02:39:43 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"САНГИ САБУР" БАРАНДАИ АСЛИИ ҶАШНВОРАИ "ДИДОР" ШУД

Филми афғонии «Санги сабур» дар ҷашнвораи байналмилалии «Дидор» дар Душанбе, ҷоизаи аслиро ба худ ихтисос дод. Ҷашнвораи байналмилалии «Дидор» шурӯъ аз 16-ум то 20-уми октябр дар Душанбе ва Қӯрғонтеппа идома кард, ки дар он 21 филм аз ҷониби коргардонони 24 кишвар пешкаши доварон ва бинандагон гардид.

/images/stories/2012/10/21_didor-kino-211012.jpgҲангоми эътои ҷоиза, коргардони филми «Санги сабур» Артиқ Раҳимӣ дар ҷашнвора ҳузур надошт ва ҷоиза ба намояндаи синамогарони Афғонистон тақдим карда шуд. Филми мазкур бар рӯи романи коргардони ҳамин филм Артиқ Раҳимӣ гирифта шуда, хати сужети он зиндагии сангини як зани афғонро дар бар мегирад, ки дар ҷанг шавҳараш сахт маҷрӯҳ шуда, солиёни дароз дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад.

Ба сурати умум инъикоси сарнавишти талхи як зан бо як шавҳари мисли санги сабур гунгу кару беҳаракат дар ҷомеаи инсонӣ, ба доварони ҷашнвора ва бинандагон писанд омад ва барандаи ҷоизаи аслӣ шуд.

Як филми дигари филмсозони Афғонистон бо номи «Насима» низ барандаи ҷоизаи «Тамошобин» гашт ва он ба коргардони ҷавони Афғонистон Саҳро Каримӣ тааллуқ ​гирифт. Хонум Каримӣ дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ин филм дар бораи як духтари афғонӣ, ки ба Аврупо муҳоҷират мекунад ва дучори як фарҳанг ва ҷомеаи комилан дигар мешавад, қисса мекунад: “Дар воқеъ паёми аслии ин филм таҳаммул, сабр ва худгузарӣ аст. Вақте, ки инсон аз чизе гузашт мекунад, ба зиндагии беҳтаре хоҳад расид, ки ман то ҷое тавонистам масъаларо бо навори зиндагиномаи як духтари афғони муҳоҷир дар Аврупо нишон диҳам”.

Саҳро Каримӣ меафзояд, ки филми ӯ дар Словакия ҳам барандаи ҷоизаи Гранпри шуд ва ҳам дар телевизиони ҳамин кишвар як ҷоизаи дигарро, ки монанд ба ҷоизаи Оскар дар Словакия мебошад, дарёфт кардааст.

Ва аммо дар миёни филмҳое, ки аз ҷониби коргардонони Тоҷикистон пешниҳод шуданд, филми мазҳакавии «Чарх» барандаи ҷоиза шуд ва он ҳам ҷоизаи «Тамошобин»-ро дар Қӯрғонтеппа дарёфт кард.Тавре бархе аз доварон гуфтанд, ин филмро барои нақши асосӣ, ки онро ҳунарманди маъруфи тоҷик Убайдулло Раҷабов бисёр ҷолиб бозидааст, ба ҷоиза сазовор данистанд. Ҳамчунин филми “Хорсаро”-и Румӣ Шоҳазимов, коргардони ҷавони тоҷик низ дар ин ҷашвора соҳиби ду ҷоиза шуд. Ба сурати умум коргардонони тоҷик дар ин ҷашнвора се филми ҳунарӣ пешниҳод карданд.

Ҷашнвораи «Дидор» нишон дод, ки бо вуҷуди кӯшишу талоши коргардонони тоҷик, ҳанӯз ҳам аксари онҳо дар сохтани филмҳои ҷолиб ва ҳирфаӣ муваффақ нестанд. Сафари Ҳақдод, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон гуфт, ки дар поёни ин ҷашнвора як мизи гирд баргузор шуд, ки дар он аз мушкилоти синамои Тоҷикистон ҳам сухан рафт:

«Бубинед, аз соли гузашта то имрӯз ҳудудан 19 филми кӯчаку бузург дар Тоҷикистон аз тарафи коргардонон сохта шудааст, вале суоли аслӣ ин аст, ки натиҷа чӣ аст? Имрӯз синамои тоҷик ба як системаи фаъоли махсус, ки танҳо ба соҳаи филсозӣ тааллуқ дошта бошад, зарурарат дорад. Камбуди маблағгузорӣ барои таҳияи филм аз масъалаҳои аслӣ ба шумор меояд. Ва боз ҳам масъалаи драматургия ё сенариянависӣ  барои филмномаҳо, сенарияҳои профессионалӣ ва бо мӯҳтавои ҷолибу муассир имрӯз намерасад.»

Ба қавли Сафари Ҳақдод, имрӯз филмҳои тоҷикӣ дар бозори дохилӣ дар миёни тамошобинони тоҷик ҷойгоҳи рӯшане надоранд.

Дар ин ҷашнвора ҷоизаи дигари аслиро коргардони гурҷитабори Русия Дмитрий Шамуля барои филми «Осмони дигар» дарёфт кард. Ин филм роҷеъ ба зиндагии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия нақл мекунад ва забони филм низ тоҷикӣ аст ва дар баъзе лаҳзаҳо муҳоҷирини кории тоҷик нақш мебозанд. Ин филм бо маблағгузории ҳукумати Русия таҳия шудааст.

Дар ҷараёни ин ҷашнвора филми мустанади коргардони эронӣ Муртазо Нидоӣ бо номи «Қисмати устод» пахш шуд, ки ба зиндагии ҳунарпешаи маъруфи кинои тоҷик Мурод Орифов бахшида шудааст. Мурод Орифов дар филми ҳунарии «Қисмати устод», ки аз тарафи студияи «Тоҷикфилм»-и замони шӯравии Тоҷикистон, дар соли 1958 таҳия шуд, нақши устод Рудакиро бозидааст.

Ҳамин тавр панҷумин давраи ҷашнвораи «Дидор» бо пахши 21 филм аз кишварҳои Осиёи Миёна, Эрону Афғонистон, Русия, Муғулистон, Озарбойҷон дар Душанбе ба поён расид. Ҷашнвора бо пуштибонии молии бунёди “Сорос”-и Тоҷикистон, Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, меҳмонхонаи “Серена” ва ширкати “Мегафон” баргузор шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi