07:04:12 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДАР МАҲФИЛИ ГУЛИ ЗАРД

Имрӯз, 6-уми марти соли 2013, дар толори ҷаласаҳои Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон ба ифтихори панҷоҳумин солрӯзи таваллуди шоира ва рӯзноманигори маъруфи кишвар Гули Зард маҳфили ҳамкасбону дӯстони ин соҳибқалами варзида баргузор гардид.

/images/stories/2013/03/06_guli-zard-06032013.jpgАкбаралӣ Сатторов, раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорон дар оғози маҳфил сухане чанд дар бораи роҳи эҷодии тайнамудаи Гули Зард, иброз дошт. Ӯ Гули Зардро аз ҷумлаи боҷуръаттарин ва сермаҳсултарин журналистони муосири тоҷик хонд.

Сипас рӯзноманигорони ҳафтаномаи «Овоза ва ҳақиқат», ки ин маҳфил бо ибтикор ва талоши онҳо ва инчунин Иттиҳодияи журналистон ба вуқӯъ пайваст, дар бораи ҳамкасби худ фикру андешаҳои ҷолиберо ироа карданд ва паҳлӯҳои мухталифи эҷодиёти ӯро ба риштаи таҳлил кашиданд.

АКСҲО АЗ МАҲФИЛИ ГУЛИ ЗАРД

Аз номи Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон соҳибҷашнро Раҳмат Назрӣ, шоири маъруфи кишвар, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ табрик гуфт.

Шоирони шинохтаи тоҷик Хайрандеш ва Убайдуллоҳи Ширин бошад, ашъори дар васфи Гули Зард навиштаашонро қироат намуданд. Гули Зардро бо рӯзи мавлудаш дар ин маҳфил журналистони тоҷик Сайёфи Мизроб, Савфати Бурҳон, Ҳуриниссо Ализода, Дилбар Табарова, Назокат Олимова, Султони Ҳамад, Шариф Мисайзод, Муҳаммад Иқболи Қубодиёнӣ ва дӯстону хешу табор самимона табрик гуфтанд.

Дар ин маҳфиле, ки хеле самим ва дилписанд гузашт, овозхонҳои шинохтаи кишвар Ҳабибуллоҳ Беков  ва Умар Темур таронаҳои бар ашъори Гули Зард сурудаашонро ба ҳозирин пешкаш карданд.

Воқеан дар ин маҳфил мебоист озмуни элоннамудаи Гули Зард «Хазонрези орзуҳо» ҷамъбаст мегардид. Вале бо сабабҳои техникӣ ин кор ба вақти дигар мононда шуд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi