22:32:58 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Маҳфили ёдбуди Аминҷон Шукуҳӣ

"Агар лирикаи ишқиву самимонаи Аминҷон Шукуҳӣ солҳои шастуми асри гузаштаи мелодӣ дар адабиёти мо буруз намекард, дар гумон буд, ки дар он солҳо шоирони навовару навҷӯе ба мисли устодони имрӯз шодравон Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор Сафиева ва дигарон ба ин бузургӣ арзи вуҷуд мекарданд"- гуфт Гулназар Келдӣ, Шоири Халқии Тоҷикистон, дар ҳамоише, ки ба муносибати 90-умин солгарди зодрӯзи шоир, нависанда ва журналисти маъруфи кишвар, дорандаи ҷоизаи адабии давлатии ба номи устод Рӯдакӣ (1965) Аминҷон Шукуҳӣ, дар толори Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид.

2.aminjon-shukuhi 2013Маҳфилро, ки дар он шоирону нависандагон, журналистон ва фарзандону наберагони Аминҷон Шукуҳӣ ширкат мекарданд, Абдулҳамид Самадов, муовини аввали Раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон бо сухани муқаддимавӣ ҳусни матлаъ бахшид. Ӯ дар бораи роҳи эҷодии адиб маълумоти мухтасару муфиде ба ҳозирин ироа кард. Аминҷон Шукуҳӣ 10-уми июни соли 1923 дар деҳаи Румони ноҳияи Хуҷанд таваллуд шудааст.

Пас аз хатми курсҳои муаллимтайёркунӣ дар шаҳри Хуҷанд чанд муддат муаллим ва баъдан дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳайси корманди милиса ифои вазифа намудааст. Аз соли 1947 ба кори журналистӣ мегузарад. Аввал чанд муддат ба ҳайси ходим, сипас мудири шуъба ва ҷонишини муҳаррири рӯзномаи "Ҳақиқати Ленинобод" заҳмат мекашад. Соли 1955 шуъбаи рӯноманигории Мактаби олии ҳизбии шаҳри Маскавро хатм кардааст. Чанд муддат муҳаррири рӯзномаи "Тоҷикистони Советӣ" ва котиби Иттифоқи Нависандагон шуда кор мекунад. Аз соли 1967 то соли 1976 раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон буд.

1.aminjon-shukuhi 2013Аввалин шеърашро дар синни 17-солагӣ гуфтааст. Нахустин маҷмӯаи шеърҳояш бо номи "Ватани сулҳ" соли 1952 ба табъ мерасад. Баъдан китобҳои дигари ӯӯзҳои мо" (1954), "Садои дил" (1956), достони "Кӯчабоғи ошиқон" (1962), "Нафаси гарм" (1964), "Арзи қалам" (1971), "Чормағз" (1973) ва ғайра ба нашр расидаанд. Аз рӯи достони "Кӯчабоғи ошиқон" соли 1964 Театри давлатии драмавии Хуҷанд намоишномаи ҳамном ва соли 1967 Театри давлатии академии опера ва балети ба номи устод Айнӣ операи "Бозгашт"-ро ба саҳна гузоштанд. Аксари ашъори лирикии ӯро оҳангсозону овозхонҳо ба оҳанг даровардаанд, ки бархе аз онҳо ба таронаҳои дӯстдоштаи мардумӣ табдил ёфтаанд.

Дар наср низ Аминҷон Шукуҳӣ асарҳои мондагоре ҳамчун "Шаҳло ва Шифо", "Имзои шахсӣ" (1967), романи "Печутоби роҳҳо" (1978) бо ҳамқаламии  Ҳилолиён Аскар, "Парии ҷазира" (1973) ва ғайраро аз худ ба мо ба мерос гузоштааст. Маҳсули эҷодаш ба забонҳои русӣ, укроинӣ, узбекӣ ва дигар забонҳои дунё тарҷума шудаанд. Аминҷон Шукуҳӣ осори бузургони адабиёти ҷаҳонӣ, аз ҷумла Пушкин, Лермонтов, Райнис, Симонов Сурков ва дигаронро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Аминҷон Шукуҳӣ 17-уми майи соли 1979 дар Душанбе олами фониро падруд гуфт.

Дар маҳфили ёдбуди Аминҷон Шукуҳӣ устодони сухан, шоирону нависандагони маъруфи кишвар Мӯмин Қаноат, Меҳмон Бахтӣ, Гулрухсор Сафиева, Саттор Турсун, Сайидалӣ Маъмур, Ҳадиса Қурбонова, Холмурод Шарифов, фарзандону наберагони соҳибҷашн ва дигарон аз ёддоштҳояшон дар бораи ин марди накӯном ва осори гаронбаҳояш қиссаҳои ҷолиб карданд.

ӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi