РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ ВА ТАЛОШ БАРОИ "РОҒУН"
Имрӯз дар Ню-Йурк, дар ҷаҳорчуби бузургдошт аз рӯзи ҷаҳонии об се мизи гирди марбут ба масоили истифодаи манобеъи об дар кишварҳои ҷаҳон оғоз шуд.
Мавзӯъи имсолаи "Рӯзи ҷаҳонии об"-ро Созмони Милалаи Муттаҳид "Оби тоза барои ҷаҳоне солим" эълом карда ва ҳадаф аз он ташвиқу таблиғи давлатҳои ҷаҳон ба ҳифзи захоири оби тоза ва таъмини кайфияту каммияти он барои мардум эълом шудааст. Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон ба манзури ширкат дар ин мизҳои гирди мавсум ба “Об ва расидан ба аҳдофи Ҳазорсола”, “Таъсири тағйири ҳаво ба манобеъи об” ва “Об ва ҳамкориҳои минтақаӣ ва байни миллатҳо” ҳоло дар Ню Йурк қарор дорад.
Ба гуфтаи коршиносон нахуствазири Тоҷикистон ин мизигирдҳоро бори дигар ҳамчун минбаре барои мутмаъин сохтани ниҳодҳои байналмилалии марбут дар зарурати эҳдоси нерӯгоҳи “Роғун” истифода хоҳад кард. Парвиз Муллоҷонов, коршиноси мустақил мегӯяд, ки Тоҷикистон бояд ҷомеъаи ҷаҳониро мутмаъин кунад, ки сохтани “Роғун” танҳо роҳи рушди ин кишвар аст.
Вай афзуд: “Давлати Тоҷикистон тавонист мардуми кишварро бовар кунонад, ки Роғун роҳи наҷоти кишвар аз бунбасти иқтисодӣ аст ва ҳоло навбати ин аст, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳам ба ин бовар кунад.”
Оқои Муллоҷонов афзуд, ки хушбахтона ниҳодҳое бузург ба монанди Бонки Ҷаҳони тарафдори идеи сохтмонҳои нерӯгоҳҳои бузург аст, дар ҳоле ки бархе дигар аз созмонҳо тарафдори назарияи дигар дар бораи истифодаи манобеъи олтернатифи энержӣ ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол Сайфулло Сафаров, муъовини раиси пажуҳишгоҳи мутолеъаи истротежики Тоҷикистон бо ишора ба эъломи ахири Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи ширкати онҳо дар бозрасии фаннии тарҳи “Роғун” гуфт, ки расонаҳо дар атрофи ин мавзӯъ матолиби писсимистӣ зиёд мунташир мекунанд. Дар ҳоле ки вай мутмаъин аст, ки “ҳеч мушкиле дар раванди сохтмони ин нерӯгоҳ вуҷуд надорад.”
Оқои Сафаров гуфт: “Ҷомеъаи ҷаҳонӣ тарафдори сохтмони нерӯгоҳ аст. Ин тарҳ шояд ба бархе гурӯҳҳое манфиъатнок набошад, вале барои мардуми Ӯзбакистон ғайр аз манфиъат чизе намедиҳад. Барқи арзон ва солим барои муҳити зист ба фоидаи ҳама аст.”
Дар ҳоле, ки оқои Сафаров ва давлати Тоҷикистон дар мавриди рӯи даст гирифтани тарҳи бозрасии фаннии нерӯгоҳи Роғун аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ хушбин ҳастанд вале дар ҳамин ҳол Георгий Петров мудири лобротурии нерӯи барқи пажуҳишгоҳи нерӯи барқи Тоҷикистон ба ин бовар аст, ки натиҷаи ин бозрасӣ навмедкунанда хоҳад буд.
Вай мегӯяд: “Ҳоло мо хеле розӣ ҳастем, ки Бонки Ҷаҳонӣ бо мост. Вале бозрасии фаннӣ ин худи тарҳи сохтмони “Роғун” нест. Пайвастани Бонки Ҷаҳонӣ ба ин бозрасӣ қадами диплумотике буд. Ман мутмаъинам ки пас аз як ё ду соли ин бозрасӣ бонк эълом мекунад, ки то замоне ки кишварҳо байни худ мувофиқат накунанд, касе наметавонад коре анҷом бидиҳад.”
Нигаронии аслии мақомоти Ӯзбакистон аз эҳдоси нерӯгоҳи “Роғун” имкони истифодаи он аз сӯи Тоҷикистон алайҳи манофеъи кишварҳои ҳамсоя аст. Вале Тоҷикистон мукарраран таъкид кардааст, ки истифодаи нерӯгоҳро танҳо пас аз мувофиқати реҷаи кори он бо кишварҳои ҳамсоя ва имзои асноди лозим барои ҷубронпулӣ дар сурати нақзи шароити истифода аз нерӯгоҳ ба роҳ хоҳад андохт.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/1982--qq.html