08:03:57 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

ҲОҶӢ ҲУСАЙН ЧАНД СОЛ УМР ДИДААСТ?

Аввалин сарчашмае, ки дар бораи рӯзгор ва осори Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайни Хатлонӣ хабар медиҳад, ин «Тазкират-уш-шуаро»-и Хоҷа Неъматуллоҳи Мӯҳтарам мебошад.

/images/stories/2012/09/04_hoji-husayn-04912.jpgМӯҳтарам доир ба Ҳоҷӣ чунин маълумот додааст: «Ҳоҷӣ тахаллуси сухансанҷу волофитрат, нуктараси нозуктабиат, дарёмасири софизамир, саҳронаварди гӯшагиру хушнависи саноеътироз, қаламзани бадоеъпардоз, нигорандаи мабонии нигористони маонӣ Ал-Ҳоҷ Мулло Ҳусайни Хатлонӣ.

Мумиилайҳ таҳсили улуми расмиро ба назди асотизи (устодони, Р.Х.) Дорулфохира (Бухоро, Р.Х.) ба камол расонида, пайки саъйро ба кӯчаву пасткӯча фазоили аъмол давонида, абвоби футӯҳро дар ҳар боб ба рӯи худ кушода, аз ҳар хирмане заллае (таом, Р.Х.) рабуда, баъдаҳу ба мавтини маълуф ва манзили маъруфи худ шитофта, дар он ҷо байнулакобир ва-л-асоғир эътибори тамом ёфта, ашъори худро ба тартиби девон кашида, дар санаи 1331 дар матбааи Тошканд ба табъ ҳам расид ва дар охири он аҳволи худро батафсил баён намуда. Билҷумла мумиилайҳ ба мазмуни байти:

Ҳар сухансанҷе, ки хоҳад сайди маъниҳо кунад,

Чун забон мебояд, аввал хилвате пайдо кунад,

ба гӯшаи узлат орамида аз қотибаи (тамоми, Р.Х.) халоиқ рамида… (Хоҷа Неъматуллоҳи Мӯҳтарам. Тазкират-уш-шуаро. – Душанбе: «Ирфон», 1975,  саҳ. 96).

Саидумар Султон соли 1962 бахшида ба 80-солагии рӯзи таваллуди шоир «Асарҳои мунтахаб»-и ӯро ба нашр расонид, ки хонандаи тоҷик бори аввал ба намунаҳои осори Ҳоҷӣ ошно гардид. Китоби мазкур дар муаррифии шоир ва эҷодиёти ӯ хидмати шоистае кардааст.

Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайни Хатлонӣ яке аз шоирони бузурги охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ мебошад, ки, мутаассифона, эҷодиёти ӯ дар адабиётшиносии тоҷик хеле кам мавриди тадқиқ қарор гирифтааст.

Абдусалом Деҳотӣ дар мақолаи бо номи «Шоирони кӯҳистон» навиштааш масъалаи омӯхтани эҷодиёти шоирони кӯҳистони тоҷикро ба миён гузошта, барҳақ қайд намуда буданд, ки «даҳҳо шоирон ва адибони истеъдоднок дар камбағалӣ, хорӣ, дар асорати надимии мирҳои Ҳисор, Кӯлоб, ҳокимони Балҷувон, Дарвоз ва ғайра ҷон додаанд, ё бо гуноҳи саркашӣ кардан аз маҳдудкунии онҳо маҳв ва беному нишон карда шудаанд.

Маҳалҳо, таърих ва тазкираҳоро ҷустуҷӯ карда, зинда гардонидани номи шоирони кӯҳистонии тоҷик ва омӯхтани эҷодиёти онҳо яке аз вазифаҳои муҳими мо ходимони адабиёти муосири Тоҷикистон мебошад» (Намунаҳои адабиёти тоҷик, 1940, саҳ.219).

С.Султон дар «Дебоча»-и «Ашъори мунтахаб»-и Муҳаммадҳусайни Ҳоҷӣ роҷеъ ба рӯзгор ва осори шоир муфассал маълумот медиҳад ва аксар адабиётшиносони баъдина он маълумотро мустақиман иқтибос овардаанд. Мутаассифона, на ҳамаи далелҳои овардаи ӯ боэътимод буда, баъзе муҳаққиқон ба он шубҳа кардаанд ва бархеашон далелҳои дигарро низ нишон додаанд.

Чунончи, Амирбек Ҳабибов дар китоби «Доираҳои адабии Бухорои шарқӣ» (1984) дар бораи Ҳоҷӣ маълумоти додаи С. Султонро иқтибос оварда, дар нишон додани соли вафоти шоир ба назари шубҳа нигариста, аз ҷумла овардааст: «Аз рӯи тадқиқоти С. Султон шоир дар синни 41-солагӣ, соли 1922 дар зодгоҳи худ вафот ёфтааст, мутаассифона, сарчашмаи ин маълумот нишон дода намешавад» (Ҳамон ҷо, саҳ 73).

Шояд С. Султон санаи таваллуди Ҳоҷӣ Ҳусайнро аз рӯи байти зерини ӯ гирифта, як соли дар батни модар будаашро ҳам ба он илова карда, 41 сол умр дидани шоирро далел оварда бошад:

Вазъи тифлӣ то чиҳил аз хотири мо барнагашт,

Меравад ин кӯдаки бешарм то ҳафтоди мо

(Асарҳои мунтахаб, саҳ. 26).

Ҳамчунин аз  гуфтаи мураттибони осори Ҳоҷӣ Ҳусайн бармеояд, ки то ҳунӯз соли таваллуд, ашъори айёми ҷавонии шоир бо кадом тахаллус гуфта шудан ва дигар паҳлӯҳои ҳаёту эҷодиёти шоир ба пуррагӣ омӯхта нашудаанд.

С. Султон роҷеъ ба соли фавти шоир аз «Тазкират-уш-шуаро»-и Мӯҳтарам иқтибос карда бошад ҳам, ба иштибоҳ роҳ додааст. Масалан, соли таваллуди шоирро дар китоби «Ашъори мунтахаб»-и Ҳоҷӣ бидуни нишон додани маъхаз 1300 ҳиҷрӣ (1880 мелодӣ) оварда бошад, таҳигарони «Куллиёт»-и шоир низ аз рӯи гуфтаи духтари шоир – Бибибақия соли валодати Ҳоҷиро 1868 зикр намудаанд.

Доир ба соли таваллуди шоир муҳаққиқон дар навиштаҳои хеш рақамҳои гуногунро зикр кардаанд, ки ин ҳама хонандаро ба иштибоҳ меандозад. Аксарияти адабиётшиносон санаи овардаи С. Султонро бидуни таҳқиқ дар мақолоти хеш истифода бурдаанд.

Чунончи, таҳиягари китоби «Шоирони Мовароуннаҳр» (Душанбе: «Адиб», 2006) Алӣ Муҳаммади Хуросонӣ соли таваллуди Мулло Муҳаммадҳусайни Ҳоҷиро 1880 милодӣ нигоштааст (Ҳамон ҷо, саҳ. 504).

Дар «Энсиклопедияи советии тоҷик» (ҷилди 8, соли 1988, саҳ. 413), «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» (ҷилди 3, соли 2004, саҳ. 475) соли вафоти шоир 1916 ва дар «Энсиклопедияи Кӯлоб» (2006, саҳ. 582) санаи 1922 оварда шудааст.

Ҳол он ки Хоҷа Неъматуллоҳи Мӯҳтарам дар «Тазкират-уш-шуаро»-и худ возеҳан дарҷ намудааст, ки (Ҳоҷӣ, Р.Х.) «дар шаҳри рабеъ-ул-охири санаи 1335 (1917 милодӣ, Р.Х.) вафот ёфт. Ҷисми ӯ ба замини мавлудаш монд ва рӯҳаш ба олами бақо шитофт, раҳималлоҳу». (Ҳоҷа Неъматуллоҳи Мӯҳтарам. Тазкират-уш-шуаро. – Душанбе: «Ирфон», 1987,  саҳ. 97).

Боиси шодмонист, ки дар соли 1998 дар ҷумҳурӣ аз тарафи Қ. Чиллазод ва А. Абдураҳимӣ «Куллиёт»-и шоир (бо хаттҳои арабиасоси тоҷикӣ ва кирилликӣ) интишор гардид, ки мероси бозмондаи Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлониро ба пуррагӣ фаро гирифтааст.

Аз гуфтаи мураттибони китоб Ҳоҷӣ соли 1968 ба дунё омада, соли 1917 аз олам гузаштааст. Аз ин иқтибос маълум мегардад, ки шоир на 41 сол, балки ӯ 49 сол умр дидааст.

Бояд қайд кард, ки мураттибони «Куллиёт»-и Ҳоҷӣ Ҳусайн соли таваллуди шоирро аз рӯи гуфтаи духтари ӯ – Бибибақия гирифтаанд, на аз ягон сарчашма ё маъхази мӯътамад.

Аз рӯи адолат бояд гуфт, ки сухани тифли 6-7-сола, ки худ ҳанӯз аз оламу одам бехабар аст, оё ба ин қазия далели боэътимод шуда метавонад? Агар Ҳоҷӣ дар синни 49-солагӣ фавтида бошад, ин давраи пирии ӯ ба ҳисоб намеравад.

Шахс баъд аз синни 70–80-солагӣ худро пир меҳисобад. Ҳамин чиз моро водор намуд, ки оид ба ин масъала ҷиддитар назар андозем. Аз байтҳои ҷудогонаи дар «Куллиёт»-и шоир овардашуда дармеёбем, ки Ҳоҷӣ даврони пириро ҳам аз сар гузаронидааст.

Рӯзноманигор Қиёмиддин Сатторӣ дар мақолаи бо номи «Шоири хушсухан ва хушнависи зарқалам» навиштааш доир ба Ҳоҷӣ ба муҳобот роҳ дода, аз ҷумла овардааст: «Тамоми тазкиранависон (?) ба ашъори рангину ширин ва пурмаънои Ҳоҷӣ Ҳусайн баҳои муносиб ва баланд додаанд» (маҷ. «Мактаб», №11, 2011, саҳ. 27.)

Мутаассифона, дар тазкираҳои ибтидои асри ХХ ба монанди «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) ва «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (1940) аз ин шоири бузурги хатлонӣ маълумоте наомада, аз осораш ҳам намунаҳое оварда нашудааст.

Мураттибони тазкираи «Гулшани адаб» (ҷилди 5, соли 1980, саҳ. 337– 362) дар бораи Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ маълумоти мухтасар дода, аз осори ӯ 9 ғазал, 5 рубоӣ, 1 мухаммас ва қисмате аз маснавии «Комде ва Мадан»-и ӯро низ овардаанд.

Ҳамчунин С. Султон дар дебочаи «Асарҳои мунтахаб» ба мероси Ҳоҷӣ ишора карда, иброз доштааст, ки «материалҳои дар дасти мо буда, эҷодиёти ӯро то синни 31-солагӣ дар бар мегирад ва маҳсули эҷодии 10 соли охири ҳаёти шоир то ҳол маълум нагардидааст» (саҳ. 11).

Бояд қайд кард, ки «Куллиёт»-и Ҳоҷӣ на 10 сол пеш аз марг, балки се-чор сол қабл аз мавташ ба табъ расидааст. С. Султон ба мероси аз «Куллиёт» берун мондаи шоир чунин равшание андохтааст: «Аз баъзе шуққаҳо (коғазпораҳо)-и Ҳоҷӣ маълум мешавад, ки ӯ девоне номатбӯъ (батабънорасида) низ доштааст. Илова бар ин мо аз баёзе 10 ғазал, 5 мухаммас ва 3 мусаддаси Ҳоҷиро дарёфт намудем, ки дар «Куллиёт»-и чопии ӯ дида намешавад» (Ҳамон ҷо, саҳ. 11).

Ҳамчунин худи Ҳоҷӣ Ҳусайн ҳам дар байтҳои дохили девон аз «ҳилоли пайкар», «қади хамида», «субҳи пириҳо дамидан», «пиронсолагӣ», «гузаштиани умр», «сад бор гузаштани баҳор», «то ҳафтод», «пушти дуто», «хазони фасли мурданҳо» сухан ронда, инчунин дар бандҳои ҷудогонаи мухаммасҳо аз «бенурии чашм», «мижгони сафед» ва «бандаи пири остон» будани хеш ёдрас мешавад:

Чу ҳилол пайкари ман ба тавозӯи дари ӯ,

Ба умеди ҷабҳасоӣ ба қади хамида бигзашт

(Асарҳои мунтахаб, саҳ. 54).

Субҳи пириҳо дамиду рафт замони зиндагӣ,

Рехт анҷумпораҳои осмони зиндагӣ

(Асарҳои мунтахаб, саҳ. 210).

Гузашт умру надидем роҳате асло,

Магар ба хок расад беқарори мо чун тир

(Ҳамон ҷо, саҳ. 118).

Ҳоҷӣ, дили мо нагашт хуррам,

Сад бор гузашт баҳор бар мо

(Ҳамон ҷо, саҳ. 24).

Вазъи тифлӣ то чиҳил аз хотири мо барнагашт,

Меравад ин кӯдаки бешарм то ҳафтоди мо

(Ҳамон ҷо, саҳ. 26).

Гирди ҳар сар чун фалак гаштем бо пушти дуто,

Лаб ба дашномам кушуд, инкор кард аз марҳабо

(Ҳамон ҷо, саҳ. 27).

Тамошои ҷаҳону навбаҳори зиндагӣ дидан

Намеарзад ба як дам аз хазони фасли мурданҳо

(Ҳамон ҷо, саҳ. 28).

Чу пиронсолагӣ хиҷлаткаши ёди сабо ҳастам.

Ки ҳеҷам ҳосили он рӯзу ин фардо нашуд пайдо

(Ҳамон ҷо, саҳ. 29).

Умр шуд ба сар, Ҳоҷӣ, саъйи мо ҳамон бастаст,

Дар сафо дари бозам мекунад ғалақ пайдо

(Ҳамон ҷо, саҳ. 33).

Тарсам, эй маҳ, дар ниқоб аз дида пинҳон бинамат,

Аз ҳиҷоби ноз берун шав, ки осон бинамат.

Нури чашмам нест, то аз дур намоён бинамат,

Чун нигаҳ пеш о, ки дар оғӯши мижгон бинамат,

Бе ҷафову зулмат, эй хуршеди тобон, бинамат.

(Ҳамон ҷо, саҳ. 220).

Умрест, ки дар кӯи туам дида ба роҳ аст,

Мижгони сафедам ба чунин ҳол гувоҳ аст,

Эй Юсуфи ман, бе рухи ту ҳол табоҳ аст,

Чун кокули ту толеи ман гашта сиёҳ аст,

Чун зулфи ту бахтам шуда бо даври тасалсул.

(Ҳамон ҷо, саҳ. 227).

Эй асли суруру шодмонӣ,

В-эй ёди ту оби зиндагонӣ,

Монӣ ба бақои ҷовидонӣ,

Созам ба хитоб меҳрубонӣ,

К: –«эй бандаи пири остонам!»

(Ҳамон ҷо, саҳ. 235).

Аз далелҳои дар боло овардашуда ба хулосае омадан мумкин аст, ки Ҳоҷӣ Ҳусайн на 41, 42 ё 49 сол, балки ӯ шояд умри зиёдтаре дида бошад. С.Султон соли таваллуди Ҳоҷӣ Ҳусайнро 1300 ҳиҷрӣ (1880 мелодӣ) оварда бошад, таҳиягарони «Куллиёт»-и шоир онро аз рӯи гуфтаи духтари шоир – Бибибақия соли 1868 нишон додаанд ва муаллифон сарчашмаҳои ин санаҳоро (ба истиснои сухани духтари шоир, ки дар он замон 6–7-сола будааст) нишон надодаанд. Бинобар метавон гуфт, ки дар китобҳои зикршуда соли таваллуди шоир нодуруст дарҷ гардидааст.

Байтҳои дар боло овардашуда собит месозанд, ки шоир даврони пириро низ аз сар гузаронидааст ва аз нишонаҳои пирии худ дар шеърҳояш истифода кардааст.

Чизи дигареро низ бояд ёдовар шуд, ки С. Султон дар китоби «Асарҳои мунтахаб»-и шоир дар қатори дигар шеърҳо «Марсия ба вафоти нурулайнӣ Абдулқудусҷон»-ро ҳам овардаст, ки дар қисмати охири он ин байтҳоро мехонем:

Ё Раб, ту фурӯ гузор ӯро,

Дар равзи биҳишти ҷовидонӣ.

Он дур, ки захира гашт имрӯз,

Дар арсаи маҳшарам расонӣ.

Дар соли ҳазору сесаду бист,

Сеюм зи миёнаи ду сонӣ.

Аз ҳиҷрати фахри ҳарду олам,

Бигзашту гирифт хокдоне.

(Ҳамон ҷо, саҳ. 242).

Мураттиб дар байти пеш аз мақтаъ моддаи таърихро дида, дар поварақ онро чунин шарҳ додааст: «Яъне дар 13 рабеъ-ус-сонии соли 1327 ҳиҷрӣ ва 1909 мелодӣ» (Ҳамон ҷо, саҳ. 242).

Аз ин маълум мешавад, ки мураттиб мисраи «Сеюм зи миёнаи ду сонӣ»-ро моҳи сеюми ҳиҷрии қамарӣ, яъне рабеъ-ус-сонӣ дониста, дар 13-уми он моҳ ин ҳодиса рӯй доданро зикр менамояд, ки нодуруст аст.

Дар ҳақиқат писари шоир – Абдулқудусҷон дар соли 1327 ҳиҷрии қамарӣ (1909 мелодӣ) аз олам гузаштааст, чунки шоир онро аз марсияи дигари бо номи «Таърихи фавти Абдулқуддусҷон» навиштааш низ возеҳан дарҷ намудааст:

Таърихи фавташ хирад, «сад водареғу воҳ» гуфт,

Чун алифи қоматашро аз шумар гум кардам.

(Ҳамон ҷо, саҳ. 243).

Агар мо ҳарфҳои таркиби «сад во дареғу воҳ»-ро табқи ҳисоби абҷад баршумурем 1327 ҳосил мешавад ва байти моддаи таърихдоштаи марсияи боло (Дар соли ҳазору сесаду бист, сеюм зи миёнаи ду сонӣ) бояд чунин фаҳмида шавад:

Яъне, дар мисраи якуми он ҳарфҳои калимаи «Абдулқуддусҷон» ҳосили рақамҳояш баробари 1320 шуда, дар мисраи дуюм таркиби «сеюм зи миёнаи ду сонӣ» на моҳи фавт кардани писар, балки соли вафоти ӯро мефаҳмонад.

Агар мо ба санаи 1320 рақами 3-ро илова карда (1320+3=1323), ҳосили онро «миёнаи ду сонӣ») гузорем (2+1323+2=1327), дар маҷмӯъ 1327 ҳиҷрии қамарӣ ҳосил мешавад. Акнун соли 1327 ҳиҷрии қамариро ба соли ҳиҷрии шамсӣ бармегардонем (1327:33=40).

Агар ба соли 1327 ҳиҷрии қамарӣ соли ҳиҷрат, яъне 622 мелодиро зам карда,  аз он рақами 40-ро тарҳ менамоем (1327+622=1949–40=1909 мелодӣ), рақами дилхоҳамон ҳосил мешавад. Хуллас, соли 1909 мелодӣ ин санаи фавти писари шоир будааст.

Хулоса, аз байтҳои дар боло иқтибос оварда бармеояд, ки Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ на 41, 42 ё 49 сол зиста, балки ӯ шояд умри зиёдтаре дида бошад. Рӯзе мерасад, ки муҳаққиқони осори шоир санади боэътимодеро пайдо карда, таърихи аниқи таваллуди шоирро муайян хоҳанд кард.

Бинобар донишмандони соҳаро барои аниқ кардани масъалаҳои фавқуззикр ба баҳс даъват менамоям ва бигузор ҳар кас нуқтаи назари худро бо далелҳои мӯътамад пешниҳод намояд.

Раҷабалӣ Худоёров, номзади илмҳои филологӣ



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 05.09.2012 11:43
salom . boyad guft misli hoji huseynho chun eshonii tughrul s. ayni. hofiz . saadi. rudaki. bedil. jomi. va tamomi buzurgoni mo ki mo iftixori ononro ba sina mezanem dar masjidho ba kamoli ilmi va axloki rasidaand. imruz masulhoi hukumati darhoi masjidro mebandand ki javonon besavod va va boshaxsiat misli in olimoni zikrshuda ba dunyo nayoyad. sad afsus .
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi