01:40:23 24-уми Июни 2025 сол

ҲУШДОРИ ӮЗБАКИСТОН АЗ "ХАТАРОТИ" НЕРӮГОҲҲО

Владимир Норов, вазири хориҷаи Ӯзбакистон, зимни суханронӣ дар ҷаласаи вазирони хориҷаи аъзои Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲУ) дар Отин (Афина) аз хатароти зистмуҳитии нерӯгоҳҳои бузурги обӣ дар Осиёи Миёна ҳушдор додааст.

 

Дар матни суханронии вай, ки дар сойти Вазорати хориҷаи Ӯзбакистон мунташир шуда, аз эҳтимоли хароб шудани нерӯгоҳҳои обии мавҷуд дар Тоҷикистону Қирғизистон ва паёмадҳои зистмуҳитии он дар саросари минтақа ибрози нигаронӣ шудааст. Оқои Норов дар ин суханронӣ, ки рӯзи чаҳоршанбеи 2 декабр дар ҷаласаи вазирони хориҷаи САҲУ эрод кард, ҳамчунин талошҳои кишварҳои минтақа, яъне Тоҷикистону Қирғизистон, барои сохтмони ду нерӯгоҳи бузурги Роғун ва Қамбарато ва ҷалби сармоя ба ин тарҳҳоро нигаронкунанда хондааст.

 

Вай аз ҷумла мегӯяд: "Дар ҳоли ҳозир талошҳои ҷиддие барои тағйири афкори умумӣ ва ҷалби сармояи ҳангуфт барои сохтмони ду нерӯгоҳи бузург - Роғун дар Омударё ва Камбарато дар Сирдарё, анҷом мешавад. Аммо аз коҳиши ҳамасолаи ҳаҷми яхчолҳо дар кӯҳсори Помир ва Тиёншон, манобеъи аслии ин ду рӯдхонаи бузург, сарфи назар мешавад. Ҳамчунин, паёмадҳои эҳтимолии сонеҳа дар ин таъсисот ба назар гирифта нашудааст, ҳарчанд дар ин маҳаллот мизони зилзила 9-10 дараҷаи Риштерро ташкил медиҳад."

 

Вазири хориҷаи Ӯзбакистон гуфт ба ин далел кишвари ӯ дар оянда низ исрор хоҳад кард, ки тарҳҳои бунёди ин нерӯгоҳҳо "танҳо пас аз арзёбии коршиносони байналмилалӣ таҳти васояти СММ ба иҷро дароянд, то мутмаин бошем, ки ин тарҳҳо ҳеч гуна паёмади мусибатборе нахоҳанд дошт." Оқои Норов ҳамчунин бо ишора ба сонеҳае, ки чанде пеш дар нерӯгоҳи Саяно-Шушенск дар Русия рух дод, гуфт, ки кишвараш мехоҳад мавзӯъи бозрасии вазъи эмании бузургтарин нерӯгоҳҳои мавҷуд дар Осиёи Миёна, ки дар замони Шӯравӣ сохта шуда буданд, ҳарчи сареътар ҳалли худро ёбад.

 

Давлати Ӯзбакистон дар гузашта низ ҳамвора бо бунёди нерӯгоҳҳои бузурги Роғун ва Камбарато дар Тоҷикистону Қирғизистон ибрози мухолифат кардааст. Тошканд бар ин бовар аст, ки бунёди ин нерӯгоҳҳо бар вазъи муҳити зист ва арсаи кишоварзии минтақа асароте бар ҷой хоҳад гузошт. Мазореъи густардаи панба дар даштҳои фарохи Ӯзбакистон умдатан аз оби рӯдхонаҳои Омударё ва Сирдарё сероб мешаванд ва ин кишвар нигарон аст, ки ду кишвари болооб, яъне Тоҷикистону Қирғизистон, бо бунёди обанборҳои бузург манобеъи оби минтақаро таҳти кунтрули худ хоҳанд гирифт.

 

Вале мақомоти тоҷику қирғиз ин иддаъоро ҳамвора рад мекунанд ва аз ҷумла раиси ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо эълом кардааст, ки ба ҳангоми бунёди нерӯгоҳи Роғун манофеъи кишварҳои ҳамсояро низ дар назар хоҳад гирифт. Оқои Раҳмон аз ҷумла гуфта буд, ки бунёди нерӯгоҳи Роғун ба суди ҳамаи кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ӯзбакистон аст. Ҳушдори вазири хориҷаи Ӯзбакистон аз хатароти эҳтимолии тарҳҳои бузурги энержии обӣ дар ҷаласаи САҲУ дар ҳолест, ки корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғун, дар ҷанубу шарқи Тоҷикистон, идома дорад.

 

Давлати Тоҷикистон пас аз чанд соли талошҳои нофарҷом барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба ин тарҳ, худ ба танҳоӣ ба бунёди ин нерӯгоҳ камар баста ва аз буҷети давлат маболиғе барои он ихтисос додааст. Гузашта аз ин, ду рӯз пеш Президент Раҳмон зимни як суханронӣ аз мардуми Тоҷикистон хост, ки саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро ба маблағи "на камтар аз 3000 сомонӣ" харидорӣ кунанд.

 

Дар ҳоле ки Ӯзбакистон сохтмони нерӯгоҳҳои бузург дар Тоҷикистону Қирғизистонро барои вазъи муҳити зисти минтақа зиёнбор медонад, мақомоти тоҷик обёрии заминҳои васеъ дар ин кишвари ҳамсояро сабабгори аслии хушк шудани дарёчаи Орол мехонанд. Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, дар суханронии худ дар ҷаласаи вазирони хориҷаи кишварҳои узви САҲУ дар Отин аз ҷумла гуфт:

 

"Истифодаи ғайримуассир ва нобихрадонаи манобеъи об дар нимаи дувуми қарни 20, рушди заминдорӣ бидуни таваҷҷуҳ ба масоили муҳити зист мӯҷиб шуд, ки дарёчаи Орол батадриҷ бихушкад. Обёрии густардаи заминҳо дар кишварҳои поёноб ва нодида гирифтани қонунҳои табиъат сабабгори ин фоҷеъаи ҷаҳонӣ шуд, ки мо имрӯз натоиҷи ғамангези онро мебинем."

 

Оқои Зарифӣ ҳамчунин таъкид кард, ки ҳарчанд Тоҷикистон бо 527 милёрд килувот соъат ҳаштумин кишвари дорои захоири бузурги энержии обӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, вале дар тӯли ҳаждаҳ соли гузашта танҳо аз панҷ дарсади ин захоир истифода карда ва мекунад. Бо таваҷҷуҳ ба паёмадҳои буҳрони энержии солҳои ахир, оқои Зарифӣ иқдоми Тоҷикистон барои тавсеъаи арсаи энержии обӣ дар ин кишварро коре одилона ва қобили тавҷеҳ арзёбӣ кардааст.

 

Оқои Зарифӣ афзуд: "Мо мутмаинем, ки рушди ояндаи зарфиятҳои энержии Тоҷикистон, ки аз ниёзҳои воқеъии минтақа се баробар бештар аст, имкон медиҳад, ки на танҳо ниёзмандиҳои рӯзафзуни кишварҳои ҳамсоя ба энержии арзон ва аз нигоҳи зистмуҳитӣ тоза бароварда шавад, балки имконоти заминҳои обёришуда дар кишварҳои поёноб низ ба таври қобили мулоҳизае афзоиш ёбад."

 

Ба ин тартиб, Тоҷикистон орзӯ дорад, ки бо бунёди нерӯгоҳи Роғун ба як тавлидгар ва фурӯшандаи аслии энержии обӣ дар минтақа табдил шавад ва барои энержии худ муштариёне ҳам пайдо кардааст. Дар канори мардуми Тоҷикистон, ки ҳамасола аз камбуди барқ ва сармозадагӣ ранҷ мебаранд, Афғонистони ҷангзада ва Покистон бо ҷамъияти афзояндаи худ ташнаи ин энержӣ ҳастанд. Ҳамакнун ба назар мерасад, ки бо бештар шудани аташи энержӣ ва иштиҳои касби даромад аз он ихтилофот миёни кишварҳои минтақа низ рӯз ба рӯз доғтар мешавад.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ