“НЕРӮГОҲИ РОҒУН” БОЗРАСӢ МЕШАВАД
Ширкати “Нерӯгоҳи Роғун” барои бозрасии байналмилалии фаъолиятҳои молии худ озмун эълом кардааст. Тибқи иттилоъи манобеъи Вазорати молияи Тоҷикистон, ширкатҳои алоқаманд дар ин озмун бояд то 20 июли соли ҷорӣ дархост пешниҳод кунанд. Гуфта мешавад, ки ин озмун миёни чаҳор ширкати бузург ва маъруфи бозрасони байналмилалӣ баргузор карда мешавад. Дар ин миён, аз ҷумла аз ширкатҳои PricewaterhouseCoopers, Deloitte Touche Tohmatsu, Ernst & Young ва KPMG ном бурда мешавад.
Ғолиби озмун бояд фаъолияти молии ширкати “Нерӯгоҳи Роғун” дар солҳои 2008 ва 2009-ро бозрасӣ кунад. Дар ин солҳо аз буҷети Тоҷикистон барои азсаргирии сохтмони ин нерӯгоҳ ҳамасола то як сад милюн дулор маблағ ихтисос дода шуда буд. Ба ин тартиб, истифода аз маблағи саҳоми ин нерӯгоҳ, ки аз авали соли ҷорӣ ба фурӯш гузошта шуд, мавриди таваҷҷӯҳи бозрасон қарор нахоҳад гирифт.
Вале қабл аз оғози фурӯши ин саҳом, Президент Раҳмон дархост карда буд, ки истифода аз маболиғи сокинони Тоҷикистон дар сохтмони ин нерӯгоҳ бояд таҳти назорати шадид қарор дошта бошад. Тибқи иттилоъи Вазорати молияи Тоҷикистон, аз авоили соли ҷорӣ то ҳол сокинони ин кишвар ба маблағи ҳудуди 190 милюн дулор саҳоми ин нерӯгоҳро харидорӣ кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи тавофуқи миёни давлати Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ, ҷониби Тоҷикистон наметавонад то поёни бозрасии фаннӣ ва зистмуҳитии ин тарҳ, умури сохтмонӣ дар тарҳи "Роғун"-ро идома диҳад. Ба ин далел, гуфта мешавад, ки давлати Тоҷикистон танҳо машғули омодагӣ ба иҷрои ин тарҳ аст.
Сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" ба мавзӯъи доғе миёни Тоҷикистон ва кишварҳои поёноби минтақа табдил ёфта ва аз ҷумла Ӯзбакистон ба ин далел аз тронзити бидуни вақфаи вогунҳои Тоҷикистон дар қаламрави худ монеъ шудааст. Аммо эъломи бозрасии фаъолияти молии ширкати “Нерӯгоҳи Роғун” дар ҳолест, ки ахиран сару садоҳое дар бораи истифодаи ғайримуассир аз маболиғи ин тарҳ ва мавориди фасод паҳн шудааст.
Аз ҷумла, бархе аз коршиносон мегӯянд шуморе аз ширкатҳои сохтмонӣ, ки машғули эҳдоси нерӯгоҳи “Роғун” ҳастанд, бо мақомоти баландпоя иртибот доранд. Ва баръакс, ширкатҳои ғайр наметавонанд барои умури анҷомшуда ҳаққи худро дарёфт кунанд.
Аз сӯйи дигар, бозрасии фаъолиятҳои молии ширкатҳои бузурги Тоҷикистон дар ду соли ахир ба мавзӯъи ҳассосе табдил шудааст. Аз ҷумла, ширкати бозрасии Ernst & Young ду сол қабл бо дархости Сандуқи Байналмилалии Пул фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистонро анҷом дода, муъомилоти машкукеро ифшо кард, ки Муродалӣ Алимардон, раиси пешини ин бонк дар он даст доштааст.
Бо ин вуҷуд, ҳарчанд оқои Алимардон аз симати раиси Бонки Миллӣ барканор шуд, вале ҳамзамон ба курсии муъовинати нахуствазири Тоҷиукистон гумошта шуд. Баъд аз ин, созмонҳои молии байналмилалӣ бозрасии байналмилалии фаъолияти “Талко” ва “Барқи тоҷик”, ду ширкати бузурги Тоҷикистонро тақозо карданд. Ҳарчанд натоиҷи бозрасии “Барқи тоҷик” эълом шуд, вале “Талко” интишори гузориши бозрасонро ба таъхир андохтааст.
Шояд ин амр боъис шудааст, ки Сандуқи Байналмилалии Пул бозрасии байналмилалии фаъолияти як ширкати хусусии “Талко-менеҷмент”-ро низ тақозо дорад. Гуфта мешавад ин ширкат бо корхонаи тавлиди олуминиюми Тоҷикистон иртиботи қавӣ дошта ва оидоти онро таҳти кунтрул дорад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/2587-2010-07-01-11-37-05.html