КӮМАКИ КОРМАНДОНИ АМОНАТБОНК БА «РОҒУН»
Дирӯз ҳайати 211-нафараи кормандони бахшу шӯъбаҳои дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон будаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» миёни ташкилот ва корхонаҳои вилоят яке аз аввалинҳо шуда, музди меҳнати якрӯзаи худро ҳамчун кӯмак ба сохтмони иншооти энергетикӣ - Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ирсол намуданд.
Ҳамчунин қисмати дуюми ҳамин рӯз ҳайати кормандони бахшу шӯъбаҳои дар минтақаи Кӯлоб будаи бонки мазкур низ музди меҳнати якрӯзаи худро, ки 5013 сомониро ташкил медиҳад, ба суратҳисоби НОБ «Роғун» гузарониданд. Қайд кардан бамаврид аст, ки имрӯзҳо дар дигар муассиса ва сохторҳои бонк ин иқдом ҳаматарафа дастгирӣ ёфта, аз ҷониби кормандони дигар бахшу шӯъбаҳо низ музди меҳнати якрӯза барои кӯмак ба сохтмони ин иншооти ҳаётан муҳим гузаронида мешавад.
Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бошад тасмим дорад, ки ҳангоми ба фурӯш баромадани саҳмияҳои нерӯгоҳ ба миқдори 3 миллион доллари ИМА саҳмияҳоро харидорӣ намояд.
Покиза Маҳмадбекова, АМИТ «Ховар»