01:51:20 24-уми Июни 2025 сол

РАҲМОН: ҲАР ХОНАВОДА БОЯД САҲМДОРИ "РОҒУН" БОШАД

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як суханронӣ гуфт, ки ҳар хонаводаи тоҷикистонӣ "бояд ба маблағи на камтар аз 3000 сомонӣ" саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро харидорӣ кунад. Дар ин сурат, ба гуфтаи вай, барои иҷрои марҳилаи нахусти ин тарҳ 600 милюн дулор ҷамъоварӣ хоҳад шуд.

 

Ин матлабро Президент Раҳмон баъд аз зуҳри рӯзи сешанбе, 1 декабр, дар ҷараёни дидораш аз вилояти Суғд эълом кард. Интизор меравад, ки аз рӯзҳои нахусти соли ҷадиди мелодӣ ин саҳмияҳо ба фурӯш гузошта шаванд. Онгуна ки дар сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон омада, оқои Раҳмон гуфтааст: "Ҳар як оилаи тоҷикистонӣ, ғайр аз оилаҳои камбизоъат, бояд бо маблағи на камтар аз 3 ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ кунад."

 

Ҳамчунин раиси ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки “соҳибкорону сарватмандони кишвар бояд бо маблағҳои калон саҳмия харанд.” Зимнан, рӯзи сешанбе ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон эълом кард, ки ба маблағи даҳ милюн дулор саҳмияҳои ин нерӯгоҳро харидорӣ хоҳад кард ва ҳамчунин ба унвони кумак як милюн сомонӣ ба ҳисоби бонкии ин тарҳ интиқол додааст.

 

Дар ҳамин ҳол, соҳибназарон мегӯянд, ки беш аз 60 дарсади мардуми Тоҷикистон зери хатти фақр ба сар мебаранд ва ҳуқуқи мутавассит дар ин кишвар ҳудуди 260 сомонӣ ё 60 дулор аст ва бо чунин сармоя харидории саҳмияҳои Роғун ба маблағи се ҳазор сомонӣ барои хонаводаҳо душвор хоҳад буд.

 

Роғун, моликияти миллӢ?

 

Бо таваҷҷуҳ ба суханони Президент Раҳмон, бархе аз фаъолони ҳуқуқи башар аз эҳтимоли тавзеъи иҷбории саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун ба мардум ҳушдор дода ва мегӯянд, ки чунин наҳваи таъмини ҳазинаи ин тарҳ бо мабонии ҳуқуқи башар созгор нахоҳад буд. Аз сӯйи дигар, коршиносон мегӯянд, ки ҳатто бо дарназардошти камбуди шадиди нерӯи барқ дар фасли сармо мардуми Тоҷикистон ба судовар будани чунин саҳмияҳо дар оянда эътимод надоранд.

 

Зеро, соли 1996 теъдоди зиёде аз мардум ба наҳви мушобеҳе саҳмияҳои нерӯгоҳи Сангтӯда-1-ро харидорӣ карданд ва то кунун сарнавишти ин саҳмияҳо норӯшан боқӣ мондааст. Вале ахиран телевизиюнҳои давлатии Тоҷикистон бо пахши барономаҳое иддаъо доранд, ки қимати феълии саҳмияҳои нерӯгоҳи Сангтӯда-1 дар муқоиса бо арзиши аввалияи онҳо даҳҳо маротиба афзоиш ёфта ва давлати Тоҷикистон дар садад аст меконисмҳои пардохти суди онҳоро баррасӣ кунад.

 

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносон, то ҳол тарҳи молии нерӯгоҳи Роғун мушаххас нашудааст, зеро иҷрои он ҳамакнун аз рӯйи тарҳе анҷом мешавад, ки дар замони Шӯравӣ таҳия шуда буд. Ба ин далел арзиши куллии ин тарҳ чандон дақиқ нест. Бархе иқтисоддонҳо ин мавзӯъро мавриди пурсиш қарор медиҳанд, ки дар сурате ки ҳазинаи куллии ин тарҳ мушаххас набошад, пас чи гуна фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун имконпазир аст?

 

Тибқи таҷрубаи ҷаҳонии бозори саҳҳом, ҳар як саҳмия бояд арзиши дақиқе аз қимати куллии муассиса, ширкат ва ё тарҳеро дошта бошад. Аз сӯйи дигар, чунин ба назар мерасад, ки давлати Тоҷикистон бо фурӯши ҳатмии саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун ба мардум қасд дорад ин тарҳро ба як "моликияти миллӣ ё ҳамагонӣ" табдил бидиҳад ва аз ин роҳ ҳамагонро ба ҳимоят ва ҳифзи он водорад. Вале, ба эътиқоди соҳибназарон расидан ба ин ҳадаф аз роҳи иҷборӣ осон нахоҳад буд.

 

Бо ин вуҷуд, Президент Раҳмон зимни суханронии худ таъкид дошт, ки саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон фурӯхта мешаванд, то ки "ин иншооти дорои аҳаммияти стратегӣ фақат моликияти давлат ва мардуми Тоҷикистони азиз бошад." Вай афзуд, ки давлати Тоҷикистон бозпардохти қимати саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун барои мардумро замонат медиҳад.

 

Бо мардум наздик бошед!

 

Дар дидор бо мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Суғд Президент Раҳмон ҳамчунин аз мақомоти маҳаллӣ барои "дурӣ ҷустан аз равобит бо мардум" шадидан интиқод кард ва ба вазири умури дохилаи Тоҷикистон дастур дод, ки кормандони пулис аз ҳифозати сохтмонҳои ниҳодҳои маҳаллӣ дур карда шаванд.

 

Вай таъкид кард: “Ҳоло мақомоти маҳаллӣ худро аз мардум бо посгоҳҳои пулис ва муҳофизон ҷудо мекунанд." Ба ин тартиб, ба эътиқоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, шароити вуруди сокинон ба биноҳои ниҳодҳои мақомоти маҳаллӣ ва дастроасии онҳо ба мақомот душвор карда мешавад.

 

Вай гуфт: “Ҳоло дар муқоиса бо мақомоти маҳаллӣ барои мардум президенти кишвар бештар дастрас аст. Дар куллияи манотиқи Тоҷикистон, ҳатто дар шаҳри Душанбе мушоҳида мешавад, ки мақомот аз мардум дур шудаанд ва сокинони кишвар наметавонанд арзу шикояти худро ба онҳо бирасонанд.”

 

Оқои Раҳмон дастур дод, ки аз ин ба баъд мақомоти маҳаллӣ бояд худ назди мардум бираванд ва ба арзу шикоёти онҳо расидагӣ кунанд. Вай афзуд: “Набояд мунтазир бошед, ки кай мардум назди шумо меоянд, бояд худ назди онҳо биравед. Ҳар ҳафта тибқи реҷаи мушаххас ҳар як мақоми давлатӣ муваззаф аст, ки дар деҳот ва маҳаллоти мухталиф бо мардум дидор дошта бошад.”

 

Интихоботи порлумонӢ

 

Президент Раҳмон дар дидор бо мақомоти вилояти Суғд ҳамчунин аз баргузории интихоботи порлумонии соли оянда дар ин кишвар сӯҳбат кард. Вай гуфт, ки ҳамчунон бар ин бовар аст, ки интихоботи оянда бояд шаффоф ва мунсифона баргузор шавад.

 

Дар муроҷеъа ба мақомоти маҳаллӣ оқои Раҳмон таъкид кард, ки куллияи азҳоб ва созмонҳои сиёсии Тоҷикистон бояд дар интихоботи оянда аз шароити яксон бархурдор бошанд. Вай афзуд: “Муҳим нест, ки номзади кадоме аз ҳизбҳо пирӯз мешавад, муҳим ин аст, ки номзади арзанда бошад ва дар порлумон фаъолияти муассир дошта бошад.”

 

Ба эътиқоди Президенти Тоҷикистон, “дар ин марҳилаи барои кишвар сарнавиштсоз ин чорабинии муҳимми сиёсӣ бояд тадбири муҳимми мутаҳхидкунандаи бештари мардум шавад, на баръакс.”

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ