15:07:31 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 27 28 29 30
31            

ҶАШНВОРАИ «НИГОҲИ НАВ» ОЁ КӮШИШИ ТАҒЙИР ДОДАНИ ВАЗЪИ КУНУНИИ ТЕАТР ДАР КИШВАР АСТ?

Интизор меравад моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дуввумин ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявии театрии ҷавонон бо номи «Нигоҳи нав» баргузор гардад.

/images/stories/2013/02/14_nigohi-nav-130213.jpg

Гуфта мешавад дар ин озмун саҳнаҳое ба намоиш гузошта мешаванд, ки комилан аз тарафи ҷавонон омода гаштаанд. Барои огоҳии бештар ёфтан дар ин мавзӯъ хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» сӯҳбате орост бо мутасаддиёни баргузории ин ҷашнвора Далери Эмомалӣ ва Шоҳҷамшед Раззоқзода, ки онро пешкаши Шумо мегардонем.

-Мехостам дар бораи ҷашнвораи «Нигоҳи нав» маълумоти пурратар медодед. Ин ҷашнвора чӣ гуна ҷашнвора аст ва ҳадафи шумо аз баргузор кардни он дар чист?

Далер: -Ҳадафи мо ин дарёфти ҷавонони боистеъдод, ки аз набудани чунин ҷашнвораҳо солҳо паси парда мемонанд ва андак ҳам бошад дар қалби онҳо зиндатар кардани завқе, ки ба санъати театрӣ доранд. Бояд синну соли иштирокчиён аз 30 боло набошад ва онҳо метавонанд то 5-нафар дар як  гурӯҳ ҷамъ омада, намоишеро омода намоянд

Шоҳҷамшед: -Ҳамчунин бояд зикр кард, ки аз тарафи ҳайати доварони ҷашнвора беҳтаринҳо аз рӯйи  шартҳои зерин интихоб карда мешаванд:

-Беҳтарин оҳанг

-Беҳтарин пардоз

-Беҳтарин ороиши чароғ

-Беҳтарин ороиши саҳна

-Таваҷҷӯҳи тамошобин

-Беҳтарин нақши лаҳзавӣ

-Беҳтарин нақши занона

-Беҳтарин нақши мардона

-Беҳтарин коргардон-таҳиягар

-Беҳтарин намоиш – шоҳҷоиза

-Ман гумон мекунам баргузор намудани ин гуна ҷашнвора  осон нест. Кӣ шуморо дар ин кор дастгирӣ мекунад?

Далер: -Ин ҷашнвора бо сарпарастии Институти «Ҷамъияти Кушод»-и Бунёди мадад дар Тоҷикистон  ва Дафтари ҳамкорииШвейтсария, ҳамчунин бо дастгирии  Вазорати фарҳанг гузаронида мешавад.  Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии кишвар низ омода будани худро барои дастгирии мо иброз доштааст.

-Шумо худ хатмкардаҳои Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Турсунзода ҳастед?

Далер: -Бале ман ин донишкадаро хатм кардам ва Шоҳҷамшед ҳанӯз дар курси 4-ум аз устодони ин боргоҳ маҳорати актёриро меомӯзад.

-Сатҳи таҳсил дар Донишкадаи ҳунарҳои зебо чӣ гуна аст?

Далер: -Рости гапро гӯям ман  аввал дар бахши режиссёрии ин донишкада таҳсиламро оғоз кардам. Аммо чун сатҳи таҳсил талаботи маро қонеъ карда натавонист, ба шӯъбаи актёрӣ гузаштам.

Шоҳҷамшед: -Шӯъбаи  актёрӣ воқеан аз беҳтарин шӯъбаҳои  ин донишкада аст. Ман инро  бе ягон тамаллуқ мегӯям…

-Шояд аз нигоҳи режиссура сатҳи паст доштани синамои тоҷик аз инҷо сарчашма гирад?

Далер: -Бале, мутаассифона дар ин донишкада шӯъбаи режиссураи театр ё синамо ҳанӯз вуҷуд надорад. Танҳо барои ба саҳна гузоштани намоишҳои ҷашнӣ коргардон омода мекунанд. Пас аз куҷо дар театр ё синамои мо режиссёрони касбӣ пайдо мешаванд?

-Агар ин тавр бошад, Шумо ба чӣ умед мебандед? Ҷашнвораи Шуморо кӣ обод хоҳад кард?

Далер: -Мо ба он ҷавононе умед мебандем, ки дар донишгоҳҳои олии хориҷа режиссураро омӯхтаанду имрӯз дар Тоҷикистон фаъолият доранд. Хушбахтона ҷавононе ба монанди Қурбон Бобоҷонов, Сӯҳроб Шехов ҳастанд, ки бо вуҷуди ҷавонӣ дар театрҳои кишвар фаъолияти босамар доранд. Ҳамаи умеди мо ҳам ба онҳост.

-Гумон мекунам сатҳи имрӯзаи синамои тоҷик аз сатҳи театрҳои мо хеле пасттар мебошад…

Далер: -Мақсади Шуморо фаҳмидам. Шумо гуфтанӣ ҳастед, ки чаро ҷашнвораи мо театрӣ асту синамоӣ не. Барои он ки мо худ кадрҳои театрӣ ҳастем. Аммо як чизи дигар ҳам ҳаст, ки агар мо ҷашнвораи синамоӣ барои ҷавонон ташкил мекардем кӣ дар ҷашнвораи мо иштирок мекард ба ҷуз Муҳиддин Ҷӯраев ё Сироҷиддин Ғафурӣ? Яъне аз байни ҷавонон коргардонҳои синамо ангуштшуморанд ва ҷашнвора ҳам якранг мешавад.

-Соли гузашта филми иронии «Ҷудоии Нодир аз Симин» ҷоизаи Оскарро ба худ ихтисос дода буд, имсол як филми афғонӣ муддаии ин мукофоти олии олам шудааст. Яъне филмҳои ҳамзабонони мо ба сатҳи ҷаҳонӣ баромадааст. Синамои мо то кай дар ҳамин сатҳ мемонад?

Далер: -Агар бо ҳамин равиш равем, хеҷ гоҳ пеш нахоҳем рафт. Ман гумон мекунам ҳарчӣ бештар бояд ҷавонони боистеъдод барои омӯхтани режиссура ё актёрӣ ба хориҷа фиристода шаванд. Ё аққалан дар донишкадаи санъат шӯъбаи коргардони театр ва синамо таъсис дода шавад…

-Хуб ташаккур барои сӯҳбати самимӣ. Муваффақ бошед.

Баҳманёр, «Рӯзгор»

Дар нашри аввали ин мавод чанд хатои техникӣ рух дода буд, ки ҳамзамон бо ислоҳи онҳо  аз ҳамсӯҳбатон ва масъулони Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода маъзарат мехоҳем.

Бо эҳтиром аҳли «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi