22:16:48 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БАҲОДУРИ РАФӢ: «ЗИНДАГӢ» САРОПО МУБОРИЗА АСТ…

Баҳодури Рафӣ, овозхони ҷавони тоҷик, ки бо сурудҳои «Нагӯ-нагӯ» ва «Пайи бӯса» байни ҷавонон маъруфият пайдо кардааст, филми кӯтоҳметражеро бо номи «Зиндагӣ» рӯйи навор овардаву интизор меравад, ин филм рӯзҳои наздик ба бозор барояд. Хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» дар ин бобат бо ӯ сӯҳбате ороста, ки пешкаши Шумо мегардонем…

-Баҳодур, шумо аслан овозхон ҳастед, сабаби ба синамо рӯй овардани Шумо чӣ буд?

/images/stories/2013/02/05_1-bahodur-2013.jpg-Ман аз хурдӣ истеъдоди актёрӣ  ва сарояндагӣ доштам, аммо азбаски дар Тоҷикистон синамо ҳанӯз ба таври лозима рушд накардааст, ман ба овозхонӣ рӯй овардам. Чанд сол дар Амрико ҳунарамро сайқал додам ва бо сарояндагоне маъруфе чун Андиву Мансур ҳамкориву дӯстӣ доштам. Бо коргардони маъруфи эронӣ Коҷӣ Задорӣ чанд клипро рӯйи навор оварда будем. Хуллас, бо пайдо шудани нахустин имкон ман ба синамо рӯй  овардам ва филми кӯтоҳметражи «Зиндагӣ»-ро омода кардем…

- Сужаи ин филм чӣ гуна аст?

- Ин филм аслан дар бораи ҷавоне нақл мекунад, ки иттифоқан ба гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ шомил мешавад. Баъдан ба сари ин ҷавон мушкилоти зиёде меояд, ки намехоҳам ба тафсил онро нақл кунам. Дар охир ҳаёти қаҳрамони филм фоҷиавӣ анҷом меёбад. Гумон мекунам ин филм ба тамошобини тоҷик писанд меояд, барои он ки ин мавзӯъ дар синамои тоҷик нав аст.

- Ин гуна сужаҳои тезу тунд то ҷойе дар синамои тоҷик нав аст. Барои ҷи маҳз ин жанрро интихоб намудед?

- Ҳадафи мо инро тақозо мекард. Чунки мавзӯеро интихоб карда будем, ки бе саҳнаҳои куштору криминалӣ онро ба тамошобин расонида имкон надошт. Мо бо ин филм ба тамошобин нишон додан мехоҳем, ки бадиву бадкорӣ ҳамеша дар пайи худ бадӣ меорад. Бад накун, ки бад афтӣ, чоҳ накан, ки худ афтӣ-мегӯянд мардуми мо.

-Барои чӣ филми кутоҳметраж? Шояд бо сабабҳои молиявӣ

- Албатта, ин гуна мушкилот ҳам буд. Боз ман мехостам аввал худро дар филми кӯтоҳметраж  бисанҷам. Ку бубинем мардум ин филмро чӣ гуна қабул мекунанд. Дар оянда, агар сарпараст пайдо шавад, мехоҳем бо ҳамин услуб филмҳои пурраметаржро ҳам ба навор гирем…

- Дар оянда касби овозхониро идома доданӣ ҳастед ё ба синамо мепайвандед?

- Ҳардуяшро. Ман фикр мекунам, ки мусиқиву синамо бо ҳам тавъаманд. Масалан филмҳои ҳиндиро бе суруду тарона тасаввур карда наемшавад ва онҳо бо филмҳояшон тамоми дунёро гирифтаанд.

- Кай ин филм ба дасти тамошобин мерасад?

- Мо кӯшиш мекунем, ки то охири моҳи феврал филми мо ба дасти тамошобин рассад.

-Хуб ташаккур барои сӯҳбати самимӣ

Баҳманёр, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi