08:06:49 07-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

ТЕШАЕ, КИ НАМЕЗАД БА ҲАР РЕША, НИЗ РАФТ…

Султони Ҳамад, «Рӯзгор»

Теша Раҷаб ҳам аз дунё гузашт. Чеҳраи нотакрори олами фарҳангу адаб ва сиёсати Тоҷикистон, нависанда, журналист ва сиёсатмадоре, ки дар ташаккул ва нашъунамояш бузургоне ҳамчун аллома Бобоҷон Ғафуров, устод Садриддин Айнӣ, сиёсатмадор Турсун Улҷабоев, устодон Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода бевосита шахсан саҳм гирифта буданд, адибе, ки таърифу тавсифи маҳсули қаламашро устодон Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир, Аҳрор Мухторов, Кароматуллоҳ Мирзоев кардаанд, рӯзи шанбеи 24-ум ноябр дар синни 74 солагӣ дар шаҳри Душанбе дори фониро падруд гуфт.

/images/stories/2012/11/26_2.janozaitesha-rajab2511201.jpgТеша Раҷаб агарчи дар саҳнаи сиёсат ҳам дасту панҷа нарм карда буд, вале дар доираи аҳли зиё бештар ба ҳайси нависанда ва журналист эътироф мешуд. Худи ӯ низ ҳамеша журналист буданашро таъкид мекард. Ва азҷумлаи он журналистони кӯҳансоле буд, ки алоқаи худро бо матбуот то рӯзҳои ахири ҳаёташ канда намекард.

Қариб ҳамаи муҳимтарин рӯзномаву ҳафтаномаҳои давлативу хусусиро пайваста мутолиа менамуд, бо аксари муҳаррирон телефонӣ дар тамос мешуд ва фикру мулоҳизаҳои худро доир ба ин ва ё он мақола ва ё воқеаи рӯз баён мекард. Баъзеҳоро барои чопи ин ва ё он мақола таъриф мекард, қисми дигарро барои камбудиҳои ҷойдошта дар навишти матлаб танқид менамуд. Хулоса, ӯ ҳамеша ҳамчун як журналисти ҳақиқӣ бо матбуот дар иртибот буд.

Агарчи худ ба сабаби беморӣ беш аз як сол буд, ки барои рӯзномаву журналҳо мақола наменавишт. Мантиқан дар маросими ҷанозаи ӯ мебоист асосан  журналистон таҳти сарварии раҳбарияти Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон ширкат мекарданд. Ва ӯро ба манзили абадияш бо аҷргузорӣ гусел мекарданд. Вале мутаассифона, ягон нафар натанҳо аз роҳбарияти ин ниҳод, балки ҳатто ягон нафар журналист дар ин маросим ба назар намерасид.

Агар фикр кунед, ки онҳоро касе аз хешу ақрабои марҳум аз вафоти худораҳматӣ хабардор накардааст, ин нодуруст аст. Ба гуфтаи пайвандони марҳум онҳо Акбар Саттор, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистонро аз вафоти Теша Раҷаб ҳанӯз субҳи барвақти рӯзи ҷаноза хабардор карда будаанд. Бояд бигӯем, ки дар Тоҷикистони мо ба ғайр аз Иттифоқи журналистон боз чандин иттиҳодияву Медия Алянсу Шӯроҳову Бунёдҳое вуҷуд доранд, ки даъвои пуштибониву сарпарастӣ аз рӯзноманигорону касби рӯзноманигорӣ мекунанд. Тааҷҷубовар аст, ки аз намояндаи онҳо низ дар ин маросим дараке набуд.

Он рӯз дар назди хонаи марҳум ба ҷуз аз Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, муовини ӯ, нависанда Абдулҳамид Самадов, шоира Гулрухсор Сафиева, нависандагон Ӯрун Кӯҳзод, Раҷаб Мардон ва боз ду се нафар узви ҳамин Иттиҳодия, собиқ вазири фарҳанг Нурмуҳаммад Табаров, олими фолклоршинос Асадуллоҳ Сӯфиев, Султон ном ҳунарманди театри Лоҳутӣ, ду се нафар фарди ношинос дигар зиёиеро надидем. Афроди мазкур дар ҳавлии назди хонаи марҳум то баровардани майит интизор шуданд.

/images/stories/2012/11/26_1.janozaitesha-rajab2511201.jpgМайитро аз хона бароварда ба тобут гузошта  таввассути мошин ба масҷид бурданд. Дар назди ҳавлӣ ягон маросиме баргузор нашуд ва касе ҳам суханрониӣ накард. Дар масҷиди Сари Осиё баъди адои намози пешин имом чанд лаҳзае амр ба маъруф ва наҳй аз мункар карду ҷанозаро хонданд. Баъди адои намози ҷаноза тобутро хешу ақрабояш гирифта ба қабристони Сари Осиё бурданду дар он ҷо марҳумро ба хок супурданд.

Чаро таваҷҷӯҳи шумо, хонандаи азизро, дар бораи ширкати доштан ва ё надоштани ҳамкасбони Теша Раҷаб дар маросими ҷанозаи ӯ ҷалб карданиям ва бо овардани матлаби боло чӣ гуфтан мехоҳам?

Ду рӯз пеш, яъне 22-уми ноябр, дар ноҳияи Қумсангир маросими ҷанозаи домулло Муҳаммадии Қумсангирии алайҳираҳма, яке аз пешвоёни мазҳабии хеле маъруфи кишвар баргузор гардид. Дар маросими ҷанозаи ин олими шинохтаи дини мубини ислом беш 20 ҳазор нафар одам иштирок дошт. Аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва ҳатто берун аз он шахсиятҳои хеле маъруфи мазҳабӣ, сиёсатмадорон, собиқ мансабдорони сатҳи баланди ҷумҳурӣ ва ғайраву ҳоказо ба ин маросим омада буданд.

Дар байни ин издиҳом муллоҳое буданд, ки шояд дар баъзе масоили фиқҳӣ ва ё  арзёбии баъзе аз воқеъаҳои рӯз бо домулло Муҳаммадӣ ихтилофи назар доштанд. Бо вуҷуди ин иддае аз онҳо дар ин маросим ҳатто суханронӣ карда нуқтаи назарашонро дар бораи домулло иброз доштанд. Аз ӯ ба некӣ ёд карданд.

/images/stories/2012/11/26_3.janozaitesha-rajab2511201.jpgЧаро чунин корро рӯзноманигорони тоҷик дар нисбати ҳамкасби худ дар ҷанозаи ӯ накарданд? Чаро 20 ҳазор не, ҳатто 20 нафар ҳам не, чаро 2 нафар рӯзноманигор ба маросими видоъи яке аз маъруфтарин журналистони 50 соли ахири кишвар наомад? Рӯҳониён дар тӯли 3-4 соат бо истифода аз минбари масҷид тавонистанд, ки сифоти ҳамсафи худро бигӯянд, аз хизматҳояш барои дини мубини Ислом, ҷомеъа ва давлат ҳарф бизананд, ӯро барои ҷавонон намуна бихонанд.  Ва бод гуфт, ки беҳтарин корро карданд. Қарзи худро ба ҷо оварданд.

Дар тарбияи насли наврас саҳм гузоштанд.Чаро дар маросими ҷанозаи худораҳматӣ Теша Раҷаб барои дар борааш сухан гуфтан ҳатто панҷ дақиқа ҳам вақт ҷудо накарданд? Чаро як ҳарфе дар борааш гуфта нашуд? Оё ӯ сазовори чанд сухани неки ҳамкасбони худ набуд?

Не, боз касе гумон накунад, ки камбудие дар баргузории ин маросим ҷой дошт. На, зану фарзандонаш, хешу пайвандонаш, ҳамаи рукнҳои ин маросими аҷдодиамонро хуб ба ҷо оварданд. Қарзи фарзандиву хешу табориро дар назди Худову Расул иҷро карданд. Онҳо мӯҳтоҷи кӯмак ва ё интизори омадани касе ҳам набуданд. Чи тавре, ки мегӯянд, ба обрӯ гурӯ чӯбаш карданд. Ин мо, журналистон, будем, ки …

Худо раҳматат кунад, устод Теша Раҷаб. Илоҳо, ҷоят фирдавси барин бошад. Омин.

Каме бештар аз як сол пеш хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» бо марҳум Теша Раҷаб мусоҳибае доир карда буд. Аз ин мусоҳиба шумо, муштариёни гиромӣ, дар бораи ин шахсияти маъруфи кишвар, дӯстону ҳамсафонаш, асарҳои ӯ иттилои зиёдеро пайдо карда метавонед.

ТЕША РАҶАБ: СУЛҲ КОРИ ЯК ТАРАФ НЕСТ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi