам. Аз байн якуним сол гузашт, вале ҳеҷ не ки таронаи мазкур аз радио ва телевизион садо бидиҳад. Аз масъулини Шӯрои бадеӣ сабаб пурсидам. Гуфтанд, ки камбудие дар матн будааст. Масалан, ибораи «бӯса ба дунё задам» гӯё маъние надошта будааст. Ҳамин шуду ман аввалин бор ба назди устод Бозор Собир рафтам то маънии ин ибораро аз худашон бипурсам ва агар розӣ шаванд онро тағйир бидиҳанд то бо назардошти тағйирот ман онро боз як бори дигар пешкаши Шӯрои бадеӣ кунам.

 Вале устод Бозор Собир чун шуниданд, ки як ибораи шеърашро бемаънӣ гуфтаанд, хеле ҳам дар ғазаб шуданд ва ба яке аз масъулини Шӯрои бадеӣ занг зада гапҳои пасту баланд гуфтанд. Баъди дахолати худи устод Бозор Собир таронаи дуввуми ман бар матни ин шоири ширинкалом аз тариқи радио ва телевизион садо дод. Бояд бигӯям, ки ин тарона ва таронаҳои дар ҳамин давра бар матни шоирони дигар, азҷумла шодравон Лоиқ Шералӣ «Некӣ бимонад ҷовидон», шодравон Фурӯғи Фаррухзод «Шукуфаи андӯҳ», шодравон Боқӣ Раҳимзода «Баҳория», Муҳаммад Ғоиб «Эй дили ман бо умеде зинда бош» як навоварӣ доштанд. Ман нахустин бор дар мусиқии тоҷик ба ҳайати ансамбли асбобҳои миллӣ скрипкаро ворид кардам. Барои ман иҷро кардани чунин кор чандон душворие надошт.

 Чунки дар нота навиштани оҳангро медонистам ва ин бошад корро осон мекард. Агар мутрибони мо нотаро медонистанд, корашон хеле осон мешуд. Барои онҳо лозим намешуд, ки тамоми оҳангҳоро аз ёд донанд. Дар вақти зарурӣ кофӣ мебуд, ки онро аз рӯи нота хонанд. Айнан монанди шоире, ки шеърашро аз рӯи китоб мехонад. На ҳамаи шоирон тамоми шеърҳояшонро аз ёд медонанд. Агар шоир хондану навиштан тавонад, ҳар гоҳ ки хоҳад, шеърашро аз китобаш пайдо карда мехонад. Барои ҳамин мутрибони моро лозим аст, ки аз асрори нота низ бохабар бошанд. Корашон осон мешавад. Дар ҳақиқат, таҳсин ба устодон Акашариф Ҷӯраев, Зафар Нозимов, Ҷӯрабек Муродов, Одина Ҳошим, ки чӣ гуна тавонистаанд ин миқдор оҳангу таронаро дар майнаи худ ҷой диҳанд.

-Пас шумо таронаҳоятонро ҳини эҷод баробари қироат кардани шеъри интихобкардаатон ба нота мекашед?

- Ҳофиз агар шеърро дӯст надорад ҳофиз шуда наметавонад. Овозхоне, ки пайваста шеър мехонад, ин маънои онро дорад, ки пайваста дар ҷустуҷӯ аст. Ҳини хондани шеър оҳанг эҷод мешавад. Ман, асосан пас аз ёфтани матни мақбул оҳанги онро замзама мекунам. Ман ҳайронам ба онҳое, ки аввал оҳанг месозанд ва баъд матн мекобанд. Ҳаминро бояд бигӯям, ки шеъри олӣ ҳамеша бо худ оҳанги олӣ дорад. Шафеии Кадканӣ мегӯяд: Шеър чизе нест ҷуз ба мусиқӣ расидани калом. Шеъри асил мусиқӣ дорад. Шоире, ки арӯзро медонаду вале мусиқиро ҳис намекунад, ӯ ҳам шеъри асл намегӯяд. Шеъре, ки оҳанг надорад, он ҳам шеър нест.

 Пеш аз ҳама барои пайдо кардани ин оҳанг ё худ ёфтани ин оҳанг бояд ба умқи мазмуни шеър сарфаҳм биравем. Соддатар карда бигӯем маънии шеърро бояд пурра дарк бикунем. Он гоҳ ҳамон оҳанги шинами ин шеър худаш ҳувайдо мешавад. Баъди ёфтани оҳанг онро бо асбобҳои гуногуни мусиқӣ менавозам. Сипас ба хотири фаромӯш нашудани оҳанг онро дар чанд вариант ба нота медарорам. Оҳангҳое ҳастанд, ки дар як лаҳза эҷод мешаванд. Вале оҳангҳое ҳастанд, ки эҷоди онҳо моҳҳову солҳо идома пайдо мекунанд. Масалан, таронаи «Ворисон» («Аз хуни Сиёвушем») бар матни Бозор Собирро ман дар муддати беш аз ду сол навиштаам.

 -Мешавад, ки дар бораи чӣ гуна эҷод шудани ҳамин тарона, чанд сухан мегуфтед?

 -Солҳои 2001-2002-ум буд. Вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон будам. Вақте ки аввалин бор шеърро қироат кардам ба ваҷд омадам. Шеъри ниҳоят олӣ. Як шеъри инқилобист. Оҳанги мутантан дорад. Ба худ гуфтам ҳамин оҳанги шеърро ёфтан даркор. Ёфтам. Аввал хостам, ки бо ансамбли асбобҳои халқӣ худам хонам. Таҷриба кардам, дидам, ки намешавад. Қудрати ансамбл намерасад.

 Бо бастакори соҳибистеъдод Толиб Шаҳидӣ маслиҳат кардам. Баъзе маслиҳатҳои муфид доданд. Агар хато накунам соли 2002-ум буд. Сурудро дар иҷрои гурӯҳи овозхонҳои омехта аз ансамбли кумитаи радио ва телевизион ва театри опера ва балет сабт кардем. Ба он хотир мо гурӯҳи ҳофизонро омехта кардем, ки тарона лаҳни тоҷикӣ бигирад. Маълум аст, ки аксари таронаҳоеро, ки ҳофизони театри опера ва балети ба номи Айнӣ мехонанд, лаҳнӣ аврупоӣ доранд.

 Аз ин рӯ мо дар вақти сурудани ин тарона овозхонҳоро ҳам аз ансамбли асбобҳои халқии кумитаи радио ва телевизион гирифтем ва ҳам аз миёни овозхонҳои театри опера ва балет. Яке аз коргардонҳои маъруфи мо Убайдулло Раҷабов гуфтанд, ки ин таронаро дар қатори ду суруди дигар ба як консерти ҷашнӣ омода кунам. Се суруд навиштам. Яктояш ин буду дигараш «Ориёно»-и шеъри Назри Яздон ва сеюмаш шеъри «Тоҷикистон»-и Низом Қосим. Дар консерти пешбинишуда танҳо ду суруди охиринро хондам. Намедонам барои чӣ он рӯз суруди «Ворисон»-ро аз барнома гирифтанд.

 Соли 2003-ум дар як консерте, ки ба муносибати 50-солагии рӯзи таваллуд ва 30-солагии фаъолияти эҷодиам дар театри опера ва балет таҳия шуда буд, ман ҳар сеи ин сурудро дар ҳамовозӣ бо оркестри симфонӣ хондам. Баъди хатми консерт як нафар инсоне ёфт нашуд, ки бигӯяд ин се таронаи ман хуб буданд ва ё бад. Ман ҳайрон шудам, ки наход, ки чизи хуб эҷод накарда бошам. Ҳамин тариқ чанд рӯз гузашту як рӯз ҳунарпешаи театр Ибодулло Машрабов ба ман гуфтанд, ки мехоҳанд ҳамин таронаи «Ворисон»-ро дар як барномаашон истифода баранд.

 Ман розӣ шудам. Он кас истифода карданд. Ҳамин тариқ чанд сол гузашт. Соли тамаддуни ориёӣ ҳам гузашт. Таронаҳои зиёде садо медоданд. Вале ин тарона садо намедод. Боре бо Раиси кумита ва директори барномаҳои телевизион ин масъаларо дар миён гузоштам. Таронаро гирифта клип карданд ва дар телевизион намоиш доданд. Мухлисони зиёде пайдо кард. Имрӯз хурду калон онро мехонанд. Ҳисси ифтихори миллиро бедор мекунад. Ба гуфтаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон кореро, ки як асари санъати асил мекунад, ягон сиёсатмадор аз ӯҳдааш баромада наметавонад. Дар вақташ сурудҳои оҳангсози машҳури советӣ Александров мардумро ба корнамоиҳо даъват мекарданд. Дар муттаҳид кардани мардум хизмати босазо карданд.

 -Воқеъан, дар васоити ахбори омма чанде пеш аз сӯи бархе зиёиён пешниҳод шуд, ки озмуни тозае барои қабули як сурудии миллии нав баргузор шавад ва ҳамин тарона ба ҳайси суруди миллӣ ба ин озмуни эҳтимолӣ пешбарӣ шавад. Худи шумо дар ин бора чӣ фикр доред?

 -Ин суруд акси садои дили ман ба ин шеъри устод Бозор Собир аст. Акси садои дили як эҷодкори ватандӯсту ватанпараст. Ман бо эҷоди ин тарона ягон даъвое надорам, ки он суруди миллӣ эътироф шавад ё на. Ман ҳамчун як шаҳрванди ин кишвари азизам бо эҷоди ин таронаам кӯшидам ба миллату Ватанам хизмате карда бошам. Ҳамчуноне, ки муаллифи ин шеър Бозор Собир бо эҷоди ин шеъраш ин корро кардааст. Ҳамчуноне, ки як коргари оддӣ сари дастгоҳи кориаш амалеро иҷро мекунад.

 -Шумо аз ҷумлаи овозхонҳое ҳастед, ки мекӯшед ҳар кадом шеъреро ба оҳанг дароварда бошед, онро пурра хонед. Масалан, баъзе овозхонҳо аз як шеъри 7-8 байтӣ танҳо чор -панҷ байти онро мегиранду халос. Шумо бошед, одатан шеърро қариб, ки пурра ба оҳанг медароред. Масалан, шеъри Бозор Собир «Дилхунук» аз 16 мисраъ иборат аст ва шумо дар таронаатон ҳамаи онро мехонед. Мехостам дар ин бора ва таърихчаи эҷод шудани ин тарона чанд сухан бигӯед?

 -Дар ин маврид бояд бигӯям, ки ҳангоми мутолиаи ашъори шоирон нахуст шеъри писандидаамро, он шеъреро, ки ният мекунам ба оҳанг дарорам, пурра азёд мекунам.

 -Инро аз шеърхониҳо ва он иқтибосҳое, ки аз таронаҳоятон меоред, эҳсос кардам.

 -Пурра аз ёд кардани шеъри шоир барои пайдо кардани оҳанги хуб хеле кӯмак мекунад. Вақте шеъри азбарнамударо пай дар пай чанд бор мехонӣ, мефаҳмӣ, ки дар баробари он, ки ҳар мисраву ҳар байт маънии худро дорад, шеъри том ҳам дар ҷамъбаст, дар умум як маънои худро доштааст, ки он маъноро бидуни ҳатто як байти он пайдо кардан мушкил аст. Ё ба ибораи дигар бигӯем маънои шеър бидуни як байти он коста мешавад.

 Барои ҳамин ҳам ман мекӯшам шеърҳоро ба пуррагӣ дар таронаҳоям хонам. Махсусан, шеърҳои устод Бозор Собирро. Албатта истисно ҳаст. Вале агар хоҳед, ки шунаванда ба умқи маънии шеъри устод Бозор бирасад, онро бояд, ки пурра хонем. Шеъри «Дилхунук»-ро устод қабл аз даврони истиқлол навиштаанд. Вақте, ки аввалин бор шеърро хондам ҳамин тавр ҳис кардам, ки он тарҷумаиҳолиасту як лаҳзаи ҳаёти устодро дар бар мегирад:

 Аз дилхунукиҳои ӯ ях баст сар то пои ман,

Тӯмори гармиам надод аз мӯи ӯ муллои ман.

Саҳрои ишқам дар ҷаҳон шуд ҷои вовайлои ман,

Бо ман бинолу гиря кун, саҳрои ман, саҳрои ман.

Дирӯзи ман як рӯз не гӯё, ки як садсола буд,

Аз ишқи бефардои ман дирӯзи ман дар нола буд.

Дирӯзу имрӯзам гузашт, аз рӯзи фардоям чи суд,

Бо ман бинолу гиря кун, фардои ман, фардои ман.

 Вале баъдан ҳаёт нишон дод, ки «Дилхунук» болотар аз як шеър будааст. Яъне чӣ тавре, ки дар санъати рассомӣ наққошон мегӯянд, як автопортрет будааст. Устод паёмбарона ояндаи фоҷиабори худашонро дар ин шеърашон пешгӯӣ карда будаанд.

 -Воқеъан, дар ҳамин суруди шумо устод Бозор бо садои худашон мегӯянд:

 Дирӯзу имрӯзам гузашт, аз рӯзи фардоям чи суд,

Бо ман бинолу гиря кун, фардои ман, фардои ман.

 Садои устодро чи тавр шуд, ки ба суруд ворид кардед? Ин кори шумо, агар хато накунам, дар он вақт як навоварӣ буд?

 Бале. Вақте ки сурудро пурра омода кардам ва навбат ба сабти он расид ба назди устод рафтам ва гуфтам, ки «устод, ман ҳамин гуна тарона бар матни шеъри шумо эҷод кардаам. Мехоҳам, ки ду мисраи онро худатон қироат кунед, ки дар сурудам ҷой диҳам». Устод «маро ҳофиз карданиӣ, гӯй», гӯён табассумкунон розӣ шуданд. Рӯзи дигар устодро ба студия даъват намуда ҳангоми сабти суруд садои он касро низ сабт кардем.

 Дар вақти эҷоди таронаҳо бар матни шоирони дигар низ мешуд, ки бо устод маслиҳат мекардам. Чунин як лаҳза ба ёдам меояд. Боре шоираи хушкалом Ҳадиса Қурбонова ба муносибати 40-солагии Рӯзи ғалабаи халқи советӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ шеъре навишта буданд, ки бо ин мисраъҳо оғоз мешуд:

 И раҳаки Данғара раҳи сӯзонай,

Аскарбача рафта тӯшааш талқонай.

Полиз норасида хирманаш нокуфта,
Сар дар сари зону ёракуш гирёнай.
 

Ин шеърро барои Мастона Эргашева ба оҳанг даровардам. Ҳамааш хуб буд. Вале боз фикр кардам, ки агар ин шеърро ба Бозор Собир нишон диҳам, шояд ягон маслиҳати муфиде диҳанд. Устод Бозор шеърро гирифтанду баъди чанде онро ба ман бозгардонданд. Бинам ба ғайр аз банди аввал дигар тамоми бандҳояш таҳрир хӯрдааст ва хеле хубтару ҷолибтар шудааст. Гуфтам: Устод, ин шеърро моли кӣ гӯем? Гуфтанд: Чӣ хел моли кӣ гӯем? Моли Ҳадисабону Қурбонова. Ана ҳамин хел шоири дарёдил ҳастанд, устод. Тарона чунон таъсирбахшу муассир баромад, ки ҳатто ҳангоми сабти навори он оператори телевизион Амон Урунов дигар тоб наоварда лаҳзае чанд корро бас карда зор-зор гиря карданд. Баъдтар фаҳмам, ки як писари Амон Урунов дар як садамаи автомобилӣ ду сол пеш ба таври фоҷиавӣ ҳалок шуда будааст. Ва шояд он лаҳза ба ёдаш он писараки ҷавонмаргашон расидааст:

 Мешавам ман доғ ҳар касро ки месӯзад фалак,

Аз чароғи дигарон ғамхонаи ман равшан аст.

 Мастона ин таронаро бисёр хуб хонд. Мастона боз як суруди дигари ман, «Аллаи модар»-ро ҳам бо як сӯзу дард мехонад. Ман як силсила таронаҳо дар бораи модар навиштаам. Ҳисоб кардам ҳашт тарона мебошад. Охирин таронае, ки дар бораи модар эҷод кардам, ин шеъри зиндаёд Лоиқ аст:

 Ниҳодам дастаи гул ин саҳар рӯи мазори ту,

Гуле аз орзуҳои ҷавониву баҳори ту.

 Шеър ҳарчанд ҳаҷман калон бошад ҳам кӯшиш кардам, ки ҳамаашро хонам.

 Мусоҳиб Султони ҲАМАД

(идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi