11:50:08 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЗОДРӮЗИ ШОДРАВОН ИСКАНДАРИ ХАТЛОНӢ

Имрӯз, 12-уми октябр, ба зодрӯзи Искандари Хатлонӣ, шоир ва хабарнигори фақиди тоҷик 55 сол пур шуд. Масъулони Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Искандари Хатлониро гӯяндаи шеъри сафед дар адабиёти даҳаи 80-уми асри бист дар Тоҷикистон медонанд. Ҳамчунин, фаъолияти Искандар ба унвони хабарнигори сатҳи байнулмилалӣ пурарзиш талаққӣ мешавад.

 Искандари Хатлонӣ (Идиев) дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон, дар хонаводаи муаллим зода шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна дар Техникуми сохтмонии шаҳри Душанбе ва баъдан дар Донишгоҳи адабии шаҳри Маскав ба номи Максим Горкий (1976 – 1981) таҳсил кардааст. Солҳои 1985 – 1988 дар Афғонистон ба унвони тарҷумон кор мекард.

 Пас аз бозгашт аз Афғонистон ба Ватан дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», минбари Итиҳоди нависандагони Тоҷикистон фаъолият кардааст. Дар оғози даҳаи 1990 хабарнигори бахши форси Би-би-сӣ ва аз соли 1995 то лаҳзаи марг хабарнигори радиои Озодӣ дар шаҳри Маскав буд.

 Искандари Хатлонӣ дар тирамоҳи соли 2000 бо як бераҳмӣ аз сӯи фард ё афроди қотил дар манзилаш дар шаҳри Маскав кушта шуд. Аз Искандари Хатлонӣ чанд маҷмӯъаи шеърӣ, аз ҷумла «Парвоз» (1981), «Шукуфаҳо» (1986), «Садои пои вожаҳо» (1988) ва «Кушоиш» боқӣ мондааст.

 Ҳамчунин, шеърҳояш ба бисёре аз забонҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тарҷума шудаанд. Искандар аз соли 1989 ба узвияти Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуда буд.

 Хуршеди Ҳамдам, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi