04:08:44 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«КУ ШЕЪР, КИ ТАР ШАВАД, ДИЛИ ХАЙРАНДЕШ»-1

«...он чӣ ба забони мардум ҷорӣ мешавад, бар дили мардум менишинад ва хурду бузург онро такрор мекунанд, он шеъртар аст, нобтар аст ва дар зеҳну замири мардум мемонад. Шеъри ҷаноби оқои Хайрандеш аз ин даст сурудаҳост, ки ҳам дар забони мардум ҷорӣ мешавад, ҳам забони ҳоли мардум аст, ҳам ҳофизон онро бо чангу чағона мехонанд, ҳам нависандагон дар навиштаҳояшон аз он мисол меоранд ва ин шеър шеъри мондагор аст!»

Алиасғари ШЕЪРДӮСТ,

сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон.

- Устод, маълум, ки исми шарифатон Хайриддин аст, вале мардум шуморо бештар бо тахаллуси Хайрандеш мешиносанд. Мегуфтед, ки ин тахаллуси зеборо кай ва чӣ гуна бо хеш гирифтед? 

- Бале, исми ман аслан Хайриддин аст ва чӣ гуна тахаллуси Хайрандешро соҳиб шуданамро барои шумо ва хонандагон хоҳам гуфт. Зодгоҳи ман- деҳаи Чагами Болои ноҳияи Шӯрообод аз қатори хурдтарин деҳаҳои Тоҷикистон аст. Дар хотир дорам, замони тифлии ман дар ин деҳа ҳамагӣ 15-20 хоҷагӣ зиндагӣ мекард ва аз ин миқдор хонае набуд, ки ман дар он тапак накашидаву барфи бомашро нарӯфта ва аз чоҳ бо филак дар хар об набурда бошам. Вақте, медидам, ки мӯйсафеде ба об рафта истодааст; «бобо, шумо ҳами соягида шинед, ман рафта бароятон об меорам»-гуфта ёрӣ мерасондаму дуояшро мегирифтам. Мо бачаҳои деҳотӣ бисёр қобил будем. Ҳарчанд хурд будам, вале хуб дар хотирам нақш бастааст, ки вақте ба мӯйсафед ё пиразане ёрӣ мерасондам, модарам (ҷояшон ҷаннат шавад) сӯям бо табассуму меҳрубонӣ нигариста: «ин Хайриддин не, Хайрандеш аст» мегуфт.

 Ҳама Хайриддинам мегуфтанду танҳо модарам Хайрандеш. Ин баҳо, ин тахаллуси додаи модар бароям мероси бебаҳост ва ҳамеша кӯшиш мекунам, ки дар зиндагӣ онро сазовор бошам. Гузаштагони мо гуфтаанд, ки: «Дарахт бо об месабзаду одам бо дуъо». Шояд ҳами дуъои некӣ пирону мӯйсафедон буд, ки мун аз як деҳаи хурдакак берун шуда то имрӯз сабзидам.

 - Гуфта метавонед, ки аввал кадом шеъратон бо тахаллуси Хайрандеш эҷод ва чоп шуд?

 - Соли 1987 дар деҳаи Тегирмии ноҳияи Нуробод ба ҳайси омӯзгор кор мекардам. Табиати зебои деҳаи Тегирмӣ, бахусус манзараҳои афсонамонанди домони кӯҳи Шоҳарӯсаш маро ба ваҷд меовард. Тасаввур кунед, ки фақат дар як деҳаи Тегирмӣ (ба ҷуз оби он чашмаҳое, ки аз кӯҳ меоянд) 14 чашма буд. Дилам ба мисли он чашмаҳо ҷӯш мезад, ба навои онҳо ҳамоҳанг мешуд.

 Ҳамин буд, ки шеърҳои дар он ҷо эҷодкардаам таровати дигар доштанд. Ҳамон давра як ғазал дар васфи деҳаи Тегирмӣ навиштаам ва он бори аввал бо тахаллуси Хайрандеш дар рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Комсомолобод», ки ҳоло бо номи «Нури Нуробод» нашр мешавад ва сармуҳаррираш инсони бисёр шарифу меҳрубон, устод Ҷумъа Қувват ҳастанд, рӯи чоп омад.

 - Бештари ашъоратон бо сӯзу созҳои фолклорӣқаробат дошта, дар онҳо ҳаёти русто, шеваву гуфтор ва рӯзгори мардуми он таҷассум ёфтааст. Ин ҳамоҳангӣ ва дилбохтагӣ аз куҷо сарчашма мегирад?

 - Агар табиати инсон бо ҳамон тарзе, ки Худованд офаридааст, такмилу инкишоф ёбад, ӯ бештар мувафаққият пайдо мекунад. Табиати ман фолклорист. Зеро деҳотияму дар деҳа калон шудаам. Дар кӯдакиям одамон калима мегуфтанду ман қофия мезадам. Мардум хандида: «бачаи фалонӣ ҳоло мактаб намехонад, вале ин қадар қофия мезанад» мегуфтанд. Синфи дуюм мехондам, ки аллакай шеърчаҳоям пайдо шуда буд.

 Ҳангоми дар курси якуми ДМТ хонданамон бо ҳамсабақам Рустами Ваҳҳоб дафтарҳои ашъорамонро гирифта, ба назди устод Аскар Ҳаким рафтем. Устод нахуст дафтари ашъори Рустами Ваҳҳобро варақ зада пурсиданд, ки: «аз кай шеър менависӣ?» Рустами Ваҳҳоб посух гуфтанд, ки: «аз синфи 8-ум». Баъд дафтари маро варақзанон пурсиданд, ки: «шумо аз кай шеър менависед?» Фикр кардам дар синфи ҳашт ҳам, панҷу шаш ва ду ҳам шеър менавиштам. Ниҳоят гуфтам, ки: «устод, ба фикрам ман модарзод шоирам».

 Устод аз посухи ман ханда карданд ва ин лаҳзаро дар якчанд маҳфилу маъракаҳо ҳам ёдовар шудаанд. Устод Ашур Сафар то дами зиндаву ҳаёт буданашон маро «шоири модарзод» мегуфтанд.Сӯзи фолклорӣ дар хуну пусти мо, бахусус эҷодкорон ҳаст. Соли аввали дар ДМТ хонданам бо як гурӯҳ ҳамсабаконам ба воситаи қатора то Самарқанд ва аз онҷо тавассути автобус ба Ҳафткули зебоманзари Панҷакент рафтем ва дар деҳаи баландкӯҳӣ Шинг ба ҷамъоварии намунаҳои фолклорӣ машғул шудем.

 Соли дуюми таҳсил ба шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт (собиқ Ғарм) рафтем. Дар он ҷо хона ба хона мегаштем, бо мардум сӯҳбат карда, чизҳои ширинтарину ширадортарини онҳоро ҷамъоварӣ мекардем.Минбаъд дар мавсими таътил чун ба зодгоҳам Шӯрообод мерафтам, рӯзҳое мешуд, ки харамро ҷил карда, деҳа ба деҳа гашта фолклор ҷамъоварӣ мекардам. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки зане дар як деҳа гуфта буд:

 Ай дашти Саропушта ба мо ғусса расид,

Ай мобайни сад ҷувон ба мо кӯса расид.

Кӯса палид, корои куса палид,

То миҷ-миҷ кард, ситари рӯз парид.

 Ёд дорам, вақте кӯдак будам дар деҳаи мо ҳам занҳо ҷанҷол мекарданд ва ҳар кадомаш кӯшиш мекард, ки дар вақти ҷангу ҷанҷол тамоми «ҳунар»-у «истеъдод»-ашро истифода бараду «дилаш об хӯрад». Ман бошам ба пӯшти сангу дарахтон пинҳон шуда, ҳар ҳарфу ҳиҷои ба забон овардаи онҳоро навишта мегирифтам. Чӣ қадар гуворо буданд бароям он лаҳзаҳо. Хаёлам беҳтарин лаҳзаҳои умрам ҳамон лаҳзаҳое буданд, ки фолклор ҷамъ мекардем. Ҳангоми фолклорҷамъкунӣ эҳсос кардам, ки фолклор ба табиати ман ниҳоят наздик аст.

 - Дар ҳавзаи шеъратон васфу сифати духтари русто мавқеи хоса дорад. Оё бори аввал ишқи духтари деҳот муқими диёри дилатон шуд?

 - Бале! Вале ишқ роз аст, розро пинҳон бояд дошт.

 (идома дорад)

Сӯҳбаторо Валиҷон БАЁНӢ,

ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi