13:07:46 02-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/25_--01-a-aaaaaagazeta-uz.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/25_--01-a-aaaaaagazeta-uz.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/25_--01-a-aaaaaagazeta-uz.jpg'

ТАБЛИҒОТИ МАТБУОТИ УЗБАКИСТОН ЗИДДИ РОҒУН

Банда сахифаҳои рӯзномаи чопи вилояти Сирдарёи Узбакистонро бо номи «Адолат кузгусӣ», ки тарҷумааш «Оинаи адолат» аст мебошад ва иттифоқан ба дастам афтод, варақ мезанам ва мебинам, ки тақрибан ҳаштод дарсади навиштаҳои он матолибест, ки мазмуни ташвиқи зидди сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғунро дорад. Ин хафтаномаро мусофироне ба Панҷакент ворид намудаанд, ки бо роҳхати духтурон барои муоинаи тиббӣ ба беморхонаи шаҳри Самарқанди Узбакистон рафтаанд ва ба ҳангоми бозгашт кормандони гузаргоҳи гумрукии «Ҷартеппа»-и вилояти Самарқанд онҳоро баъди азиятҳои зиёд маҷбур кардаанд, ки ин ҳафтаномаҳоро ҳамроҳи худ бубаранд.

 

Як тан аз ин мусофирон, ки худро Шӯҳрат Замонов муаррифӣ кард, дар ин бобат гуфт, «вақте, ки аз Самарқанд бармегаштем, дар гузаргоҳи Узбакистон кормандони гумруки он моро маҷбур карданд, ки чанд адад рӯзномаи «Адолат кузгусӣ»-ро ҳамроҳи худ ба Панҷакент биёрем. Мо хостем, ки намегирем, аммо онҳо маҷбур карданд, ки онҳоро ба борхалта андозем».

 

Баъди ин гуфтугузор ман бори дигар мақолаҳои ин рӯзномаҳоро аз назар гузарондам ва дар яке аз мақолаҳои он, ки бо номи «Дар минтақаи Осиёи Маркази сохтмони ГЭС-ҳои бузург ба миллионҳо одамон таҳдид мекунад» интишор шудааст, ҷумлаҳоеро дарёфтам, ки муаллифи он - шореҳи оҷонси иттилоотии Узбакистон О. Раҷабов мегӯяд «сохтмони нерӯгоҳи Роғун ғайриқонунӣ ва ҷиноят аст». Илова бар ин ӯ менависад, «ба ҳангоми зарурат ҷониби Узбакистон сохтмони нерӯгоҳҳои Роғун ва Қамбаротаро бо роҳи низомӣ ҳам бошад, мутаваққиф хоҳад кард».

 

Бо ҳамин мазмуни иғвоангез дар ҳафтаномаи «Адолат кузгусӣ» мақолаҳои дигаре аз сӯи Нуралӣ Рогон, ҷомеашиноси мустақили оҷонси иттилоотии Авастои Узбакистон ва чандин рӯзноманигорони дигар низ матлабҳо интишор шудааст. Воридоти ин ҳафтаномаҳои Узбакистон ва мақолаҳои иғвоангези он маро водор намуд, ки ба масъулини гумруки минтақаи Зарафшон муроҷиат намоям ва бифаҳмам, ки ин ҳафтаномахо чи гуна ба шаҳру деҳоти Панҷакент ворид шудаанд.

 

Шариф Одинаев, як тан аз кормандони гумруки гузаргоҳи Саразси минтақаи Зарафшон зимни сӯҳбат гуфт, санҷишҳо нишон дод, ки кормандони гумруки гузаргоҳи Ҷартеппаи Узбакистон шаҳрвандони Тоҷикистонро маҷбур мекунанд, ки ҳангоми бозгашт аз вилояти Самарқанди Узбакистон ҳамроҳи худ чунин рӯзномаву ҳафтаномаҳоро ба хоки Тоҷикистон ворид созанд.

 

Вай афзуд, «корманди гумруки Узбакистон ин рӯзномаҳоро, ки дар онҳо мақолаҳо зидди сохтмони Роғун навишта шудаанд, махсус барои паҳн намудан дар Тоҷикистон тавассути шахсони узбактабори Тоҷикистон равон мекунанд».

 

Бо ин вуҷуд ман дар фикри он будам, ки шояд тасодуф ё иштибоҳе аз ҷониби кормандони гумруки Узбакистон рух додаст, ки ин рӯзномаву ҳафтаномаҳо вориди қаламрави Тоҷикистон шудаанд. Аммо баъдан маълум шуд, ки на танҳо ҳамсӯҳбатони ман, балки ҳудуди 10 нафар шаҳрвандони дигар низ гуфтанд, ки ба ҳангоми бозгашт аз шаҳри Самарқанд дар гузаргоҳи Ҷартеппаи Узбакистон онҳоро кормандони гумрук бе ягон асос таҳқиру азият намуда, сипас водор намудаанд, ки чунин рӯзномаву ҳафтамомаҳоро вориди хоки Тоҷикистон намоянд.

 

Абдусаломи Ғайрат, як тан аз рӯзноманигорони узбакзабон, ки худ шоҳиди чунин воқеа будааст, мегӯяд, бо ин шева паҳн кардани рӯзномаҳои дорои мақолаҳои зидди сохтмони «Роғун» хилофи қонунҳои мавҷудаи гумрукист.

 

Ин дар ҳолест, таи ду соли ахир равуои озоди шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷониби Самарқанд тавассути гузаргоҳи гумрукии Ҷартеппаи Узбакистон қатъ шудааст. Ва соҳибназарону рӯзноманигорон бар инанд, ки бояд вазорати фарҳанг ва масъулини мақомоти амнияту гумрук барои ҷилавгирӣ аз ин амали кормандони гумруки Узбакистон тадбир андешанд. Вагарна, мегӯянд онҳо, паҳншавии чунин рӯзномаҳои иғвоангез таъсири манфии худро ба мардуми ин минтақа хоҳад расонд.

 

Шоҳини Равшан, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/2190-2010-04-25-18-54-34.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854