11:00:14 02-уми Декабри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Декабр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

АҲМАД ЗОҲИР, МАЪНАВИЁТ ВА ҶАҲОНИШАВӢ

 Ин тақризи шоир ва файласуфи номдори кишвар Назри Яздонӣ ба китоби Султони Ҳамад «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб» таҳти ҳамин унвон- «Аҳмад Зоҳир, маънавиёт ва ҷаҳонишавӣ» рӯзи 23-юми феврали соли 2013 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо каме ихтисор ба табъ расидааст. Бо хоҳиши муаллиф ва бархе аз муштариёни сомонаи «Рӯзгор» мо шакли пурраи ин тақризро пешкаши хонандагони арҷманд мегардонем.

nazri-yazdoni-250313Барои насли ман ошноӣ бо Аҳмад Зоҳир - ошноӣ бо ҷаҳони пурғановати маъно, ки ошноии кӯҳна буд, аммо таҷаллии комилан нав дошт, як такон, гардиш, бозбинӣ, бозшиносии маънавиёт буд. Ошноӣ ба воситаи магнитафони “Романтик”, ки ҳар ним соат тарақасти сахт мекард, кассетаро ҳаво медод ва моро маҷбур мекард саросема рӯи дигари кассетаро насб кунем ва баргашта вориди ин ҷаҳони зебо шавем.

 Аҳмад Зоҳир ба Тоҷикистон гӯё на аз Афғонистон, балки аз ватани аслии Тоҷикон, ки дар дарёҳову, саҳроҳо, кӯҳистону дарёҳои таърих гоҳҳо тика-тика, гоҳҳо лахта- лахта шудааст, ба саломат ба ҷаҳони орзуҳо боз гашта буд. Азизе аз сафаре боз гашта буд. Шимолу ҷануб Тоҷикистону Афғонистон, Эрону Ӯзбакистон, кишвари Қирғизу Туркманро намедонист. Ҳарҷое, ки забони тоҷикӣ ҳокимият дошт, ворид шуд, хӯшбошӣ гуфт, хушбошӣ ёфт ва зиёда аз 40 сол аст муқимӣ гаштааст.

 Яке аз хуштарин рӯшноиҳои андешаи хотираҳои ман аз солҳои ҳафтоду ҳаштод ин аст, ки дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон ва минтақаҳои сершумори тоҷикнишини Осиёи марказӣ ҳамаҷо гоҳҳо канда- канда, бештар бардавом, суруди Аҳмади Зоҳир андешаи мардумро ба даври худ ҷамъ мекард:

 «Шаҳаншоҳ шаҳаншоҳ, яке базм ниҳода…

Биёед биёед, матарсед, матарсед, зи уриёни харобот…».

 Ин садо кобулӣ набуд, бухорӣ набуд, исфаҳонӣ набуд, марвию балхӣ набуд. Садое тозае тоҷикии дарӣ буд. Чанд калимаро ба монанди шор «(Шаҳр),», «Қор», (Қаҳр), талаффуз мекард, гӯё таъкид мекард, ки таронаро аз Кобул мехонам. Маъниҳои аслиро тараннум мекард, асолати ориёни тоҷикиро. Зеру бамҳои тоза эҳё мекард.

 Танинҳое комилан ғайриоддӣ, на тоҷикӣ, на ҳиндӣ, на афғонӣ, на франсавӣ ва дар айни замон ҳам тоҷикӣ ва афғонӣ ҳам ҳиндӣ… Аз як калима (Масалан “Сангиндил”), чандин маънӣ, чандин дард, чандин нишот, чандин танини рангин берун мекашид, бо ҳиммати ҳотамона тақдими ошиқону ташнагони зебоӣ мекард.

 Аммо беҳтари сифате, ки барои ман чил сол муқаддам муҳим буд ва имрӯз муҳимтар аст, ин аст, ки Аҳмад Зоҳир ваҳдатсозӣ мекард. Дона -дона, пора -пора, даста-даста, анбӯҳ -анбӯҳ. Ҷамъияте, ки дар атрофи ин азиз тӯли ин таърих ҷамъ омадааст, аз шуморҳои маъмул берун аст. Ҳамоно ваҳдат месозад, барои ман ин сифати ӯ азиз аст, чун ваҳдати миллӣ наҷоти миллат, сарбаландии ӯ, дар ҷаҳони пурошӯби имрӯза роҳи расидан ба мақоми шоистааш дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ аст.

ahmad-zahir-250313Хоҳ Аҳмад Зоҳир аст, хоҳ Муҳаммад Иқбол ё ҳар бузургвори дигар, ки барои сарбаландӣ, ваҳдати миллӣ камтарин саҳмия мегирад, барои ман азиз аст, муқаддас аст. Аз ин ҷост, ки китоби Султони Ҳамад “Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб”, китоби ороста бо забони равон, далелу тасвиру фаровону мӯътамад, илҳоқӣ, матни таронаҳо, рӯйхати адабиёти навишторӣ, интернетӣ бисёри ҷолиби таваҷҷуҳ аст.

Муҳимтарин равшангартарин падида ин аст, ки Султони Ҳамад дар паҳлӯи китобаш дискеро омода кардааст, ки таронаҳои ғарбии Аҳмад Зоҳирро бо нусхаҳои аслии руси, англисӣ, итолёвӣ, франсавӣ дар иҷрои сарояндагони нахустин (Элвис Пресли, Энрико Массеас, Алла Пугачёва, Хулиё Иглесиас), бо иҷрои аслии ҳунармандони мумтози миллату забонҳои гуногун Бобомурод Ҳамдамов, ШералӣҶураев, Зафар Нозим, Алла Пугачёва ва ғайра таҳия кардааст. Ҳатто сурудҳое ҳастанд, ки дар шаш, ҳафт гунае адо тақдим шудаанд. Воқеан Султони Ҳамад меҳнати сабурона, мардона, тоқатфарсо кардааст. Орзу мекунам, дар ҳамин ҷода устувору бобарор бошад.

Дар мусиқишиносии тоҷик то имрӯз 7 китоб дар бораи саргузашт, осори мусиқӣ, нуфузи Аҳмад Зоҳир дар мусиқии Шарқ ва ҷаҳон ба нашр расидааст.

Аҳмад Зоҳир ягона овозхонест, ки дар бораи ӯ ин шумори хоссаи монаграфияҳо нашр шудаанд ва ҳамоно талаби ҳамагон барои ин гуна иттилоот қаноатманд нашудааст.

Дар сомонаҳои интернетӣ чандин сомонаҳо махсус ба Аҳмад Зоҳир аст. Шумораи ташрифоварандагон ба ин сомонаҳо аз шумори миллион кайҳо гузаштааст.

Дар сайтҳои махсус ҳамарӯза гуфтугӯҳо, баҳсҳо, табодули назарҳо, бархӯрди ихтилофи назарҳо мушоҳида мешавад.

Алқисса як номи ҳамеша зинда, ҳатто зиндатар аз рӯзгори заминияш.

Чи зарурат аст? Чи эъҷоз аст? Чи асрор аст Аҳмади Зоҳир, ки ҳамоно андешаҳоро, завқҳоро ва мусиқидонҳои миллатҳои гуногунро ба шахсият, эҷодиёти ӯ ҳамеша дар каманди муҳаббати худ нигоҳ медорад. Чаро беҳтарин сарояндаи туркзабон ШералӣҶӯраев барои ӯ марсия мехонад ва ҳар дафъа, ки мехонад, ашк ҷорӣ мекунад. Оқубат ба шогирдаш Нуруддин Ҳайдаров мегӯяд: «дигар сурудани ин марсия барои ман мушкил аст ва дигар онро ту бихон!». Шеър аз шоири маъруф Туроб Тӯла аст, ки дар он аз ҷумла эътироф мешавад.

Номи Аҳмад Зоҳир ҷовидон аст,

Ӯ намемирад, ба мисли офтоб аст.

Боз ҳам шоири ӯзбек Зикрулло Валиев марсияи ҳасрат мехонад:

Алвидо, э таронаи тоза-баҳор,

Алвидо, дарде, ки бо худ мебарам,

Алвидо, ай орзуҳои болҳо нокушода,

Алвидо, ай душманон, ай қотилони ман…

Чӣ асрор аст, ки Энрико Массеас, муаллифи суруди «Оҳ гиторам, гиторам», суруде, ки ба русӣ, тоҷикӣ ва аксари забонҳои дунё беҳтарини сарояндагони миллал сурудаанд, мегӯяд: “Аҳмад Зоҳир сурудҳои маро аз ман беҳтар хондааст”.

Чаро мусиқишиноси маъруфи рус А.Василев ӯро сарояндаи беҳтарини асри 20 шинохтааст?

Эъҷозе ба унвони Аҳмади Зоҳир як эҷози танҳо нест. Мусиқишиносони дараҷаи аввали ҷаҳонӣ, овозхонҳои дараҷаи аввали ҷаҳонӣ ба монанди Энрико Массеас, Майкл Джексон, Монсерат Кабалье, Плачидо Доминго, Зафар Нозим, Одина Ҳошим, Шерали Ҷӯраев, Бобомурод Ҳамдамов ва дигар бузургон, эъҷози суруди Аҳмади Зоҳирро гаштуву баргашта таъкид кардаанд, изҳори ҳайрат ва ҳаяҷон кардаанд.

muqovai-kitob-250313Сурудҳои ошиқона, орифона, сурудҳое, ки ҷаҳонӣ ҳастанд («Оҳ гиторам, гиторам»), “Эл-бимбо”, “Дарогой длинною”, “Дидам ҷамоле”, “Ла-палома”, ва чанд суруди дигар, ки ҳар кадоме саргузашти аҷибе доранд (дар китоби Султон Ҳамад “Аҳмад Зоҳир ва мусуқии Ғарб” саргузашти ин сурудҳо хуб ҳикоя шудааст) ва монанди инҳо ҳар кадоме ҷанбаи эъҷозгуна доранд. Аз ин боб гуфтугӯҳои зиёд шудааст ва мешавад, аммо ҳамоно дар эҷодиёти ин бузургвор тоза ба тоза паҳлӯҳои ҳайратовар ошкор мешавад.

Аз ҷумла ӯ суруде мехонад бар ғазали Симини Беҳбаҳонӣ. Он гуна, ки маъмул аст ғазал на ошиқона аст на орифона, на рақсӣ, на марсия. Аслан худи ғазал як оқубати фавқулодда мудҳиш, ваҳшатаангезро тасвир мекунад. Як мавзӯе, ки маъмулан бояд дар жанрҳои опера, ҳамосахонӣ, қиссахонӣ ба мусиқӣ оварда шавад ва пешниҳод шавад.

Симини Беҳбаҳони мегӯяд:

Осмон холист, холӣ, рӯшанонашро кӣ бӯрд?

Тоҷи моҳаш, синарези каҳкашонашро кӣ бӯрд?

ххх

Ин заминро пеш аз инҳо осмоне сабз буд,

Ҷуз сиёҳӣ нест пайдо, осмонашро кӣ бӯрд?

ххх

Ин чанори дерсол озурда аз беҳудагист,

Лонаҳои мурғакони нағмахонашро кӣ бӯрд?

Як сарзамине, ки замину осмонаш барҷост, чанораш сабз аст, рӯдҳояш ҷорӣ ҳастанд, фарзанди ин сарзамин барҳаёт аст, аммо айни ҳамин сарзамин дигар осмонаш гум шудааст, ситорагонаш, Каҳкашонаш нопайдост, чанораш маҳзун аст, озурда аст, ба беҳуда буданаш тан додаст…

Як рӯзгори аз фоҷиа мудҳиштар. Чи гуна метавон ин манзараи ваҳшатзорро ба тарона овард? Барои шунавандаи ин тарона кадом қудрату таамул бояд бошад, ки онро қудрати шунидан кунад? Ин даҳшату фоҷиаро сароянда кадом дил, кадом ҳанҷара дошта бошад, ки суруда тавонад?

Воқеъан шунавандаи маънирас ва соҳибназар ин сурудро шунида комилан аз даруну берун дигаргун мешавад. Ҳатман ба андеша ба оқубатандешӣ меравад. Ин ҳам як мӯъҷизае дар ҳунари овозхонӣ. Эъҷозе, ки фазилатҳои опера, трагедия, ҳамоса, суруди исёнро дар як шоҳкорӣ, ҳаҷми панҷ дақиқа фишурдааст. Гуфта намешавад, ки ин фишурда ин қиём мӯмиё ҳаст, ё таркиши норинҷак? Дар ҳар сурат як эъҷози ҳунар дар баробари эъҷозҳои дигари Аҳади Зоҳир. Безавол, зинда, тапанда, бо зарби набзи зиндагӣ.

Китоби Султон Ҳамад баробари нашр шуданаш бештар аз китобҳои дигараш вокуниш пайдо кард. Миёни алоқамандони сершумору ҷаҳоншумули Аҳмад Зоҳир. Миёни ихтисосмандони ҳунари суруд, алалхусус, мавриди диққати устодони донишкадаҳо ва донишгоҳҳои ҳунарӣ, ки гуфтаанд: Ин барои мо беҳтарини дастури таълимист.

Китобест дар тақдири ҳунари мусиқии тоҷикӣ ба сарвақт расида. Дар вақти ҷаҳонишавии маънавиёт аз ҷумла санъати суруд.

Зимни ҳикояти бисёр равон ба муаллиф муяссар гаштааст, ки рабти табиӣ, бе мушкил, ҳамдилу ҳамовозу суруди тоҷикии дарӣ ва сурудҳое, ки тавонистаанд ҷаҳонгир шаванд, ҷаҳонӣ будани ҳунари мусиқии ориё-тоҷикиро намоиш диҳад.

Имрӯз дар саросари қаламрави забони тоҷикӣ ҳар ҷое хурде, бузурге замзама мекунад:

Танҳо шудам танҳо,

Осуда аз ғавғо шудам…

Месарояд ва ҳаргиз дар гӯшаи хаёл надорад, ки ин суруд “Эл-Бимбо” аст, франсавӣ аст, сарояндаи он Клод Морган буд ва мушаххасоти дигар…

Ҷои гуфтан аст, ки Султони Ҳамад дар ҷомеа ҳамчун як коршиноси сиёсӣ, журналисти мустақил, як арбоби сиёсии фаъол дар робитаҳои сиёсии фарҳангии Тоҷикистону Афғонистон маъруф аст. Дар мавриди мавзӯи ин гуфтугӯ бояд қоил шуд, ки ӯ як пажӯҳишгар муҳаққиқи салоҳиятманду профессионалӣ ҳаст. Дар мавзӯе, ки имрӯз ба унвони “Аҳмадзоҳиршиносӣ” маъруфият пайдо мекунад, беназир аст.

Фонотекаи комили сабтҳояшро дорад, то нусхаҳои консертӣ, базмӣ, маҷлисӣ ва ҳатто машқии онҳоро. Якояки дӯстон, хешовандон, ошноён, рақибони Аҳмад Зоҳирро ҷустуҷӯ карда, сӯҳбат карда, сӯҳбатҳои аудиоӣ, видеоии онҳоро дар бойгониаш маҳфуз медорад. Дар аввали китобаш алоқамандияшро мухлисӣ номидааст.

Ба назари мо дуруст аст, аммо дақиқтар мебуд ин алоқаро пажӯҳишкории профессионалӣ шиносем. Ин шинохти маърифат аст. Маърифати мусиқии миллӣ, рабти ин мусиқӣ аз тариқи Аҳмади Зоҳир бо ҷаҳон. Аз ҳамин тариқ аст, вуруди шоҳкориҳои ҷаҳониро ба мусиқии тоҷик ва нашру шӯҳрати мусиқии тоҷикиро аз тариқи ҳунари Аҳмад Зоҳир ба ҷаҳониён пайгирӣ карда, тавонистааст самарии пурбаракати ин табодулро нишон бидиҳад.

Ҷустуҷӯҳои ин гуна як пажӯҳишгари хастанашаванда идомаи бобарор ва умедбахш дорад. Имрӯзҳо тадқиқоти навбатии ӯ бо унвони “Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Шарқ” дар остони ба нашр расидан аст, ки он ҳам барои ошиқони зебоӣ як ҳадияи тозаву тар хоҳад буд.

Назри Яздонӣ, шоир ва файласуфи тоҷик, номзади илмҳои фалсафа



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi