17:29:00 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ШОҲҶОИЗАИ СИНАМОБАЗМИ «ДИДОР»-РО БА НОМУВАФФАҚТАРИН ФИЛМИ АФҒОНИИ СОЛҲОИ АХИР ДОДААНД?

Кинофестивали байналмилалии «Дидор» - 2012, ки аз 16 то 20 октябр дар шаҳри Душанбе бо ширкати синамогарони 12 кишвари дунё ҷараён дошт, дирӯз ба кори худ хотима бахшид.

/images/stories/2012/10/22_g.abikeeva-d.khudonazar-1.jpgДар ин синамобазме, ки аз соли 2004 ба ин тараф дар ду сол як бор дар Душанбе баргузор мегардад, имсол 21 филми пурраметражу кӯтаҳметражи ҳунариву мустанад ва тасвирӣ ба маърази тамошои ҳайати жюри ва мухлисони кино гузошта шуд. Дар ҷамъбасти ин озмуни байналмилалии филмҳо ҳайати доварон шоҳҷоизаи «Дидор»-2012-ро ба филми нависанда ва коргардони афғонии муқими Фаронса Атиқи Раҳимӣ «Санги сабур» сазовор донистанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ чанд соат пеш аз эътои ин ҷоиза дар як нишасти Мизи гирд бо ширкати меҳмонон, муҳаққиқин ва мунақиддини соҳаи синамо, ки дар толори хурди кинотеатри ба номи Зебуниссои пойтахт баргузор гардид, яке аз чеҳраҳои маъруфи синамошиносии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, директори кинофестивали «Евразия», яке аз аъзои ҳайати доварони синамобазми «Дидор», доктори ҳунаршиносӣ аз Қазоқистон Гулнора Абикеева филми «Санги сабур»-ро номуваффақтарини филми синамогарони афғонӣ дар ин солҳои ахир хонд.

/images/stories/2012/10/22_g.abikeeva-1.jpg«Филм агарчӣ бо санъати баланди синамосозӣ таҳия шуда, дар эҷоди он аз дастовардҳои ахири техникаи синамосозии ҷаҳонӣ истифода шуда бошад ҳам, дар он чизи аз ҳама муҳим эҳтиром ба арзишҳои миллӣ то ҷое, ки ман мефаҳмам, риоя нашудааст. Ҳар як филм ба он хотир офарида мешавад, ки дар ҷомеъа як таъсири мусбате аз худ боқӣ гузорад. Филми мазкур барои тамошобини оддии афғонӣ таҳия нашудааст.

Ин филмро як тамошобини ғарбӣ метавонад хуб қабул кунад. Вале ин филмро дар ҳамин шакле, ки дар фестивали байналмилалии «Дидор», ба намоиш гузоштанд, дар Афғонистон наметавон ба намоиш гузошт», мегӯяд, хонум Гулнора Абикеева. Бояд қайд кард, ки суханони хонум Абикеева ишора ба  лаҳзаҳои барангезандаи эҳсосоти шаҳвонӣ, ки дар ин филм кам нестанд, гуфта шудаанд.

Ба ҳар ҳол ҳайати доварони синамобазми «Дидор» аз миёни филмҳои ба ин озмун пешниҳодшуда ҳамин филмро ғолиб донистанд. Шоҳҷоизаи ҷашнвора ҳамроҳ бо 3000 доллари амрикоӣ ба Фаронса, ба унвонии Атиқи Раҳимӣ фиристода мешавад. Атиқи Раҳимӣ, ки ба сабабҳои дар дигар ҷо дар синамобазм банд буданаш натавонистааст ба Душанбе биёяд, хатмкардаи бахши синамоии Донишгоҳи Сорбони Париж аст. Ӯ соли 2004 филми «Хоку хокистар»-ро офарид, ки дар фестивали Канн сазовори ҷоиза гардид.

Филми нави ӯ «Санги сабур» дар мавзӯи мушкилоти занони Афғонистон дар замони дар сари қудрат будани толибон баҳс мекунад.

/images/stories/2012/10/22_sahar-karimi-1.jpgФилми коргадони дигари афғонӣ Саҳар Каримӣ «Насима», ки дар мавзӯи муҳоҷирати як зани афғонӣ ба кишварҳои аврупоӣ эҷод шудааст, сазовори ҷоизаи «Таваҷҷӯҳи тамошобинон»-и шаҳри Душанбе дониста шуд. Дар ҳамин ҳол тамошобинони шаҳри Қӯрғонтеппа, ки дар он ҷо низ ин фестивал ҷараён дошт ва филмҳои он ба намоиш гузошта мешуданд, филми «Чарх»-ро дар таҳияи коргардони ҷавони тоҷик Шаҳзод Раҷабов беҳтарин хонда ҷоизаи худ, яъне ҷоизаи «Таваҷҷӯҳи тамошобин»-и шаҳри Қӯрғонтеппаро ба ҳамин филм лоиқ донистанд.

«Дарёи ҳавасҳо»,филми коргардони русӣ аз Маскав Шота Гамисония дар ин ҷашнвора дар бахши филмҳои кӯтоҳметраж беҳтарин дониста шуд ва сазовори ҷоиза гардид.

Ҷавонтарин коргардони синамоие, ки дар ин ҷашнвора ширкат намуд Румӣ Шоҳазимови 20 сола бо филми 27 дақиқагиаш «Хорсаро» буд. Ӯ соҳиби ду ҷоиза шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки ду сол қабл шоҳҷоизаи синамобазми «Дидор» 2010-ро филми ҳунарии синамогарони Қирғизистон «Свет-ака» сазовор гардида буд.

Хонандагони гиромӣ, агар шумо ба гӯшаи «Аксҳо»-и сомонаи мо ангушт бизанед, лаҳзаҳоеро аз ин синамобазме, ки дар муқоиса ба солҳои қабл хеле бонизом ва пур аз аҳамият гузашт, тамошо хоҳед кард.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi