02:41:24 24-уми Июни 2025 сол

Р. ЗОИРОВ: "ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИИ РОҒУНРО БАР ДӮШ МЕГИРЕМ"

Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ, мегӯяд, ҳизбаш омодааст, ҳимояи ҳуқуқии нерӯгоҳи Роғунро дар муқобили даъвоҳои ҷониби Узбакистон дар сатҳи байнулмилалӣ бар дӯш бигирад. Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, аммо ин идоми ҳуқуқшиносони ҲСДТ дар сурати ворид шудани аъзои он ба порлумони соли 2010 имконпазир хоҳад буд. Дар сафи ҲСДТ ҳуқуқшиносон зиёд ҳастанд, бо шумули раиси он ва муовинҳояш ва ин ҳизбро ҳамчунин ҳизби ҳуқуқшиносон ном мебаранд.

 

Раҳматулло Зоиров гуфт, Узбакистон дар порлумони ояндаи худ барои мутахассисони зистмуҳитӣ 15 ҷой ҷудо кардааст ва ин мутахассисон бо ворид шудан ба порлумони он кишвар метавонанд аз нигоҳи ҳуқуқӣ дар сатҳи байнулмилалӣ ба Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавриди иншоотҳои бузурги обию энержӣ фишор биоваранд. Ҷаноби Зоиров гуфт, дар ин ҳол Тоҷикистон низ бояд ба порлумони худ ҳуқуқшиносони варзидаро роҳ бидиҳад, то дар миқёси байнулмилалӣ тавонанд аз иншооти бузурги энержии кишвар дифоъ намоянд ва илова кард, ки ҲСДТ чунин нерӯ ва имконро дорад.

 

Раиси ҲСДТ гуфт, ҳизб омода аст, ки саҳми худро дар бунёди нерӯгоҳи Роғун бигзорад ва аммо давлат дар мавриди фурӯши саҳмияҳои ин нерӯгоҳ ба мардум аввал бояд як заминаи ҳуқуқиро фароҳам биёрад.

 

Раҳматулло Зоиров изҳори нигаронӣ кард, ки ӯ ҳамчун раиси ҳизб ба нишасти ахири Шӯрои ҷамъиятӣ бо ширкати раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон даъват нагардид. Ӯ гуфт, ҳарчанд ҳизбаш феълан узви Шӯрои ҷамъиятӣ нест (ҲСДТ аз узвият дар ин Шӯро чанд сол қабл даст кашида буд), вале чун мавзӯи меҳварии ин нишаст аҳзоби сиёсӣ ва интихоботи соли 2010 буд, мантиқӣ мебуд, агар ӯ низ дар ин нишаст иштирок мекард ва фикру мулоҳизаашро баён медошт.

 

Ҷаноби Зоиров афзуд, аз қабл чандин бор мавзӯи иштирокаш дар ин нишастро бо мақомот дар миён гузошта буд, вале ҳамоно гирифтани даъватнома ба нишасти мазкур муяссараш нагардид.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ