22:14:15 24-уми Июни 2025 сол

ТАРҲИ РОҒУН ДАР БАРНОМАҲОИ ИНТИХОБОТИИ АҲЗОБ

Мавзеъгирии намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар қиболи бунёди нерӯгоҳи Роғун ва таъкиди аҳзоби сиёсӣ ба ин тарҳ дар барномаҳои интихоботияшон аз нукоти муҳимми корзори интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон будааст. Ин дар ҳолест, ки бино ба гузориши нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо фурӯши саҳоми Роғун бештар аз интихоботи порлумонӣ дар миёни мардуми Тоҷикистон таблиғ шудааст.

 

Аммо худи тарҳи Роғун низ бино ба таъбири расонаҳои давлатӣ “ба як идеи миллӣ табдил шудааст". Шиъори интихоботии ҳизби ҳокими халқи демократ “Барои созандагӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон!” аст. Ҳизби халқи демократ бар зарурати бунёди нерӯгоҳи Роғун дар чандин бахш аз барномаи худ таъкид кардааст.

 

“Таъмини истиқлоли ғизоӣ, энергетикӣ ва коммуникатсионӣ” аз бандҳои умдаи бахши Иқтисод дар барномаи ин ҳизб аст. Яке аз ҳадафҳои ин ҳизб, ки “Раҳоӣ аз вобастагии иқтисодӣ, кафили пешрафти кишвар” ном дорад, чунин тавзеҳ шудааст: “ - ба анҷом расондани сохтмони навбати аввали нерӯгоҳи Роғун бо маблағҳои худӣ, дар заминаи фурӯши саҳмияҳо, ки барои Тоҷикистон масъалаи ҳаётан муҳим мебошад.”

 

Ҳизби сотсиал-демократ бо шиъори "Хирад, адолат, тараққиёт”- и худ низ ба ҳамин нукта таъкид кардааст. Ин ҳизб, ки умдатан иборат аз ҳуқуқдонҳо аст, худро аз мунтақидони сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмон муъаррифӣ мекунад. Вале Раҳматуллоҳ Зойиров, раҳбари ин ҳизб, дар нишастҳои матбуъотӣ пуштибонии худро аз сохтмони нерӯгоҳи Роғун иброз доштааст.

 

Вай пештар эълом карда буд, ки дар сурати ворид шудани намояндагонаш ба порлумон, онҳо гурӯҳе барои ҳимояти ҳуқуқии тарҳи "Роғун", ки ба эътиқоди оқои Зойиров, аҳаммияти миллӣ дорад, дар порлумон таъсис хоҳанд дод.

 

Вай таъсиси чунин гурӯҳеро бо дарназардошти таъсиси як фраксияи экологӣ дар порлумони Ӯзбакистон, ки ба гуфтаи вай, ҳадафаш корзори таблиғотӣ алайҳи тарҳи Роғун хоҳад буд, муҳим хонд. Ҳизби кумунисти Тоҷикистон ба навбаи худ сохтмони нерӯгоҳи "Роғун"-ро фурсати муносибе барои иҷрои ормонҳои миллӣ ва роҳи бурунрафт аз фазои бӯҳронӣ меномад.

 

Раҳбари ҳизби кумунист мегӯяд, ки дар барномаи ин ҳизб нерӯгоҳи Роғун ҳамчун “проекти (тарҳи) шараф ва ифтихор” эълом шуда ва ин ҳизб дар сохтмони ҳарчи зудтари он саҳм хоҳад гузошт. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар барномаи худ ба ин мавзӯъ ишораи хоссе накардааст, вале номзадҳои ин ҳизб низ пайваста ба зарурати иҷрои тарҳи Роғун барои дарёфти истиқлоли энержӣ таъкид кардаанд.

 

Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, ки раҳбари он узви кобинаи давлати Тоҷикистон аст, низ аз пуштибонони бунёди нерӯгоҳи Роғун аст. Раҳбари ин ҳизб бунёди ин нерӯгоҳро "яке аз масъалаҳои афзалиятноки барномаи мо" хонд ва гуфт, ки барномаи давлати Тоҷикистонро дар сиёсати марбут ба ин тарҳ "пурра дастгирӣ мекунем."

 

Масъулони ҳизб гуфтанд, ки бо фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун ва 750 милюн сомонӣ, ки аз буҷети давлат барои иҷрои ин тарҳ ихтисос ёфтааст, корҳои сохтмонӣ дар ин тарҳро дар солҳои 2010 ва 2011 таъмин мекунад.

 

Коршиносон мегӯянд таваҷҷӯҳи аҳзоби сиёсӣ ба ин мавзӯъ ду далел дорад. Аз як сӯ, таблиғи саросарии нерӯгоҳи Роғун боъис шуда, ки аҳзоб низ талош кунанд, то нишон бидиҳанд, ки бо мардум ҳамраъй ҳастанд, яъне "мо дар канор нестем".

 

Вале ин ақида низ вуҷуд дорад, ки бархе аз аҳзоби сиёсӣ ин корро на ба хотири хостаҳои мардум, ва на ба хотири аҳаммияти воқеъии тарҳи "Роғун", балки барои нишон додани ҳимоят ё садоқати худ ба давлат анҷом медиҳанд.  Ба ҳамин хотир, агарчи бархе муътақиданд, ки аҳзоби сиёсӣ мумкин аст бо ҳимоят аз тарҳи Роғун ва таблиғи он дар барномаҳояшон теъдоди бештаре аз орои мардумро ба даст оваранд, вале иддаи дигар аз соҳибназарон мегӯянд натиҷаи ин амр метавонад маъкус (баръакс) бошад.

 

Аммо аҳзоби сиёсӣ мавзуъи мушкилоти дарёфти манобеъи сармоягузорӣ ба ин тарҳро дахл накардаанд. Ин ҳам дар ҳоле аст ки бисёре аз мардум мегӯянд аз "фурӯши иҷбории" саҳоми тарҳи Роғун ба манзури ҷалби сармоя дилсард шудаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/rogun/1801-2010-02-22-15-53-40.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ