ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: “ФУРӮШИ САҲМИЯҲО ИҶБОРӢ НЕСТ”
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои Ҷамъиятӣ, як ниҳоди маданӣ, ки созмонҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву иҷтимоъии мухталиферо дар бар дорад, гуфт, ки фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи “Роғун” иҷборӣ нахоҳад буд.
Аммо ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, интизор меравад ҳудуди як милюн хонавода дар Тоҷикистон саҳмияҳои ин нерӯгоҳро харидорӣ кунанд. Президент Раҳмон дар ин маврид дар ҷаласаи Шӯрои Ҷамъиятӣ, ки рӯзи ҷумъаи 4-уми декабр баргузор шуд, дар ҳузури аъзои он изҳори назар кардааст. Мавзӯъи аслии матраҳ дар ин ҷаласа камбуди нерӯи барқ ва роҳҳои рафъи ин мушкил буда ва дар он бар зарурати фурӯши саҳмияҳои “Роғун” ва бунёди ин нерӯгоҳ таъкид шудааст.
Оқои Раҳмон дар ҳоле ки ба нақши сокинони Тоҷикистон дар иҷрои ин тарҳи муҳим таъкид мекард, гуфт, ки давлат дар садад аст нерӯгоҳҳои дигари обӣ, аз ҷумла дар рӯдхонаи Зарафшонро низ бидуни ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд кунад.
Дар ҳамин ҳол дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикстон, ки баъд аз зӯҳри рӯзи ҷумъа баргузор шуд, Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири дороӣ эълом кард, ки саҳмияҳои нерӯгоҳи “Роғун” бо арзишҳои номиналии 100, 500, 1000 ва 5000 сомонӣ аз рӯзҳои аввали соли нави мелодӣ ба фурӯш гузошта мешаванд.
Вай афзуд: "Ташкилоту муассисаҳо ва касоне, ки бо маблағи беш аз панҷ ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ мекунанд, соҳиби сертифати (гувоҳиномаи) махсус бо сабти номашон мешаванд. Барои ин коғазҳои қиматнок чаҳор дараҷаи муҳофизат пешбинӣ шудааст, то (аз) чопи саҳмияҳои қалбакӣ пешгирӣ карда шавад. Саҳмияҳо тавассути бонкҳо, идораҳои молиявии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо ба фурӯш пешниҳод мегарданд."
Ба гуфтаи масъулони давлати Тоҷикистон, баъди баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳ ва судовар шудани он "саҳмдорон аз фоидаи он баҳравар мешаванд ва ҳамчунин, саҳмдорон ҳуқуқ доранд, ки саҳмияҳои худро бо нархи дилхоҳ ба хоҳишмандон бифурӯшанд. Бори дигар таъкид гардид, ки ҳуқуқи харидории ин саҳмияҳоро танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон доранд."
Дар ҷаласаи Шӯрои Ҷамъиятӣ Президент Раҳмон гуфт, ки умедвор аст, ки ба сурати мутавассит ҳудуди як милюн хонаводаи ин кишвар саҳмияҳо бо арзиши 5000 сомониро харидорӣ кунанд. Аммо оқои Раҳмон харидории ин саҳмияҳоро "довталабона" эълом карда ва гуфт, ки беш аз 300 ҳазор хонаводаҳои камбизоъат метавонанд ин саҳмияҳоро нахаранд.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз намояндагони аҳзоб ва созмонҳои иҷтимоъии ин кишвар даъват кард, ки мардумро ба харидории саҳоми нерӯгоҳи "Роғун" таблиғ кунанд. Вай гуфт: “Мутмаинам, ки мардуми бонангу номуси тоҷик аз ин саҳмияҳо харидорӣ хоҳанд кард.”
Президент Раҳмон дар иртибот бо интихоботи ояндаи порлумонӣ низ суханоне иброз дошт ва хостори мушорикати баробари аҳзоб дар он шуд. Вай гуфт, ки ба баргузории интихоботе шаффоф ва одилона алоқаманд аст ва ҳар гуна мудохила дар умури интихоботро мамнӯъ хонд.
Аммо вай иброз дошт, ки дар ин росто набояд аз сӯйи аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсӣ хиёнате сурат бигирад. Оқои Раҳмон бо ишора ба як мавриди сӯъиқасд ба ҷони вай дар маркази устони Суғд дар соли 1997 гуфт, ки дар баданаш ҳануз нишонаҳое аз хурдаҳои норинҷаки “душманони миллат” боқӣ мондааст.
Тасмими давлат ба фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи "Роғун" нахустин бор дар моҳи гузашта эълом шуд. Пештар Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронӣ дар шаҳри Хуҷанд, маркази устони Суғд, изҳор дошт, ки ҳар як хонавода бояд ба маблағи на камтар аз 3000 сомонӣ аз ин саҳмияҳо харидорӣ кунад.
Би-Би-Си