02:34:04 01-уми Июли 2025 сол

САИДҚУЛИ БИЛОЛ: "ДАРДИ БОЗОРРО ДАРК МЕБОЯД"-2

-Таронаи «Олучаи латтадор» бар матни устод Бозор Собир ҳам фикр мекунам дар байни таронаҳое, ки дар бораи модар гуфтаед, ҷои хосро ишғол мекунад?

 

-Бале, таронаи «Олучаи латтадор» бар матни рубоиҳои дар васфи модар гуфтаи устод Бозор Собир эҷод шудааст. Вақте ки ман аввалин бор ин рубоиҳоро қироат кардам гумон кардам, ки онҳоро устод Бозор Собир барои волидайни худораҳматии ман навиштааст. Ашки дидаҳоям шашқатор шуд. Манзараеро, ки дар ин рубоиҳо устод тасвир кардааст, сад дар сад манзараи марқади волидайни маро дар деҳаамон ба хотир меовард:

 

Олучаи латтадор буд модари ман,

Қишлоқии хоксор буд модари ман.

Яъне ки бузургвор буд модари ман,

Дар зиндагиаш мазор буд модари ман...

 

Дар зери сафедор бувад хоки падар,

Дар зери дарахти тут хоки модар.

Саддаста гирифтаанд азизони маро,

Бо решаи хештан дарахтон дар бар…

Ҳамин тариқ «Олучаи латтадор»-ро бо оби дида «сабзондам». Хостам онро ба Малика Саидова бидиҳам. Вале боз фикр кардам, ки шукри Худо модари Маликабону дар қайди ҳаётанду Малика, хушбахтона, ин дардро надорад. Дар як маъракаи хонаводагӣ онро аввалин бор барои наздикони худ сурудам. Дидам, ки қариб ҳама оби чашм рехтанд.

 

Акаам Усмонқул гуфтанд, ки ин чи оташе буд, ки бар ҷони мо задияш? Шеъри кист? Оҳанги кист? Гуфтам, ки шеъри устод Бозор Собир, оҳанги худам. Ба наздики яке аз овозхонҳои ансамбли «Дарё» онро хоҳад хонд. Гуфтанд, ки на, на, инро фақат худат бихон ва бо ҳамин сӯзе, ки имрӯз хондӣ. Илтимос, худат бихон!

 

-Мехостам дар бораи таърихчаи эҷод шудани суруди «Тоҷикистон» чанд сухан мегуфтед? Зеро устод Бозор Собир ин ва баъзе шеърҳои дигари худро азҷумла, шеъри «Кӯҳи лолагардан», ки онро ҳам шумо ба оҳанг даровардаед, дар шакли шеъри сафед эҷод кардааст. Шумо чӣ гуна тавонистед, ки онҳоро ба оҳанг дароред? Маъмулан оҳангсозони мо ашъори бар вазни арӯз навиштаро ба оҳанг медароранд, на шеъри сафедро. Оё ин кор мушкил набуд?

 

Рости гап, қариб ҳамаи шеърҳои ба вазни арӯз навиштаи устод Бозорро ба оҳанг даровардаам. Ниёз ба эҷоди як суруди хуб дар бораи Тоҷикистон доштам. Ҳамин қадар ашъори шоирони мухталифро кофтам, аммо аз нигоҳи худам чизи сазоворе дар ҳамон лаҳза аз шоирони дигар пайдо карда натавонистам. Боз руҷӯъ кардам ба китоби устод Бозор Собир ва намедонам бори чандум хондам шеъри «Тоҷикистон»-ро. Аниқтараш азёд гуфтам онро. Ин шеър дар даврони шӯравӣ гуфта шудааст. Вале имрӯз мубрам шудааст, дар даврони соҳибистиқлолӣ.

 

 

Агарчи шеъри сафед ҳам буд, вале баногаҳ он лаҳза оҳанги он ҳам дар боли мурғи илҳом оҳанги мо кард. Пушти фортопияно нишастам… Баъди чанд лаҳзаи дигар оҳангро ба дафтари нота сабт кардам. Вақте ин таронаро дар толори дафтари ЮНЕСКО дар Париж мехондам аз саҳна медидам, ки бародарони эронии муқими Фаронса, ки матни таронаро хуб мефаҳмиданд, ашк дар чашм вокуниш нишон медоданд. Миёни силсилатаронаҳоям, ки дар бораи Тоҷикистон сурудаам, ин суруд ҷои хоси худро дорад. Фикр мекунам тоҷи ин таронаҳо аст.

 

Тоҷикистон, Тоҷикистон,

Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту

Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам,

Пойи худро раҳ ба раҳ афшонда рафтам, бар заминат.

Аз замини камзаминат

Гарди хоке кам накардам.

Тоҷикистон, Тоҷикистон,

Мекунам шукри каму бисёри ту

Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту.

Аз ту ман сарват намехоҳам Ватан ҳастӣ, Ватан ҳастӣ бас аст!

Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст!

Ҳар куҷое санг дидам,

Даст бурдам бар сараш чун бар сари фарзанди хеш

Бо навозиш,

Гуфтам, ӯро аз Бадахшон кандаанд,

Тифли ширхори маро аз банди пистон кандаанд…

 

-Дар ҷамъ шумо чӣ қадар тарона аз ашъори устод Бозор Собир эҷод кардаед?

 

-Умуман дар фонди мусиқии радио бо садои худам 145 суруду тарона дорам. Дар ин байн ман як тарона аз оҳангҳои оҳангсоз шодравон Дамир Дӯстмуҳаммадов, як тарона аз эҷоди шодравон Миръатулло Атоев, як тарона аз бастакор Фаттоҳ Одинаев ва як тарона аз оҳангҳои Карим Ҳалимов хондаам. Дигар боқимондааш таронаҳои эҷодкардаи худам ҳастанд. Қариб сад оҳанг барои овозхонҳои дигар навиштаам.

 

Таронаҳоеро, ки бар ашъори Бозор Собир сурудаам беш аз 35 адад ҳастанд. Аз ин миқдор навори 25 суруд дар фонди радиои Тоҷикистон мавҷуд аст. Ба матни беш аз 10 шеъри устод оҳанг бастаам, вале онҳо ҳанӯз сабт нашудаанд. Чанд рӯз пеш шеъри «Гулҳои Ватан»-ро ба оҳанг даровардам:

 

Гулҳои Ватан начидаам даҳ сари сол,

Дидори Ватан надидаам даҳ сари сол.

Мебинамаш аз харитаи деворӣ,

Дурии Ватан кашидаам даҳ сари сол.

 

Дар ин шеъраш устод проблемаҳои глобалии мардуми форсзабонро матраҳ кардаанд. Проблемаҳои ҳам эрониҳо, ҳам тоҷикон ва ҳам афғонҳоро, ки яке дур аз Кобул дар Сидней, дигаре дур аз Теҳрон дар Париж ва саввумӣ дур аз Душанбе дар Сиэтл дар ғурбат зиндагонӣ мекунанд. Устод Бозор Собир бисёр дур назар меандозанд:

 

То хонаи ман масофаи бисёр аст,

Расмам ба ду чашми чор дар девор аст.

Аз рӯи ман оинаи ман сер нашуд,

Оинаи ман мунтазири дидор аст.

Эй акс нишони рӯи моҳе будӣ,

Аз тозаҷавониам гувоҳе будӣ.

Ман пир шудам вале ҷавонӣ ту ҳанӯз,

Ҳаққо, ки рафиқи нимароҳе будӣ.

Умрест, ки ҳаст чашми ман абролуд,

Борони сиришки ман даме канда нашуд.

Аз тарки Ватан, ки даҳ сари сол гузашт,

Даҳ сол ҳавои чашми ман соф набуд.

 

Ба ин хел шеър оҳанг набастан гуноҳ ҳаст.

 

Мусоҳиб Султони ҲАМАД

(идома дорад)

Назари Шумо

Security code
навсозӣ