17:48:27 01-уми Июни 2025 сол

АМРИДДИНИ КАБИР ҲУНАРМАНДИ ХАЛҚӢ ШУД

Амриддини Кабир, овозхони тоҷики муқими Бишкек, бо амри президент Эмомалӣ Раҳмон ба унвони «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» сазовор гардид. Ҳодисаи ба унвонҳои баланди ҳунарӣ даст ёфтани ҳунармандони кишвари дигар фақат дар замони Шӯравии собиқ имкон дошт.

Аммо Амриддини Кабир бо вуҷуди он ки дар хоки Қирғизистон ба сар мебарад, ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта буд ва дар арафаи ҷашни 18-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ба унвони «Ҳунарпешаи халқӣ» муфтахар шуд. Худи Амриддин дар ин маврид мегӯяд: «Бисёр хурсандибахш аст, ки давлати Тоҷикистон ба тоҷикони бурунмарзӣ низ эътибор медиҳад. Ин унвон собит намуд, ки ҳунари ман барои ватану мардуми худам даркор будааст». Амриддини Кабир тайи 16 соле, ки бошандаи Қирғизистон аст, ҷашну тантанаҳои хурду бузурги давлатиро шукӯҳ ва шаҳомат бахшидааст ва маъракаҳои тоҷиктаборони ин кишварро обод кардааст.

Оқои Амриддини Кабир моҳи майи соли 1991 ба унвони «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» даст ёфта буд. Вале баъди нооромиҳои солҳои навадуми қарни пеш аз Тоҷикистон озими Қирғизистон шуд. Вай тӯли ин солҳо гурӯҳи ҳунарии «Наво»-и Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакиро бар дӯш дорад.

Амриддини Кабир мегӯяд, дар мавриди ба ҷоизаи баланди давлатӣ сазовор шуданаш саҳми созмони тоҷикони Қирғизистон ва сафорати Тоҷикистон дар Бишкек қобили эътироф аст.

Ӯ мегӯяд, ёди диёр ва ёди пайвандон ҳамеша вайро ором намегузоранд. «Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди ватан, дар ватан будаи бе ёди ватан беватан аст.» Ин байт ҳамеша сароғози таронаҳои ӯ будааст, ки дар хоки Қирғизистон эҷод кардааст.

Мирасрори Фарғонӣ, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854