ШАРТИ ӮЗБАКИСТОН: ҚАТЪИ СОХТМОНИ РОҒУН
Ӯзбакистон дар баробари дархости ҷониби Тоҷикистон барои раҳоии вагонҳои бору колояш аз қаламрави он кишвар, қатъи корҳои сохтмонӣ то анҷоми арзёбии байналмилалӣ дар нерӯгоҳи «Роғун»-ро тақозо кардааст. Ба ин тартиб, сафари ҳайати мақомоти Тоҷикистон ба раҳбарии Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазир ба Тошканд бидуни натиҷаи дилхоҳе барои ҷонибҳо ба поён расидааст. Ин мулоқот рӯзи 27-уми апрел ба вуқӯъ пайваста буд.
Аммо масъулони сафорати Тоҷикистон дар Узбакистон мегӯянд, ин музокирот ҳадди аққал имкони хубе барои матраҳ кардани мавқеъҳои ду кишвар буд. Сарвар Бахтӣ, намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Тошканд ба Радиои Озодӣ гуфт, «пешниҳоди Узбакситон ҳамин хел аст, ки гуфтанд, «Роғун»-ро умуман баста кунед. То ташхис нагузарад, бояд он ҷо на корҳои сохтмонӣ, на корҳои барқароркунӣ гузаронда нашавад».
Оқои Бахтӣ, инчунин афзуд, ки натиҷаи хубе аз мулоқотҳо ба даст наомадааст. Танҳо табодули афкор сурат гирифт ва ҷонибҳо мавқеъҳо ва хоҳишҳои худро ба ҳам дигар матраҳ карданд ва гуфтанд, ки ба роҳбариятҳои олӣ ин хоҳишу ақидаҳо расонда мешавад. Аммо бо гузашти як рӯз аз поёнии сафари ҳайати Тоҷикистон ба Тошканд, ҳеҷ як аз мақомҳои ширкаткунанда дар нишасти Тошканд ҳозир нашудааст, бо хабарнигорон аз натоиҷи ин сафар сӯҳбат кунанд.
Ва хабари расмие низ дар марвиди натиҷаҳои сафари ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон нашр нашудааст. Вазири обу обёрӣ, муовини вазири умури хориҷӣ, раисони ширкатҳои "Барқи тоҷик" ва Роҳи оҳани Тоҷикистон низ узви ин ширкат буданд
Роҳи ҳалл дар дасти ду нафари аввал?
Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки дар ҳалли мушкилоти миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ҳайатҳо ноилоҷ буда, шахсони аввали ҳар ду кишвар бояд ибтикор нишон бидиҳанд.
Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, «албатта тасмими ниҳоӣ дар сатҳи болоӣ, дар сатҳи ду президент гирифта мешавад. Ба ҳар ҳол муносиботи ду кишвар дар вазъияти ногувор қарор дорад ва ҳар тасмиме, ки иттихоз мешавад танҳо аз тарафи шахсони аввал тайъид хоҳанд шуд. Мушкили асосӣ ин аст, ки тарафи Узбакистон ҳалли масоили дуввумдараҷаро ба ҳалли масъалаи умда, яъне мушкили неругоҳи «Роғун» пайваст кардааст».
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёмаш ба порлумон омадагии хешро барои ҳалли мушкилоти марбут ба баҳси об, ба хусус иҷрои тарҳҳои энержӣ бо кишварҳои ҳамося эълом кард ва гуфт, «изҳороти ман самимона аст».
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/2215-2010-04-28-16-07-01.html