04:28:23 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

САФАР БА САРЗАМИНЕ, КИ МАРДУМАШ КИТОБРО ҚАБУЛ ДОРАНДУ ИТОБРО НЕ - 1

Султони Ҳамад, муассис ва сардабири сомонаи «Рӯзгор»

Муштарии гиромии сомонаи «Рӯзгор», чанде пеш аниқтараш рӯзҳои 7-13-уми октябр, сардабири сомона Султони Ҳамад дар ҳайати як гурӯҳи эҷодӣ, сафари якҳафтаинае дошт ба навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Ӯ аз ин сафар бо таассуроти зиёд ва дастовезҳое дар шакли аксҳову наворҳои видеоӣ баргаштааст, ки Худованди бузург хоста бошад, онҳоро ба тадриҷ пайи ҳам ба таваҷҷӯҳи Шумо азизон, пешкаш мекунем.

Дебочаи сафар

/images/stories/2012/10/23_1-safar-ba-khorugh-111.jpgДар доираи журналистони кишвар чандин соласт, ки маро ҳамчун рӯзноманигори мустақил мешиносанд. Сармуҳаррирони бархе аз нашрияҳои ҳам давлатӣ, ҳам хусусӣ ва инчунин як иддаъ аз расонаҳои хориҷӣ майли онро доранд, ки бо онҳо ҳамкориҳое дар инъикоси мавзӯъҳои мухталифи ҳаёти рӯзмарраи кишвар дошта бошам.

Маҷаллаи адабӣ фарҳангии ҷавонон «Истиқбол», ки дар гузашта бо номи «Машъал» машҳур буд ва он то соли 1994 таҳти ҳамин ном ба чоп мерасид, аз ҷумлаи он расонаҳоест, ки тайи бештар аз ду соли ахир бо он ҳамкориҳои эҷодӣ дорам. Маҷалларо солҳост, ки бону Латофат Кенҷаева, шоир, нависанда ва яке аз аввалин журналистҳои касбӣ аз ҳисоби занҳои кишвар, ки миёни мардум, ба хусус дар байни ҷавонон, бо китобҳои пурмазмуну пурмӯҳтаво ва ҷаззобаш маҳбубият дорад, сарварӣ менамояд.

Бо хоҳиши ана ҳамин апаи Латофат ман барои ин маҷалла чандин мақола ва мусоҳиба бо шахсиятҳои маъруфи олами илму фарҳанг, азҷумла олими адабиётшиноси покистонӣ Орифи Навшоҳӣ, академик Мӯсо Диноршоев, овозхон ва оҳангсози машҳури Афғонистон Шоҳвалӣ Валии Таронасоз ва ғайра доир намудам, онҳо ба нашр расиданд ва хонандаи худро пайдо карданд.

Ҳамин ҳамкориҳои судманд буд, ки ба ман пешниҳод намуданд то ҳамчун яке аз муаллифони маҷалла дар як ҳайати шоирону нависандагон ва журналистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафаре дошта бошем. Тибқи нақша сафар бояд якҳафтаина аз тариқ роҳи мошингард тавассути худравҳо сурат бигирад ва ҳадафи асосии он ташкили «Иди китоб» дар маркази ноҳияҳои вилоят барои бачагону наврасон бошад.

Бо ин мақсад раҳбарияти ин маҷалла як теъдод китобҳои бачагонаро, ки бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии «Истиқбол» ба нашр расидаанд, барои ройгон тавзеҳ додан ба Бадахшон мебарад. Харҷи ҳамаҷонибаи сафарро ташкилоти ҷамъиятӣ ба ӯҳдаи худ мегирад. Албатта ман бо хурсандӣ ин пешниҳоди муаллима Латофат Кенҷаеваро пазируфтам.

Зеро охирин сафари ман ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тобистони соли 1997 сурат гирифта буд ва дар ин байн бешак ин сарзамини бароям ҳамеша азизу афсонавӣ таҳаввулоту тайироти азимеро аз сар гузаронидааст. Бо чашми сар аз наздик дидани онҳо барои як журналист албатта як хушбахтист.

/images/stories/2012/10/23_2-safar-ba-khorugh-222.jpgАз сӯи дигар рисолати ин ҳайат накӯтарин кор дар ҷаҳон-таблиғи китобу китобхонӣ ҳаст. Ман ҳанӯз аз даврони донишҷӯиям медонистам, ки мардуми Бадахшон қариб ки ҳамагӣ китобхону китобдӯстанд. Ҳамсабақҳои бадахшонии ман дар қиёс бо дӯстонам аз дигар манотиқи ҷумҳурӣ китобхонтар ба назар мерасиданд ва чунин ҳам буданд.

Бо дастовези китоб ба Бадахшон рафтан маънои онро дорад, ки ҳар як бадахшонӣ китоби дунёи худро ба рӯи шумо боз мекунад. Дунёи меҳру муҳаббат. Барои як журналисте, ки мехоҳад мардумро шиносад, чизи тозае бигӯяд, даст додани чунин як имконият, ҳадяи Парвардигор аст. Барои ҳамин ҳам ин пешниҳодро шукрона гуфтаму қабул кардам.

Рӯзи сафар якшанбеи 7-уми октябр ҳам фаро расид. Дар назди маҷмааи табъу нашри журналистони Тоҷикистон «Шарқи озод» ҳайат ҷамъ шуд. Ба ин ҳайат ба ҷуз аз раҳбари он, муаллима Латофат Кенҷаева, боз Ато Мирхоҷа-муовини аввали сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият», шоири маъруфи кишвар, Ворис- сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ҳамроз», шоири маҳбуби ҷавонон, Мавҷуда Соҳибназарова -корманди маҷаллаи «Истиқбол», рӯзноманигори варзидаи кишвар, Бузургмеҳри Баҳодур - як тан аз муаллифони ҷавони маҷаллаи «Истиқбол», ки шеър ҳам менависад ва донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи устод Сотим Улуғзода мебошад, шомиланд.

Аввалин кореро, ки ин ҳайат дастҷамъона анҷом дод, ба худрави Бунёд, ронандаи автомошинаи «Старекс» бор кардани ҳамон китобҳои барои тӯҳфа ҷудошуда буд. «Ин 1300 нусха китобу китобчаҳои зебову ранга нашргардидаро ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ асосан соҳибкорони ҳимматбаланди кишвар Зайд Саидов, раиси Ассосиатсияи соҳибкорони ҷумҳурӣ (5 ҳазор сомонӣ барои мактаб-интернати ҷумҳуриявии Рӯшон), Муфарраҳ Муҳаббатов, раиси ширкати «Рухом» (5 ҳазор сомонӣ барои китобхонаҳои 3 мактаби ноҳияи Ванҷ), Умед Абдураҳмонов, раиси ширкати «Кристалл» (1 ҳазор сомонӣ барои китобхонаи хусусии Адабҷон Амирҷонов дар деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз) харидорӣ намудаанд»-, гуфт муаллима Латофат Кенҷаева.

/images/stories/2012/10/23_3-safar-ba-khorugh-333.jpgБа иловаи ин китобҳо боз 200 нусха аз шумораҳои дар солҳои мухталиф ба нашрасидаи  маҷаллаи «Истиқбол»-ро низ бо худ гирифтем. Дар ин байн аъзои ҳайат низ, онҳое, ки соҳибкитоб ҳастанд, аз китобҳои ба тозагӣ ба нашр расондаашон барои ҳадя намудан ба дӯстон чанд нусхагӣ бо худ гирифтанд. Хулоса автомашинаи «Старекс» соати 10-и субҳ ба роҳ даромад. Мо аз тариқи шаҳри Кӯлоб равонаи Бадахшон шудем.

Аз лаҳзаҳои аввали сафар дарк намудем, ки ронандаи автомошинаи мо Бунёд, ки аслан аз Бадахшон, аз ноҳияи Рӯшон аст, бо вуҷуди ҷавон будан (баъди тӯйи арӯсиаш ҳанӯз «моҳи асал»-ро паси сар накарда будааст ё чи тавре ки мардуми оддӣ мегӯянд, домод ё шаҳи ҳанӯз дар «чилла» будааст) таҷрибаи хуби ронандагӣ дар роҳҳои кӯҳистонро дорад ва дар рӯ ба рӯи чанбар устувору ботамкин ба назар мерасад.

Бо вуҷуди дар чандин ҷойҳо истодану аксбардорӣ кардан ва хӯроки нисфирӯзиро дар Кӯлоб хӯрдан ба маркази ноҳияи Дарвоз -Қалъайи Хумб, ки аз Душанбе то он ҷо тариқи роҳи Шӯрообод 369 километр масофа ҳаст, тақрибан соати 7-и бегоҳ расидем. Моро муовини аввали раиси ноҳия Саъдуллоҳ Сайфулло пешвоз гирифт ва дар меҳмонхонаи ҳукумат ҷо кард. Субҳи рӯзи дигар бо ҳамроҳии корманди шӯъбаи фарҳанги ноҳия Абдураҳмон Сулаймонов, ки аз ҷумлаи шоирони маҳаллии соҳибмаҷмӯъа низ будааст, роҳи деҳаи Ёгедро пеш гирифтем.

(давом дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi