13:10:53 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ПАНҶУМИН «ДИДОР»-И БАЙНАЛМИЛАЛИИ СИНАМОГАРОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Дирӯз, 16-уми октябри 2012, ҷашнвораи  панҷуми байналмилалии синамои «Дидор» дар шаҳри Душанбе ба кори худ шурӯъ кард. Маросими ботантанаи кушодашавии ин чорабинии муҳими фарҳангӣ дар толори Театри давлатиии академӣ-драмавии ба номи устод Лоҳутӣ баргузор гардид.

/images/stories/2012/10/17_didor-5-171012.jpgПоягузорони ин ҷашнвораи синамоӣ коргардони маъруфи кишвар Сафар Ҳақдодов ва коршинос ва мунаққиди соҳаи синамо доктори фанни фалсафа Саъдуллоҳ Раҳимов дар ин маросим иброз доштанд, ки кинофестивали панҷуми «Дидор» ба ёди яке аз ҳунармандони маъруфи кишвар Мусаввар Минаков бахшида мешавад. Дар кори ҷашнвораи мазкур ҳунармандон ва намояндагони синамои қариб сӣ кишвари олам ширкат хоҳанд кард.

Филми ифтитоҳии ҷашнвора филми коргардони эронӣ Муртазо Нидоӣ «Қисмати шоир» буд, ки онро мухлисони сершумори дар толори кинотеатри Зебуниссо тамошо карданд. Ин филми 43 дақиқагии мустанад дар бораи фаъолияти эҷодии ҳунарманди машҳури синамои тоҷик Мурод Орифов қисса мекунад.

Синамобазми «Дидор» аз 16 то 20-уми октябр идома хоҳад дошт. Яке аз тафовутҳои кинофестивали имсола аз чаҳор кинофестивали қаблӣ дар он аст, ки бори аввал дар он яке аз чеҳраҳои маъруфи синамои ватанӣ, коргардони машҳур, ки замоне дар садри синамои Иттиҳоди Шӯравӣ буд, Давлати Худоназар ба ҳайси меҳмон ширкат дорад.

/images/stories/2012/10/17_davlat-khudonazarov-171012.jpgРаиси ҳайати доварони синамобазм Сиддиқи Бармак, коргардони маъруфи синамои Афғонистон мебошад. Дар ҳайат Биргит Боймерс-таърихнигори синамо, устоди кафедраи славяншиносии донишгоҳи Бристол (Британияи Кабир); Елчин Муса оғлу Гулиев- коргардон, барандаи ҷоизаҳои чандин фестивалҳои байналмилалии синамо (Озарбойҷон); Георгий Овашвили- коргардон, барандаи чандин ҷоизаҳои фестивалҳои байналмилалии синамо (Гурҷистон); Носир Саидов - коргардон, барандаи чандин ҷоизаҳои байналмилалии синамо, директори «Тоҷикфилм» (Тоҷикистон)  шомиланд.

Дар озмуни филмҳои пурраметраж ин филмҳо ширкат хоҳанд кард: «Саҳроибача» (коргардон Шамил Алиев- Ёвар Оғли, Озарбойҷон), «Санги сабур» (Атиқ Раҳимӣ, Афғонистон, Фаронса), «Сафеди намакин» (коргардон Кетти Мачавариани, Гурҷистон), «Буғз» (коргардон Ризо Дормишиён, Эрон), «Борони аввали баҳор» (коргардон Ерлан Нурмухамбетов ва Сано Сендзю, Қазоқистон, Ҷопон), «Малика Назик» (коргардон Эркин Салиев, Қирғизистон), «Бӯи об» (Мунхзул Чулуунбаат, Муғулистон), «Осмони дигар» (коргардон Дмитрий Мамулия, Русия), «Зиндагии Дермонда» (коргардон Аюб Шаҳобиддинов, Ӯзбекистон), «Чарх» (коргардон Шаҳзод Раҷабов, Тоҷикистон), «Телеграмма» (коргардон Искандар Усмонов, Тоҷикистон).

/images/stories/2012/10/17_safar-haqdod-171012.jpgДар озмуни байналмилалии филмҳои кӯтоҳметраж бошад филмҳои «Раҳнамо» (коргардон Фариз Аҳмадов, Озарбойҷон), «Насима - хотироти рӯзномаи духтари муҳоҷир» (коргардон Саҳро Каримӣ, Афғонистон, Словакия), «Туӣ, ки сарзаминат ин ҷо нест» (коргардон Муҳаммад Ҳасанӣ, Афғонистон), «Сарборӣ кардани зиндагии худ» (коргардон Арутюн Шатян, Арманистон), «Ин ҳамаро, ки офарид» (коргардон Юрий Чирковский, Гурҷистон), «Пухта, сӯхта, хом» (коргардон Шаҳром Мукри, Эрон), «Халта» (коргардон Бегалӣ Шибикеев, Қазоқистон), «Мӯсо: баҳр дар ботин» (коргардон Эмил Атагелдиев, Қирғизистон), «Барои чӣ..?» (коргардон Баттулга Сувид , Муғулистон), «Баҳри ҳавасҳо» Шота Гамисония, (Русия), «Хорсаро» (коргардон Руми Шоазимов, Тоҷикистон), «Назар» (коргардон Умед Ҳамдамов, Ӯзбекистон) ширкат хоҳанд кард.

Дар Панорамаи байналмилалии филмҳои ҳунарии пурраметраж ва кӯтоҳметраж, филмҳои мустанад ва аниматсионӣ аз Қирғизистон, Эрон, ИМА, Мали, Швейтсария, Туркманистон ва Тоҷикистон (эҷоди Бахтиёр Қаҳҳоров) ба намоиш гузошта мешаванд. Бо барномаи бузурги филмҳои мустанад ва ҳунарӣ дар меҳмонии Кинофестивали «Дидор» бо барномаҳои худ кинофестивалҳои «Ҳуқуқи башари Афғонистон» ва «Верзио» -и Венгрия ҳузур доранд.

/images/stories/2012/10/17_sadullo-rahimov-171012.jpgБарномаи «Филмҳои барқароршуда, аз ҷониби Фонди ҷаҳонии синамо» (Президенти фонд Мартин Скорсезе, ИМА) бо филмҳои «Хидматгор» (коргардон Ким Ки Янг, Кореяи Ҷанубӣ), «Қонуни сарҳад» (коргардон Лутфи Умар Акад, Туркия), «Шаби ҳисоби солҳо» (коргардон Шоди Абдул Салом, Миср), «Рӯде , ки Титас ном дорад» (коргардон Ритвик Гатак, Ҳиндустон), «Тобистони сӯзон» (коргардон Метин Эрксан, Туркия), «Интиқом» (коргардон Эрмек Шинарбоев, Қазоқистон), «Дохунда» (коргардон Лев Кулешов, аз маводҳои боқимондаи филм онро Николай Изволов барқарор кардааст, Русия) дар ин ҷашнвора ширкат мекунанд.

Мутахассисон ва муҳақиқони байналмилалии синамо Франс Фрай (Швейтсария), Гулнора Абикеева (Қазоқистон), Гулбара Толомушева (Қирғизистон), Сиддиқ Бармак (Афғонистон), Ҳушанг Гулмаконӣ (Эрон), Сергей Анашкин (Русия)  дар ин фестивал ширкат доранд. Дар чаҳорчӯбаи фестивал дар мавзӯи «Синамои Тоҷикистон, дар оинаи интиқоди байналмилалӣ: оё имрӯз умеде ба фардо дорад?» бо ширкати мутахассисони соҳа, мунаққидон, мизи гирди синамошиносон баргузор хоҳад шуд.

Фестивал бо сарпарастии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, киностудияи «Тоҷикфилм», Фонди Ҷомеаи Кушода, якҷоя бо барномаи санъат ва ва фарҳанги Будапешт, бо грантҳои Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷомеаи Кушода» Бунёди мадад дар Тоҷикистон ва Дафтари Ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон гузаронида мешавад.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi