02:49:12 02-уми Декабри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Декабр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ТАҶЛИЛ АЗ 80-СОЛАГИИ ЗОДРӮЗИ РОБЕРТ РОЖДЕСТВЕНСКИЙ ДАР ДУШАНБЕ

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Маркази фарҳангии Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ва Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон маҳфиле ба муносибати 80-солагии рӯзи таваллуди шоири машҳури рус Роберт Рождественский баргузор гардид.

/images/stories/2012/09/20_1.robert-rojdestvensky-2009.jpgДар он шоирону нависандагони Тоҷикистон, ҳунармандони театру синамо, овозхонҳо, журналистон ширкат варзиданд. Ҳамоишро нависанда, мунаққид ва мутарҷими  маъруфи кишвар Абдураҳмон Абдуманнонов бо сухани муқаддимавӣ ҳусни матлаъ бахшид. Ӯ дар бораи зиндагинома ва роҳи эҷодии ин шоири забардасти рус ба ҳозирин маълумоти ҷолиберо ироа кард.

Сипас ӯ риштаи суханро ба шоири Халқии Тоҷикистон, дӯсти наздики соҳибҷашн, устод Мӯъмин Қаноат дод. Устод Мӯъмин Қаноат аз ҳамкориҳояш бо ин шоири бузурги рус қиссаҳои хотирмонеро ҳикоя кард. Ба гуфтаи устод Мӯъмин Қаноат Роберт Рождественский Тоҷикистонро бисёр дӯст медошт. Махсусан осори шоирони классик ва табиати зиндаи Тоҷикистон ӯро мафтун карда буданд. Ҳам дараи зебоманзари Варзоб ва ҳам ҷангали сервуҳуши «Бешаи Палангон»-ро бисёр хуш карда буд.

/images/stories/2012/09/20_2.robert-rojdestvensky-2009.jpgСӯҳбатҳои доманадори ӯ бо устод Мӯъмин Қаноат ва дигар абармардони адабу фарҳанги Тоҷикистон, мардуми оддӣ, шиносоиаш бо табиати Тоҷикистон барои ба дараҷаи аъло тарҷума кардани яке аз беҳтарин ҳамосаҳоҳои адабиёти тоҷик дар бораи  қаҳрамонии мардуми шӯравӣ дар Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ «Суруши Сталинград»-и устод Мӯъмин қаноат кӯмаки беандоза калон карданд.

Шоири Халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева аз замоне ёд кард, ки ӯ иҷборан ҷилои Ватан карда буду дар Маскав бо кӯмаки ҳамин Роберт Рождественский ва дигар дӯстони русиаш тавонист сарпаноҳ ёбаду боз ба Канъони сухан баргардад ва барои алоқамандону дӯстдорони осораш беҳтарин асарҳои насриву назмиашро эҷод намояд.

Дар ин маҳфил шоирону нависандагони маъруфи кишвар Гулназар Келдӣ, Сайдалӣ Маъмур, Мансур Суруш, Нуқраи Суннатиён, Ҳунармандони Мардумии Тоҷикистон Ортиқ Қодиров, Фирӯз Умаров, Акбар Мирраҷабов, олимон Ҷумъақул Азизқулов, Сайфулло Саидов ва дигарон ширкат варзида бархе аз онҳо зикри хайри ин шоири овозадори русро карданду бархеи дигар аз осораш шеърҳо хонданду таронаҳои мондагорашро суруданд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi