13:17:18 02-уми Июни 2025 сол

УБАЙДУЛЛОЕВ: СОКИНОНИ ПОЙТАХТ ПЕШСАФ БУДАНД!

Рӯзи ҷумъа, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масҷиди ҷомеи пойтахт ба номи Мавлоно Яқуби Чархӣ ташриф оварда, пеш аз хутбаи намози ҷумъа дар назди намозгузорон баромад кард. М.Убайдуллоев дар суханронии худ қайд кард, ки сокинони шаҳри Душанбе 6 январи соли ҷорӣ - рӯзи фурӯши оммавии саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, аз ҳама бештар саҳмия харидорӣ карда, ҷонибдории худро аз сиёсати созандагии Cарвари давлат Э.Раҳмон нишон доданд.

 

«Дар баробари ҳамин ягон нафар ҳуқуқ надорад, ки шаҳрвандонро барои харидории саҳмияҳо маҷбур кунад. Бо қарори маҷлиси намояндагони халқи шаҳри Душанбе кормандони соҳаи маориф аз харидории саҳмияҳо озод ҳастанд, аммо ҳар як оилаи бошарафро мебояд саҳмияҳоро дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ харидорӣ кунад, зеро бунёди НБО Роғун ягона роҳи расидан ба истиқлолияти воқеии иқтисодӣ мебошад ва саҳм доштан дар ин иншооти миллӣ боиси ифтихор аст».

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ М.Убайдуллоев ҳамчунин қайд кард, ки баъзе аз расонаҳои хабарии ватаниву хориҷӣ гузоришҳоро аз ин маъракаи умумимиллӣ ғайривоқеӣ пешниҳод карданд. «Чунончӣ, гуфта мешавад, ки Раиси шаҳри Душанбе бо маблағи 5 ҳазор сомонӣ саҳмия харидааст. Ҳол он ки ман ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ карда, 4 саҳмияи арзишашон 5 ҳазориро ба шахсони камбизоат тақдим кардам».

 

Дар охири сӯхбати худ М.Убайдуллоев изҳор кард, ки сокинони пойтахт то рӯзи 31 марти соли ҷорӣ харидории саҳмияҳоро идома хоҳанд дод. Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки роҳбарияти бозори «Корвон» гӯё аз фӯрушандагони бозор бо роҳи фишор ва маҷбурӣ барои харидории саҳмияҳо маблағ ситонида бошад. «Бо супориши шахсии ман мақомоти марбута доир ба ин хабар санҷиш мегузаронанд», - гуфт М.Убайдуллоев.

 

Акрам Ҳаитов, АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/rogun/1515-ubaydulloevsokinoni-poytakht-peshsaf-budand.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854