ҶАНГИ ИТТИЛООТИИ ТОҶИКИСТОНУ УЗБАКИСТОН
Номаи сарвазири Узбакистон Шавкат Мирзиёев унвонии ҳамтои тоҷикистонии ӯ Оқил Оқилов, бегумон дар фазои муносиботи гарон ва бе ин ҳам баҳсноки ду кишвари ҳамсоя дар робита ба масъалаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" дар Тоҷикистон, равзанаи тозаеро ба миён овард, ки дар он аҷаб нест аз ин пас баъди баёнияҳои дипломатии ҷонибҳо, изҳори назари мутахассисони соҳа аз ҳарду тараф ва сару садоҳои ҷудогона, «ҷанг»-и воқеии иттилоотӣ ба роҳ андохта шавад.
Аниқтар, ин ҷанг пештар шурӯъ шуда буд ва аз ин баъд он бо шиддат ва бо самту стратегияи нав авҷ хоҳад гирифт. Нашри номаи эътирозии сарвазири Узбакистон дар рӯзномаи русзабони хукуматии Узбакистон - "Правда Востока" ишора бар он аст, ки кишвари ҳамсоя дар ин самт тасмими қатъӣ гирифтааст. Элитаи сиёсии Тоҷикистон ва дастгоҳи иттилоотии мо то кадом дараҷа ба ин «ҷанг» омодааст?
Воқеан, бо кувва ва нерӯи дохилӣ ба анҷом расондани сохтмони Роғун, ки тӯли чанд моҳи ахир ҳамчун андешаи миллӣ дар ақлу зеҳни мардум ҷой дода шуд, дар ниҳоят афкори умумро ба миён овард ва аз ҷониби ҷомеаи кишвар дастгирӣ ёфт. Акнун ин андешаро бо назардошти манфиатҳои миллияш Тоҷикистон бояд тарзе ба ҳамон равзанаи нав, ё бо ибораи дигар «новая линия информационной войны» бикашад, ки барои ба миён овардани афкори умум дар минтақа ва арсаи байналмилалӣ оиди моҳияти ин иншооти азим замина фароҳам орад.
Узбакистон бо изҳори нигаронии худ, ки гӯё «тарҳи Роғун қариб 40 сол пеш бо имкониятхои кӯхнаи лоиҳакашӣ ва технологӣ омода шуда, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест ва дар ҳоли татбиқаш метавонад, мувозанати нозуки экологиро дар минтақа барҳам занад» ва бо ёдовар шудан аз «бӯҳрони Арал, ҳаҷми интиқоли об ба кишварҳои дигар…»- мехоҳад ин масъаларо, ки то ин дам танҳо худаш манфиатдори манъи сохтмони Роғун буд, фарохтар ба фазои баҳснок дар минтақа ва ҷаҳон бикашад. Ин баръало, аз оғози марҳилаи наву шадиди ҷанги иттилоотӣ, ки ҳамчун яке аз самтҳои асосии бозии сиёсии геополитикӣ маҳсуб мешавад, дарак медиҳад.
Зери ин мафҳум одатан маҷмӯаи корҳои иттилоотӣ-таблигӣ дар назар аст, ки дар ҳолати зарурӣ ба хотири таъсир расондан ба афкор ва рафтори одамон, дар маҷмӯъ ҷомеа ба роҳ андохта мешавад. Мо дар ин ҷода бояд ҳамаҷониба, пухтаву баркашида ва нишонрас кор барем. Ба андешаи банда, аввал ин ки таблиғи сохтмони Роғун аз ин пас на танҳо ҳамчун андешаи миллӣ дар Тоҷикистон, балки иқдоме, ки дар сурати иҷрои ин тарҳ кишварҳои ҳаммарзи минтақа низ аз он манфиатдор хоҳанд буд, дар фазои иттилоотӣ бояд ҷой бигирад.
Дуввум, зикри батакрори он ки тарҳи Роғун ҳанӯз аз замони шӯравӣ сарчашма мегирад ва Шӯравии собиқ аз рӯи таҷриба ва шаҳодати таърих ҳеч гоҳ тарҳи «нопухта»-еро рӯи кор наовардааст, бахусус тарҳе, ки аҳамияти бузурги стратегӣ дорад, дар мисоли «Роғун».
Саввум, дар замони қабул ва тарҳрезии ин иншооти муҳим Узбакистон ҳамчун ҷумхурии шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ ҳузури чашмгир дошт, аз ин хотир, агар сохтмони Роғун дар Тоҷикистон чуноне, ки элитаи сиёсии узбак имрӯз иддао дорад «ба талаботи рӯз ҷавобгӯ намебуд ва дар ҳоли татбиқаш мувозанати нозуки экологиро дар минтақа барҳам мезад…» Тошканди замони шӯравӣ ҳанӯз ҳамон вақт Маскавро аз ин роҳ бозмедошт.
Ёдам меояд, ханӯз ду сол пеш дар Маскав бо вакили мардумӣ дар Думаи давлатии Русия, марҳум Георгий Тихонов, ки аз чеҳраҳои шинохтаи соҳаи энергетикаи замони шӯравӣ буд, дар сари мавзӯи сохтмони Роғун сӯҳбате доштам. Бино бар шаҳодати ӯ, тарҳи Роғунро дар замони шӯравӣ роҳбари аввали Узбакистон Шароф Рашидов ва сарвари Тоҷикистони шӯравӣ Ҷаббор Расулов бо ҳам якҷо дар идораи «Госплан»-и СССР масъалагузорӣ ва пуштибонӣ кардаанд.
Муҳаммад Эгамзод, Роҳбари Медиаҳолдинги тоҷикии TAJINFO дар Федератсияи Русия, мутахассиси соҳаи муносиботи байналмилалӣ.
Акрам Ҳаитов, АМИТ «Ховар».
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/rogun/1695-jangi-ittilootii-tojikistonu-uzbakiston.html