12:18:20 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИНТИҚОДИ АКБАРИ ТУРСОН АЗ ИМЛОИ НАВИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Раиси Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт ва шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи улум гуфт, қоидаи нави имло бидуни ҳамоҳангӣ бо онҳо таҳия шудааст. "Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки аз сӯи Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, бидуни назари донишмандони Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи улуми Тоҷикистон таҳия гаштаанд."

/images/stories/2013/01/10_akbar-tursun-100113.jpgИн андешаро Акбари Турсон, роҳбари ин пажӯҳишгоҳ, рӯзи 10-уми январ дар ҳузури хабарнигорон иброз дошт. Ҷаноби Турсон гуфт, миёни Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи забон як рақобати носолим ба вуҷуд омадааст ва ин кумита худсарона қоидаҳои имлои забони тоҷикиро таҳия ва бе гирифтани назари донишмандони ин ниҳод онро барои тасдиқ ба Ҳукумати кишвар фиристодааст.

Ба андешаи ҷаноби Турсон, ин имло бо нуқси зиёд ва бидуни баррасӣ дар матбуот таҳия ва қабул шудааст: "Дар даврони Шӯравӣ мо доду фарёд мекардем, ки калимаю ҳарфҳои бегонаро маҷбуран аз русӣ ба забони мо ворид карданд. Аммо “писханди таърих”-ро бинед, ки ҳоло мо дар замони истиқлолият бо дасти худамон ба забон калимаю унсурҳои бегонаро аз забони арабию форсӣ гирифта, ворид карда истодаем. Кор то ҷое расидааст, ки ман ҳатто матбуотро бо луғат мехонам. Забони тоҷикӣ бесоҳиб мондааст."

Ҷаноби Турсон афзуд, мувофиқи имлои нав навиштани аломати сактаро дар миёни ду садонок, ки ба табиати фонетикаи забони тоҷикӣ хос нест, ҷорӣ карда истодаанд. Ҳамчунин, вай иброз дошт, фарҳангу луғатҳое, ки ахиран аз ҷониби мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳот таҳия шудаанд, куллан рӯйбардори луғатҳои форсӣ аст.

Масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ин иддаои Акбари Турсонро рад карда, мегӯянд, имлои нави забони тоҷикӣ бо ҳузур ва ба инобат гирифтани назари ҳам донишмандони Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт ва инчунин дигар олимон таҳия ва қабул шудааст.

Бибиотия Ғуломова, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, дар сӯҳбат бо мо дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, "моҳи январи соли 2010 барои таҳияи қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ аз ҳисоби донишмандони забон комиссияи махсус таъсис шуда буд. Дар ҳайати ин комиссия аз Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт низ се нафар шомил шуда буданд. Аз ҷумла, раиси онвақтаи ин пажӯҳишгоҳ Сайфиддин Назарзода, Ғаффор Ҷӯраев - сарходим ва Мирзоҳасан Султонов - сарходими илмӣ узви ин комиссия буданд."

Хонум Ғуломова гуфт, матни қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ бо ниҳодҳои илмии Тоҷикистон низ мувофиқа шудааст ва зери лоиҳаи имло президенти Академияи улуми Тоҷикистон низ имзо шудааст. Ба гуфтаи Ғуломова, ҳамаи навгониҳои марбут ба қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ бо раъйи олимони забон ба миён омадаанд. Вале забоншиноси тоҷик, Азим Байзоев, мегӯяд, бо қабули имлои нав ҳам миёни донишмандон баҳси имло хомӯш нашуд ва ҳамоно идома дорад. Ин маънои онро дорад, ки қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ аз камбудиҳо орӣ нест:

"Дар масъалаи истифодаи аломати сакта бошад, ҳоло дар забони тоҷикӣ танҳо дар маврид ин ҳарф дар миёни садонокҳо меояд. Яъне, калимаи “фаъол” ва “таъин”. Дар ғайри маврид дар миёни ҳарфҳои садонок ин ҳарф истифода карда намешавад. Аммо дар матни қоидаҳои имло навишти чанд калимаи арабӣ назири “тафаЪЪул” ва “муфаЪЪал” барои мисол оварда шудааст, ки инҳо калимаҳои тоҷикӣ нестанд ва бинобар ин дар он ҷо аломати сакта дар миёни садонокҳо навишта шудааст."

Ҳамчунин, ҷаноби Байзоев афзуд, ҳоло яке аз мушкилоти мубрам ин аст, ки донишмандон ҳини иқтибоси қонунҳои қаблан қабулшудаи кишвар назири Қонуни асосӣ дар дуроҳа қарор мегиранд. Чунки матни ин қонунҳо ба қоидаҳои нави имло мувофиқ нест, вале ҳарфи қонунро донишмандон аз пеши худ наметавонанд ислоҳ кунанд. Агар тавре ҳаст, иқтибос карда шавад, ин маъноро хоҳад дошт, ки қоидаҳои нави имло поймол шудаанд.

Имлои забони тоҷикӣ дар даврони истиқлоли кишвар ду маротиба - дар солҳри 1998 ва 2011 таҳрир хӯрдааст. Охирин қоидаи имлои забони тоҷикӣ 4-уми октябри соли 2011 аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Талошҳои ислоҳи имло аз он ҷо маншаъ мегиранд, ки дар матбуот шаклҳои гуногуни навишти калимаҳо ва истифодаи бемеъёри калимаҳо аз забонҳои дигар ба авҷи худ расида, ҳатто раисиҷумҳури Тоҷикистон дар як паёмаш ба ин масъала ишора карда буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi