03:31:07 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ГАР ЗИНДАГИСТ ДИДА БА «ДИДОР» МЕРАСАД

Аз 16 то 20 октябри соли 2012 дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, панҷумин Кинофестивали байналмилалии «Дидор» баргузор мешавад.

/images/stories/2012/09/26_didor_260912.jpgДар давоми 10 соли фаъолияти худ Кинофестивали байналмилалии «Дидор» ба мавзӯъҳои ҳамкорӣ ва ба ҳамназдикшавии  синамоии Шарқ ва Ғарб, баррасии равандҳои рушди синамо дар кишварҳои форсизабон аҳамият дода, озмуни байналмилалии беҳтарин филмҳои синамогарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷиро, ки дар таи ду соли охир сохта шудаанд, намоиши васеи намунаҳои кинематографияи ҷаҳониро баргузор намуд.

Дар назар аст ҳайати доварони панҷумин Кинофестивали байналмилалии «Дидор»-ро  шахсиятҳои маъруфи олами синамо ташкил бидиҳанд:

Аз ҷумла раиси ҳайати доварон - Ким Чи Сеок, Директори иҷрокунандаи барномаҳои Кинофестивали Байналмилалии Буссон, мунаққиди синамо (Кореяи Ҷанубӣ) хоҳад буд. Дар ҳайат  Биргит Боймерс-таърихнигори синамо, устоди кафедраи славяншиносии донишгоҳи Бристол (Британияи Кабир); Елчин Муса оғлу Гулиев- коргардон, барандаи ҷоизаҳои чандин фестивалҳои байналмилалии синамо (Озарбойҷон); Георгий Овашвили- коргардон, барандаи чандин ҷоизаҳои фестивалҳои байналмилалии синамо (Гурҷистон); Носир Саидов- коргардон, барандаи чандин ҷоизаҳои байналмилалии синамо, директори «Тоҷикфилм» (Тоҷикистон)  шомил хоҳанд буд. Кинофестивал бо намоиши филми «Қисмати шоир», коргардон Муртазо Нидоӣ, (Эрон) кушода хоҳад шуд.

Дар озмуни филмҳои пурраметраж ин филмҳо ширкат хоҳанд кард: «Саҳроибача» (коргардон Шамил Алиев- Ёвар Оғли, Озарбойҷон), «Санги сабур» (Атиқ Раҳимӣ, Афғонистон, Фаронса), «Сафеди намакин» (коргардон Кетти Мачавариани, Гурҷистон), «Буғз» (коргардон Ризо Дормишиён, Эрон), «Борони аввали баҳор» (коргардон Ерлан Нурмухамбетов ва Сано Сендзю, Қазоқистон, Ҷопон), «Малика Назик» (коргардон Эркин Салиев, Қирғизистон), «Бӯи об» (Мунхзул Чулуунбаат, Муғулистон), «Осмони дигар» (коргардон Дмитрий Мамулия, Русия), «Зиндагии Дермонда» (коргардон Аюб Шаҳобиддинов, Ӯзбекистон), «Чарх» (коргардон Шаҳзод Раҷабов, Тоҷикистон), «Телеграмма» (коргардон Искандар Усмонов, Тоҷикистон).

Дар озмуни байналмилалии филмҳои кӯтоҳметраж  бошад филмҳои «Раҳнамо» (коргардон Фариз Аҳмадов, Озарбойҷон), «Насима - хотироти рӯзномаи духтари муҳоҷир»

(коргардон Саҳро Каримӣ, Афғонистон, Словакия), «Туӣ, ки сарзаминат ин ҷо нест» (коргардон Муҳаммад Ҳасанӣ, Афғонистон), «Сарборӣ кардани зиндагии худ» (коргардон Арутюн Шатян, Арманистон), «Ин ҳамаро, ки офарид» (коргардон Юрий Чирковский, Гурҷистон), «Пухта, сӯхта, хом» (коргардон Шаҳром Мукри, Эрон), «Халта» (коргардон Бегалӣ Шибикеев, Қазоқистон), «Мӯсо: баҳр дар ботин» (коргардон Эмил Атагелдиев, Қирғизистон), «Барои чӣ..?» (коргардон Баттулга Сувид , Муғулистон), «Баҳри ҳавасҳо» Шота Гамисония, (Русия), «Хорсаро» (коргардон Руми Шоазимов, Тоҷикистон), «Назар» (коргардон Умед Ҳамдамов, Ӯзбекистон) ширкат хоҳанд кард.

Дар Панорамаи байналмилалии филмҳои хунарии пурраметраж ва кӯтоҳметраж, филмҳои мустанад ва аниматсионӣ аз Қирғизистон, Эрон, ИМА, Мали, Швейтсария, Туркманистон ва Тоҷикистон (эҷоди  Бахтиёр Қаҳҳоров) ба намоиш гузошта мешаванд.

Бо барномаи бузурги филмҳои мустанад ва ҳунарӣ дар меҳмонии Кинофестивали «Дидор» бо барномаҳои худ кинофестивалҳои «Ҳуқуқи башари Афғонистон» ва «Верзио» -и Венгрия ҳузур  хоҳанд дошт.

Барномаи «Филмҳои барқароршуда, аз ҷониби Фонди ҷаҳонии синамо» (Президенти фонд Мартин Скорсезе, ИМА) бо филмҳои «Хидматгор» (коргардон Ким Ки Янг, Кореяи Ҷанубӣ), «Қонуни сарҳад» (коргардон Лутфи Умар Акад, Туркия), «Шаби ҳисоби солҳо» (коргардон Шоди Абдул Салом, Миср), «Рӯде , ки Титас ном дорад» (коргардон Ритвик Гатак, Ҳиндустон), «Тобистони сӯзон» (коргардон Метин Эрксан, Туркия), «Интиқом» (коргардон Эрмек Шинарбоев, Қазоқистон), «Дохунда» (коргардон Лев Кулешов, аз маводҳои боқимондаи филм онро Николай Изволов барқарор кардааст, Русия) дар ин ҷашнвора ширкат хоҳанд кард.

Мутахассисон ва муҳақиқони байналмилалии синамо Франс Фрай (Швейтсария), Гулнора Абикеева (Қазоқистон), Гулбара Толомушева (Қирғизистон), Сиддиқ Бармак (Афғонистон), Ҳушанг Гулмаконӣ (Эрон), Сергей Анашкин (Русия) нияти дар ин фестивал ширкат кардонро доранд. Дар чаҳорчӯбаи фестивал дар мавзӯи «Синамои Тоҷикистон, дар оинаи интиқоди байналмилалӣ: оё имрӯз умеде ба фардо дорад?» бо ширкати мутахассисони соҳа, мунаққидон, синамошиносон баргузор хоҳад шуд.

Барномаи озмунии Кинофестивал ҳамзамон дар Театри вилоятиии драмаи мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонов, барои сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа  ба намоиш гузошта мешавад.

Фестивал бо сарпарастии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, киностудияи «Тоҷикфилм», Фонди Ҷомеаи Кушода, якҷоя бо барномаи санъат ва ва фарҳанги Будапешт, бо грантҳои Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷомеаи Кушода» Бунёди мадад дар Тоҷикистон ва Дафтари Ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон гузаронида мешавад.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi