04:32:35 03-уми Декабри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Декабр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

БАСЕ ҲАНГОМА ДАР АЙЁМ КАРДАНД

АҲЛИДДИН ҲИСОРӢ

Солҳои 1972- 1977 дар бахши филологияи Факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Дар нашриёти «Ирфон», Музеи таъриху кишваршиносии ба номи Беҳзоди ҶТ, рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», шӯъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият намудааст. Ҳоло  директори идораи Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

/images/stories/2012/09/23_ahliddin-hisori-230912.jpgАҳлиддин Ҳисорӣ муаллифи китобҳои «Ниёз» (1990), «Нӯшдору»(1995), «Шафақ» (1997), «Нафаси субҳ» (2004) ва  «Вожаҳои ҷон» (соли 2010), «Ватанам ифтихори ман аст» (соли 2010) мебошад. Мавзӯи ашъорашро, асосан меҳри миллату Ватан, зебогиҳои нотакрори табиати кишвар, ишқу муҳаббат ба зиндагӣ ташкил медиҳад.

Шеърҳояш дар маҷмӯаҳои дастҷамъии «Шукуфаҳои умедбахш», «Модарнома», «Даргоҳи падар», «Риштаборон», «Наврӯзнома» ва ғайра чоп шудаанд. Дар таҳияи асарҳои Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Насриддини Тусӣ, Саноии Ғазнавӣ саҳм дорад.

Аҳлиддини Ҳисорӣ ҳамчун рӯзноманигор ва адабиётшинос низ мақолаҳо ба табъ расондааст. Асарҳояш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ тарҷума шудаанд.

Дорандаи медалии «Хизмати шоиста» (соли 2010) мебошад. Аз соли 1988 аъзои Иттифоқи журналистон ва аз соли 2004 узви Иттифоқи  нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Гӯшаи амният

Вожаро қуввати тафсири ту нест,

Хомаро қудрати тасвири ту нест.

Ҳосили кавну макон ҳастии туст,

Нест қалбе, ки фарогири ту нест.

Шарҳи ранг аст ҳама таъбири хоб,

Хоби рангиниву таъбири ту нест.

Тақдири мо ҳама дар дасти ту ҳаст,

Ҳоҷате ҳеҷ ба тадбири ту нест.

Гӯшаи амнияте дар ҳама даҳр,

Беҳтар аз ҳалқаи занҷири ту нест.

Ман ҳама роз, вале хомӯшам,

Вожаро қуввати тафсири ту нест.

Кунҷи паноҳ

Ту ҳамон партави моҳӣ, ки туро мехоҳам,

Шавқбахшанда нигоҳӣ, ки туро мехоҳам.

Ҳаваси оғӯши гармат дилам аз даст бибурд,

Кайфари сӯзи гуноҳӣ, ки туро мехоҳам.

Сеҳру афсуни нигоҳат чи ҳаловат дорад,

Ишваи чашми сиёҳӣ, ки туро мехоҳам.

Шӯълаи қомати ту ақли маро кард забун,

Оташи ҳасрати оҳӣ, ки туро мехоҳам.

Ғамзаву ноз бувад ҳамнафаси ҳусни балеғ,

Ҷилваи тарфи кулоҳӣ, ки туро мехоҳам.

Ташнаи лутфи туям субҳгаҳон чун хуршед,

Шабнами файзи сабоҳӣ, ки туро мехоҳам.

Кӯҳи тамкини маро хирмани каҳ печидаст,

Панҷаи барқ ба коҳӣ, ки туро мехоҳам.

Лашкари дард гаҳе ҳамла кунад бар ҷонам,

Ту ҳамон кунҷи паноҳӣ, ки туро мехоҳам.

Як замоне ист!

Ҳавои шаҳр боронист,

Вале дар шаҳр борон нест.

Дилам пеши кӣ бикшоям,

Ҷаҳон аз ҳамдилон орист.

Ҳаворо дар гулӯ буғзест,

Нишоне аз аламдорист.

Қалоғи раъд ғурон аст,

Дурахши барқ баҳри кист?

Чи ғам дорад уқоби абр,

Ки ашки ҳасраташ ҷорист.

Ҳаросон меравӣ аз ман,

Шитоби ношикебат чист!

Надорам дасти зӯру зар,

Маро нақди ҳунар зорист.

Дилам, ки мебарӣ бо худ,

Худоро, як замоне ист!...

Маснади некон

Он ки ҳамчун бод бесомон бувад,

Ҳар куҷо дидам ҳамон нодон бувад.

Ҳар ки илм андухт в-аз сайъи амал,

Ҳосиле бардошт ҳам, мард он бувад.

Зиндагонӣ бо ҳама бешу камаш,

Ояе аз сураи Қуръон бувад.

Чун сахо кардӣ чу гул бодаш мадеҳ,

Бӯи хуш, эй кошки пинҳон бувад.

То тавон дорӣ дари эҳсон кушо,

Ҳар савобе хоҳӣ дар эҳсон бувад.

Ман ҳамин фаҳмидам аз асрори зист,

Ки ду олам маснади некон бувад.

Рӯи бом

Тиҳимағзон хаёли хом карданд,

Гумоне, ки суханро ром карданд.

Ҳама такрор гуфтанд он чи гуфтанд,

Ҳунарро сад раҳе бадном карданд.

Набуд дар ҳарфашон чун нақди маънӣ,

Варо ҳам аз бузургон вом карданд.

Ду байти нотамоме чун суруданд,

Ба худ мавлову шоир ном карданд.

Парешон карда тухми ҳарза аз ҷаҳл,

Аҷаб як хидмате бар ом карданд.

Қадам нанҳода андар хона, аввал

Таманноҳои  рӯи бом карданд.

Зи гуфтори тиҳӣ ин тиратабъон,

Басе ҳангома дар айём карданд.

Баромад мисашон дар таъсири вақт,

Чи расвоӣ, ки дар фарҷом карданд?

Даҳони пистаи бемағз во шуд,

Шикасти хеш дар анҷом карданд.

Интизори туям

Мақсад ин аст, ба ман бозоӣ,

Бираҳониям аз ин танҳоӣ.

Рӯзу шаб чашм ба роҳат дорам,

Тоқатам нест дигар раҳпоӣ.

Ҳаваси сӯҳбати ғайре кардан,

Напазирад дилам ин расвоӣ.

Ҳасрати қомати ту пирам кард,

Кош, чун пайки ҷавон бозоӣ.

Бувадо, ҳамчу сабо аз нафасат,

Уқдаи ҷони маро бикшоӣ.

Тира шуд хонаи ҷонам бе ту,

Чи шавад субҳи рухат бикшоӣ.

Зиндагӣ бе ту қабеҳ аз марг аст,

Интизори туям, эй зебоӣ.

Ҳаҷри ту бесару сомонам кард,

Ту ҳамон беғаму бепарвоӣ.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi