РАҲМОН ВА ТАБЛИҒОТИ РАСОНАИИ ТАРҲИ "РОҒУН"
Пас аз солҳо талош ва нокомӣ дар заминаи ҷалби сармояи хориҷӣ ба тарҳи бунёди нерӯгоҳи "Роғун" давлати Тоҷикистон таблиғоти густардаеро барои ҷалби сармояи дохилӣ ба ин тарҳ ба роҳ андохтааст.
Тозатарин иқдом дар ин росто дархости Президент Раҳмон аз расонаҳо ва "аҳли эҷод" ё ба истилоҳ қаламбадастон аст, ки дар дидори рӯзи сешанбеи вай бо намояндагони расонаҳои дохилӣ ва шоъирону нависандагон дар бинои Кумитаи родию-телевизиюни Тоҷикистон матраҳ шуд. Хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ ба далоили номаълум ба ин мулоқот даъват нашуда буданд ва иттилоъи чандон дақиқе дар бораи ҷузъиёти ин нишаст ва масоиле, ки дар он матраҳ шуд, дар даст нест.
Вале он гуна, ки сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин нишаст Эмомалӣ Раҳмон зимни баррасии мавзӯъи таъмини истиқлоли энержӣ рӯзноманигоронро "ба инъикоси воқеъбинона ва дурусти ҳадафҳои мазкур, дар сатҳи баланди касбӣ ва диду нигоҳи зебову расо омода кардани барномаҳои радиоию телевизионӣ ва маводи хабарию таҳлилӣ даъват" намудааст.
Ин сойт меафзояд: "Зимни мулоқоти ошкору самимӣ ва суолу дархостҳои сершумори аҳли эҷод, аз ҷумла аён гашт, ки имрӯз ҳамагон даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро оид ба саҳмгузории дастаҷамъона дар бунёди нерӯгоҳи тақдирсози "Роғун" ва татбиқи дигар ҳадафҳои стратегии ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунанд."
Гузориши сойти раисҷумҳур бо ин ҷумалот хулоса шуда, вале хабаргузории маҳаллии "Asia-Plus" тафсилоти бештаре дар бораи ин дидор, ки ба навиштаи он, беш аз чаҳор соъат тӯл кашид, ироа додааст.
Ин хабаргузорӣ аз қавли оқои Раҳмон овардааст: "Ҳангоми бурузи мушкилот гузаштагони мо бо мардум машварат мекарданд ва ҳамроҳ роҳҳои рафъи онро меёфтанд. Дар замони буҳрони энержӣ, ки дар кишварамон тайи 18 сол боз идома дорад, ҳарфи шумо аҳаммияти хоссе дорад." Ин суханони оқои Раҳмон бисёре аз мунтақидони ӯро ҳайратзада кардааст. Бархе аз онҳо мегӯянд, ки вай дар гузашта зимни тасмимгирӣ бар сари масоили бисёр муҳим, аз ҷумла имзои қарордодҳои соли 2004 бо Русия, бо мардум камтар машварат кардааст.
Президент Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони расонаҳо ҳамчунин гуфтааст: "Ман аз рӯзноманигорони кишвар даъват мекунам, ки ба хотири манофеъи ҳаётан муҳимми Тоҷикистон муттаҳид шаванд ва аз мақомҳои давлатӣ мехоҳам, ки расонаҳоро ба давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷудо накунанд."
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоле ба нақши расонаҳо аҳаммият қоил мешавад, ки бисёре аз мунтақидон мегӯянд худи ӯ аз суҳбати мустақим бо рӯзноманигорон парҳез мекунад ва масалан тайи солҳои ахир ҳеч мусоҳибаи ихтисосӣ бо ӯ дар расонаҳо ва нашриёти маҳаллӣ мунташир нашудааст.
Бо ин ҳол, вай бунёди нерӯгоҳи "Роғун"-ро "як мавзӯъи марбут ба ҳаёту мамоти" Тоҷикистон хонда ва аз намояндагони расонаҳо ва фарҳангиён хостааст, ки "дар амри ҷамъоварии маблағ барои сохтмони ин тарҳи бузург ва харидории саҳоми он" дар канор намонанд. Дар мулоқот бо рӯзноманигорон оқои Раҳмон дигарбора аз мардуми Тоҷикистон хостааст, ки дар баргузории маросиму ойинҳои суннатӣ маболиғи камтаре харҷ кунанд ва "ба ҷойи ин, ба хотири фардои фарзандону наберагони худ саҳмияҳои нерӯгоҳи "Роғун"-ро бихаранд."
Ба гуфтаи вай, давлати Тоҷикистон метавонад бидуни фурӯши саҳмияҳо низ нерӯгоҳи "Роғун"-ро бисозад, вале барои ин кор замони зиёде лозим аст. Вай қаблан дар як суханронӣ гуфта буд, ки ҳар хонаводае "бояд на камтар аз 3000 сомонӣ" аз саҳмияҳои ин нерӯгоҳро бихарад, то ин ки 600 милюн дулор барои иҷрои марҳилаи аввали ин тарҳ ҷамъоварӣ шавад.
Ба ин тартиб, р аиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз расонаҳо таваққӯъ дорад, ки бо роҳандозии як корзори густардаи таблиғотӣ мардумро ба харидории саҳоми нерӯгоҳи "Роғун" ташвиқ кунанд. Ин корзор ҳамакнун шурӯъ шуда ва телевизиюнҳои давлатӣ намояндаҳои ақшори мухталифи ҷомеъа, аз ҷумла муъаллиму деҳқон, шоъиру нависанда, пизишку донишҷӯ, афроди бознишаста ва ғайраро нишон медиҳанд, ки бо хушнудӣ барои харидории ин саҳмияҳо ибрози омодагӣ мекунанд.
Аммо аҷиб аст, ки даромади моҳонаи ин афрод бағоят андак буда ва маълум нест, ки онҳо аз кадом ҳисоб барои харидории саҳоми нерӯгоҳи "Роғун" сармоя ба даст хоҳанд овард. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Тоҷикистон фақиртарин кишвар дар Осиёи Миёна шинохта шуда ва беш аз 50 дарсади мардумаш дар фақру тангдастӣ ба сар мебаранд, бархеҳо дар анҷоми муваффақи ин корзори таблиғотӣ ибрози тардид мекунанд.
Вале оқои Раҳмон дар ин маврид хушбин ба назар мерасад. Вай пештар гуфта буд, ки таваққуъ дорад то як милюн хонавода дар Тоҷикистон саҳмияҳои нерӯгоҳи "Роғун"-ро харидорӣ намоянд. Вай мақомот ва ниҳодҳои марбутаро дастур додааст, ки барои харидории саҳмияҳо тавассути тоҷиконе, ки дар кишварҳои хориҷӣ ба сар мебаранд, низ шароите фароҳам созанд.
Азбаски бахши аъзаме аз даромади хонаводаҳо дар Тоҷикистон аз маболиғи ирсолии муҳоҷирони корӣ аз Русия ва кишварҳои дигар фароҳам мешавад, бархе соҳибназарон мегӯянд, аҷаб нест, ки давлат бо оғози ин корзори таблиғотӣ ба пулҳои муҳоҷирон чашм дӯхта бошад.
Саволе ки бештари афроди оддӣ ва коршиносон дар ҷустуҷӯи посух ба он ҳастанд, шароити ҳуқуқӣ ва молии дорандагони саҳмияҳо аст, ба иборати дигар агар ин нерӯгоҳ бо пули ин саҳмияҳо сохта шавад, соҳибони саҳмияҳо оё аз суди барқи тавлидшуда дарсаде дарёфт хоҳанд кард ва ин ҳақро бар мабнои кадом санади ҳуқуқӣ тақозо хоҳанд кард.
Би-Би-Си