06:49:01 01-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/29_--01-a-aaaaaaamerika-saforat-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/29_--01-a-aaaaaaamerika-saforat-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/29_--01-a-aaaaaaamerika-saforat-2.jpg'

БОНКИ ҶАҲОНӢ АЗ КОРҲОИ БАРҚАРОРСОЗИИ РОҒУН ҲИМОЯТ МЕКУНАД

Филлип Ле Уйру, муовини раиси Бонки ҷаҳонӣ, эълон кард, ки ин ниҳод аз корҳои барқарорсозӣ дар нерӯгоҳи Роғун ҳимоят мекунад, аммо сохтмони нерӯгоҳ бояд пас аз арзёбии коршиносон сурат бигирад. Вай пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни як изҳорот дар баробари хабарнигорон дар шаҳри Душанбе гуфт, коршиносони Бонки ҷаҳонӣ бо даъвати давлати Тоҷикистон ҳоло ба ташхиси заминаҳои молӣ ва бехатарии садди нерӯгоҳи Роғун, ҷанбаҳои экологӣ ва таъсироти иҷтимоии он машғуланд.

 

Муовини раиси Бонки ҷаҳонӣ таъкид кард, ки дар ҷараёни арзёбиҳои фаннӣ, иқтисодӣ ва зистмуҳитии Роғун тамоми муқаррароти байнулмилалӣ риоя хоҳад шуд ва идомаи сохтмони нерӯгоҳ, аз он ҷумла бардоштани садди нерӯгоҳ ва насби чархаҳои тавлиди барқ, пас аз поёни арзёбии байнулмилалӣ сурат хоҳад гирифт.

 

Ҷаноби Филлип Ле Уйру гуфт, мо дирӯз ҳамроҳ бо сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов аз маҳалли нерӯгоҳи Роғун дидан кардем ва мутмаин шудем, ки дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳ танҳо корҳои барқарорсозӣ идома дорад.

 

Узбакистон: Корҳои сохтмонии Роғун қатъ шавад!

 Ин дар ҳолест, ки ҷониби Узбакистон – мухолифи аслии сохтмони Роғун аз Тоҷикистон тақозои қатъи тамоми корҳои сохтмонӣ то анҷоми арзёбии байнулмилалӣ дар маҳалли нерӯгоҳро кардааст. Ин талабро мақомоти Тошканд ҳангоми музокирот бо ҳайати баландпоя аз Душанбе сари мавзӯи боздошти вагонҳои бору колои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон пеш овард.

 

Узбакистон аз он нигарон аст, ки Тоҷикистон корҳои барқароркунӣ дар маҳалли сохтмони Роғунро баҳона карда, ба насби ду чархаи тавлиди барқ машғул аст, ки ҳануз дар замони Шӯравӣ ба ин нерӯгоҳ оварда шуда буд. Филлип Ле Эйру, муовини раиси Бонки ҷаҳонӣ, дирӯз бо сафари дурӯза вориди Тоҷикистон шуд. Ҳадафи аслии сафари ӯ арзёбии тарҳи нерӯгоҳи Роғун ва таъсироти эҳтимолии он ба вазъи муҳити зист дар минтақа унвон шудааст.

 

Дар баробари масъалаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун, муовини раиси Бонки ҷаҳонӣ бо раҳбарияти Тоҷикистон ҳамчунин мавзӯи стратегияи барномаи сесолаи ин ниҳоди байнулмилалӣ барои Тоҷикистон баррасӣ мекунад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/2222-2010-04-29-11-34-10.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854