ҲИМОЯТИ БУНЁДИ ХАЙРИЯИ "ВАРОРӮД" АЗ ТАРҲИ "РОҒУН"
Дар ҳоле, ки мардуми тоҷик ҳанӯз перомуни даъвати Эмомалӣ Раҳмон дар бораи харидории саҳоми тарҳи "Роғун" дар соли 2010 тафаккур мекунанд, Бунёди хайрияи "Варорӯд" дар Бритониё, сокинони он кишварро ба кумаки молӣ ба ин тарҳ фаро хондааст.
Масъулони ин созмон мутмаинанд, ки афроди зиёде аз миёни тоҷикон ва форсизабонони бурунмарзӣ ва эрониву афғонҳои муқими Бритониё алоқаманди кумак ба анҷоми тарҳи нерӯгоҳи Роғун, тарҳе истротежик ва муҳимм барои тоҷикистониён, ҳастанд. Ҳарчанд тарҳи нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон дар меҳвари муноқишаҳои сиёсии миёни Тоҷикистон ва бархе аз кишварҳои поёноб, аз ҷумла Ӯзбакистон қарор дорад, масъулони Бунёди хайрияи "Варорӯд" мегӯянд ибтикори онҳо аз ҳар гуна ангезаҳои сиёсӣ барӣ буда ва ҳадафашон фақат кумак ба мардуми Тоҷикистон аст.
Заҳро Ҷазоирӣ, масъули Бунёди хайрияи "Варорӯд" дар Ландан, дар ин бора ба Би-би-сӣ гуфт: “Фарохони Бунёди хайрияи "Варорӯд" ба маънии ҳамкорӣ ва ҳамёрии он бо миллати Тоҷикистон аст ва ба ҳеч рӯй ҷанбаҳои сиёсӣ надорад.”
Вай афзуд: “Тангдастии молӣ ва монеътарошии ҳамсоягон далоили аслии гирифтории кишвар дар заминаи энержӣ аст. Ҳоло, ки давлат тасмим гирифтааст бо истифода аз манобеъи худӣ нерӯгоҳи ғӯлосоро бисозад, ҳамаи накӯкорон бояд дар ин росто саҳм бигиранд ва ба миллати тоҷик ёрӣ кунанд. Поёни ин пруже, поёни ранҷи мардуми Тоҷикистон дар фасли сармост, ки дар зимистонҳои гузашта шоҳидаш будем.”
Фаро хондани хайрхоҳони тарҳи "Роғун" барои кумаки молӣ аз сӯйи созмони "Варорӯд" дар ҳоле сурат мегирад, ки бархе аз мардум дар дохили Тоҷикистон ба барномаҳои давлати ин кишвар дар заминаи ҷалби маболиғ барои тарҳи нерӯгоҳи Роғун бо тардид менигаранд. Далели ин вазъро коршиносон ба вуҷуди фасоди густарда дар кишвар ва нобоварии мардум ба истифодаи муассир аз маболиғ тавассути масъулон марбут медонанд.
Вале хонум Ҷазоирӣ, масъули Бунёди хайрияи "Варорӯд" муътақид аст, ки ҳоло тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" тарҳи “сарнавиштсозе” барои миллату давлати Тоҷикистон аст ва ба ин хотир маболиғи ҷамъоваришуда ҳадафмандона мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Вай дар ин бора гуфт: “Барои "Варорӯд" ин нукта муҳим аст, ки ҳар тангаи пардохташуда барои ин тарҳ, ба таври ҳадафманд ва танҳо барои эҳдоси нерӯгоҳ ҳазина шавад. Ин ҳақиқат ошкор аст, ки дар ин марҳила чи мардум, чи давлат, алоқаманданд ҳарчи зудтар ба худкифоӣ дар заминаи энержӣ бирасанд. Зеро дар ғайри ин сурат, бақои ҳам давлат ва ҳам миллати Тоҷикистон дар маърази хатар қарор хоҳад гирифт.”
Масъулони тарҳи фарохон барои кумаки молӣ ба тарҳи эҳдоси нерӯгоҳи "Роғун" мегӯянд, ки қасд доранд аз созмонҳои мардумӣ ва байналмилалӣ тақозо кунанд, то кумисиюне барои назорат бар чигунагии ҳазинаи манобеъи миллӣ дар сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" ташкил шавад. Дар ҳамин ҳол, масъулони “Нигоҳ”, як нашрияи мустақил дар Тоҷикистон, эълом доштанд, ки машғули таҳияи асноди ҳуқуқӣ барои таъсиси як созмон ба номи "Созмони ҷамъиятии саҳомдорони мардумии Тоҷикистон" ҳастанд.
Саймуддин Дӯстов, муассиси ин нашрия, мегӯяд, ки ин тасмим пас аз даъвати раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз мардуми тоҷик барои харидории саҳоми нерӯгоҳи Роғун гирифта шудааст. Вай гуфт ҳадафи аслии ин созмон назорат бар нақз нашудани ҳуқуқи саҳҳомони мардумӣ ва боло бурдани эътимоди мардум ба саҳоми на танҳо нерӯгоҳи "Роғун", балки "Сангтуда-1" ва саҳмияҳои дигар ширкатҳо низ будааст.
Вай гуфт, ки назорат бар истифодаи муассир аз ҳама гуна пули мардумӣ, аз ҷумла маболиғи хайршуда, аз вазоифи ин созмон хоҳад буд. Зимнан, мавзӯъи ҷалби сармояи мардум ба тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" дар меҳвари ҷаласаи рӯзи ҷумъаи Шӯрои Иҷтимоъӣ, як созмони мардумӣ, бо ширкати намояндагони аҳзоби мухталифи сиёсӣ ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ дар раъси Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ, қарор дошт.
Дар ин ҷаласа, оқои Раҳмон аз раҳбарони созмонҳо ва ниҳодҳои иҷтимоъӣ ва ҷунбишҳо ва аҳзоби сиёсии Тоҷикистон хостааст, ки аз тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" ҳимоят кунанд. Вай пештар аз мардуми Тоҷикистон хоста буд, ки ҳар хонавода дастикам ба маблағи 3000 сомонӣ саҳоми нерӯгоҳи "Роғун"-ро харидорӣ кунанд ва сарватмандону бозаргонҳо албатта ба маблағи бештар ин саҳомро бихаранд.
Би-Би-Си