14:27:03 12-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

НАВИСАНДАИ "ДУХТАРИ ОТАШ" САДСОЛА ШУД

Дар Эрон ба ифтихори садумин солгарди таваллуди Ҷалол Икромӣ филми мустанаде дар бораи зиндагӣ ва осори ин нависандаи маъруфи тоҷик таҳия шуда ва китоби “Ман гунаҳкорам” ба хутути форсӣ ва сириллик чоп шудааст.

Дар ин бора Алӣ Асғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 18 сентябр дар маҷлиси бузургдошти Ҷалол Икромӣ дар шаҳри Душанбе, ки дар иртибот бо 100-умин солгарди мавлуди ин шахсияти маъруфи арсаи адабиёт ва ҳунари тоҷик баргузор шуд, хабар дод. Дар ин маросим таъкид шуд, ки Ҷалол Икромӣ аз бузургтарин нависандагон ва дромнависони қарни гузашта дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва осори ӯ дар ватанаш ва хориҷ аз он шӯҳрати зиёде доранд.

Ҳикояи порашуда

Ҷалол Икромӣ аз шогирдон ва пайравони сабки нависандагии Садриддин Айнӣ, қофиласолори адабиёти қарни 20 Тоҷикистон буда ва дар ҷараёни фаъолияти пурсамари эҷодияш 10 румон, 8 повест ё қисса, 13 намоишномаи теотрӣ ва синемоӣ иншо кардааст. Аммо гуфта мешавад, ибтидои роҳи эҷодии Икромӣ пур аз шебу фароз ва ҳамроҳ бо мушкилоти фаровоне будааст.

 Абдулҳамиди Самад, нависанда ва муъовини раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, мегӯяд Ҷалол Икромӣ ҳикояи нахустини худ бо номи “Ширин”-ро шаш бор рӯйнавис карда ва барои қироат ба устод Садриддин Айнӣ пешниҳод кардааст. Пас аз интиқоди шадиди Айнӣ аз сабк ва тарзи навишти ин асар Ҷалол Икромӣ ҳикояро навмедона пора-пора карда ва тасмим гирифтааст, ки дигар аз шуғли нависандагӣ парҳез кунад.

Аммо дӯстонаш пораҳоро ҷамъоварӣ карда ва пас аз таҳрир ҳикояи “Ширин”-ро дар рӯзнома чоп кардаанд ва ин ҳодиса Ҷалол Икромиро дубора ба арсаи нависандагӣ овардааст. Ҳамчунин, дар маросими солгарди Ҷалол Икромӣ аз қазияи зиндонӣ шудани ӯ дар соли 1936 ба иттиҳоми фарзанди қозии Бухоро буданаш ва "ҳамалоти адибони нотавонбину мунтақидон" ёдоварӣ шуд.

Ба гуфтаи окодемисян Муҳаммадҷон Шакурӣ, донишманди саршиноси тоҷик ва домоди Ҷалол Икромӣ, ба ҳангоми баррасии дастнависи румони “Ман гунаҳкорам” дар авоили даҳаи 1960 мунтақидон ин асарро “мухолиф бо усули реолисми сусиёлистӣ” хонда ва чопашро иҷоза надодаанд. Оқои Шакурӣ гуфт, ки танҳо пас аз пуштибонии нависандагони маъруфи Шӯравӣ, бахусус Мухтор Авезов, аз Қазоқистон, румони “Ман гунаҳкорам” чоп шудааст.

Муҳаммадҷон Шакурӣ мегӯяд, ки Икромӣ як марди оромтабиъат, солор ва оқиле буд ва ба фишору ҳамалоти лафзию катбии мунтақидонаш посух намегуфт: "Дарди қалбашро аз тариқи масрафи доруи зиёд таскин медод."

Нависандаи мардумӢ

 Гулрухсор, шоъири маъруфи тоҷик, гуфт, ки Ҷалол Икромӣ чун дигар адибони Тоҷикистон мақому мансабе надошт ва танҳо ба таълифи румону қисса ва намоишномаҳо машғул буд. Вай афзуд, ки Икромӣ "нони хонаводаашро ба ҳисоби шуғли нависандагӣ пайдо мекард."

 Ба эътиқоди хонуми Гулрухсор, аз ин лиҳоз, устод Икромӣ дар пешаи худ ба пояи баланд расида ва шӯҳраташ аз марзҳои Тоҷикистон убур кардаю ба кишварҳои ҳамсоя, Урупо ва мамолики Араб, расидааст. Бахусус, китоби сегонаи вай, “Духтари оташ”, “Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро” ва “Тахти вожгун” на танҳо дар Тоҷикистон шӯҳрати беандоза дошт, балки ба даҳҳо забон дар кишварҳои хориҷӣ тарҷума ва чоп шудааст.

 Зимнан, румони “Духтари оташ” дар гузашта аз забони фаронсавӣ ба форсӣ низ тарҷума шуда ва бо номи “Фирӯзо” дар Эрон мунташир шудааст. Гуфта мешавад, тарҷумони эронӣ зоҳиран намедониста, ки Ҷалол Икромӣ як нависандаи форсизбон аст ва китоби ӯ ба забони форсӣ, вале ба хатти сириллик, вуҷуд дорад. 

Ба гуфтаи сафири Эрон дар Тоҷикистон, дар моҳи ҷорӣ китоби “Ман гунаҳкорам”-и устод Икромӣ дар Эрон чоп шуда ва ҳамакнун чанд нусхаи аввали ин китоб дар остонаи ҷашни солгарди ин нависандаи маъруф ба Тоҷикистон расидааст. Ба гуфтаи Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, пас аз чопи румони “Духтари оташ” бештари сокинони Тоҷикистон духтарони навзоди худро ба ифтихор аз номи қаҳрамони ин румон “Фирӯза” номгузорӣ кардаанд.

 Бо тасвири зане шуҷоъ ва диловар, ки дар замони аморати Бухоро фаъолиятҳои ҷасуронае анҷом медиҳад, ин асар аз муҳиммтарин осори дорои мазомини феминистӣ дар адабиёти Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ҳарчанд ба гуфтаи пажӯҳишгарон, Ҷалол Икромӣ огоҳии зиёде аз мактаби асолати зан ё феминисм, ки дар Урупо дар авоили қарни 20 тоза зуҳур мекард, надошт.

 Аз вижагиҳои ин китоб он аст, ки қаҳрамонони зани он дар эътироз ба зулму ситами роиҷ дар Аморати Бухоро ва бо оғози инқилоби сусиёлистӣ дар Осиёи Миёна фаранҷиҳо ё бурқаъҳои худро дар оташ меандозанд, ки ин тасвир бар ҳаводиси таърихӣ мубтанист.

 Оқои Бахтӣ бо ишора ба ин мавзӯъ аз қавли Мирзо Турсунзода, шоъири саршиноси қарни гузашта, Ҷалол Икромиро “вассофи ҳунару зебоии зан” хонда ва гуфт, ки дар осори ӯ зани тоҷик мубориз, мудофеъи ҳуқуқу озодии худ ва аламбардори илму ҳунар тасвир гардидааст. Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарпешаи маъруф, Ҷалол Икромиро аз саромадон ва муассисони теотр дар Тоҷикистон хонд ва гуфт, ки намоишномаву филмномаҳои ӯ ҳоло аз осори клосики теотр ва синемо дар кишвар маҳсуб мешаванд.

 Ҳамчунин, оқои Абдураззоқов аз саҳми фаъоли устод Икромӣ дар бардоштани филми “Марги судхур” бар асоси асари Садриддин Айнӣ ёдовар шуд ва гуфт, ки ӯ ба унвони муҳаррир ва мушовири филм аз мақомоти вақти Ӯзбакистон иҷозаи филмбардорӣ дар Масҷиди Калони Бухороро ба даст овардааст.

 Аз сӯи дигар муҳаққиқон бар ин назаранд, ки осори Ҷалол Икромӣ мисли осори шуъаро ва нависандагони дигари замони шуравӣ дар шароити ҳукумати идюлужии кумунистӣ эҷод шудааст ва воқеъиятҳои зиндагиро аз дидгоҳи ин идюлужӣ бозтоб додааст. Аммо Икромӣ тавонистааст бо вуҷуди чунин маҳдудият то андозае ки имконпазир буда воқеъиятҳои зиндагии мардумро дар ин шароият дар осори худ мунъакис кунад.

 Ҷашни хоксорона

Ҳамзамон, иддае аз адибони тоҷик аз бетаваҷҷӯҳии давлати Тоҷикистон дар ташкил ва баргузории маросими таҷлил аз солгарди ин нависандаи маъруф интиқод карданд. Таъкид шуд, ки давлат бо баргузории як ҷашни хоксорона дар теотри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ иктифо карда ва барои таҷлили бошукӯҳ ва саросарӣ аз солгарди ин анвисандаи маъруф талоши кофӣ ба харҷ надодааст.

 Саттор Турсун, нависандаи саршинос, гуфт, ки на танҳо дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе, ҳатто дар назди теотри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ лавҳае бо акси ӯ насб нашудааст. Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи оқои Турсун, родию ва телевизиюни давлатии Тоҷикистон низ "дар мавриди садумин солгарди ин абармарди арсаи адабиёти тоҷик барномаҳои вижа пахш накардаанд."

 Ин дар ҳолест ки филмбардорони эронӣ филми мустанадеро дар бораи Ҷалол Икромӣ таҳия кардаанд ва қарор аст ин филм шоми ҷумъаи 18 сентябр дар шабакаи сеюми телевизиюни Эрон пахш шавад. Ҳамчунин, Саттор Турсун аз он гила дошт, ки мавзӯъи таҷлил аз садумин солгарди Ҷалол Икромӣ дар нашрияҳои давлатӣ ва мустақили Тоҷикистон низ бозтоби чандоне надоштааст.

 Мардони Муҳаммад,

Би-би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi