РОҒУН АРСАИ НОМУСУ НАНГ
Муроҷиатномаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон пахш гардид. Сарвари давлат бори дигар баён дошт, ки Роғун на танҳо манбаи нуру рӯшноӣ, балки санги маҳаки номуси миллӣ, шарти иқтидору пойдории давлат ва омили асосии таъмини амнияти миллат ва давлати Тоҷикистон мебошад. Ин нуқтаи муҳимро кулли ҳамватанон ба хубӣ дарк намуда, субҳи дигар, ки аллакай дар тамоми нуқтаҳои бонки Амонатгузорӣ саҳмияҳои НОБ- Роғун ба фурӯш гузошта шуда буд, харидорӣ намуданд.
Дар қатори садҳо нафар сокинони бо нангу номуси вилоят мардуми меҳнатқарини ҷамоати Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо амри дилу виҷдон аз саҳмияҳои НОБ-и Роғун харидорӣ намуданд.
Аз ҷумла аҳли коргоҳи ҶММ «Шарбати Қистакӯз» директораш Дилором Сатторова 11 ҳазор сомонӣ, соҳибкори ҳунарманд Комилҷон Зуҳуров 30 ҳазору 500 сомонӣ, раиси ҷамоати Қистакӯз Ҷамил Оғлуқов аз ҳисоби пасандозҳои худ 5 ҳазору 100 сомонӣ, раисони хоҷагиҳои деҳқонии АХД «Тоҷикистон» Абдуҷамил Саидов, Муқаддас Абдураҳмонов, Аъзам Додобоев 5 ҳазор сомонӣ, раиси АХД ба номи домулло Азизов Муқимжон Дадохӯҷаев 5 ҳазор сомонӣ, раиси хоҷагии деҳқонии «Абдураҳим–саркор» Абдуҳалим Раҳмонов ва соҳибкорони инфиродӣ Эминҷон Ҳакимов, Бахтиёр Ғоибов, Абдусамеъ Раҳмонов ва директори мактаби таҳсилоти умумии №80- ҷамоати мазкур Абдурафиъ Холбоев саҳмия харидорӣ намуданд. Дар маҷмӯъ он рӯз 328 нафар ба маблағи бештар аз 200 ҳазор сомонӣ cаҳмия хариданд.
Самад Юсуфӣ, Мирзалӣ Амонов, АМИТ «Ховар»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/1498-roghun-arsai-nomusu-nang.html