11:07:01 25-уми Июни 2025 сол

МАБОЛИҒИ САҲМИЯҲОИ "РОҒУН" БА БОНКҲО ИНТИҚОЛ ШУДАНД

Бонкҳои Тоҷикистон аз маболиғи саҳмияҳои фурухташудаи “Роғун” истифода мекунанд. Ахиран бонкҳои Тоҷикистон 230 милюн сомонӣ аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои ин нерӯгоҳро ба муъомилот гузоштаанд. Вазорати молияи Тоҷикистон тавонистааст ин маблағҳоро ба чанд бонки кившар бо суди аз 9 то 12 дарсадӣ дар сол ба қарз диҳад.

 

Манобеъи вазорати молияи Тоҷикистон гуфтанд, ки талоши севвуми ин ниҳод барои баргузории озмун барои истифода аз маболиғи саҳмияҳои “Роғун” натиҷа дод ва бахше аз ин маблағҳо дар ихтиёри бонкҳо қарор гирифтанд. Ба гуфтаи Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, то ҳол саҳмияҳои “Роғун” ба маблағи 186 милюн дулор ба фурӯш рафтааст ва бахши аъзами ин маболиғ дар ин ниҳод ҷамъоварӣ шудааст. Ба манзури коҳиш наёфтани арзиши ин маблағ, вазорати молия тасмим гирфтааст, ин маблағҳоро ба бонкҳо қарз бидиҳад ва аз ин роҳ арзиши аслии саҳмияҳоро ҳифз кунад.

 

Дар гузашта бонкҳои Тоҷикистон дар озмуне барои ин маблаг суди 0,6 дарсадиро пешниҳод карда буданд, ки вазорати молияро ин муъомиларо қабул накард. Он замон коршиносон тааҷҷуб мекарданд, ки чаро бонкҳои Тоҷикистон аз хориҷи кишвар эътибори то 15 дарсадӣ мегиранду барои маболиғи саҳмияҳои “Роғун” чунин суди камарзишро пешниҳод кардаанд? Вале пас аз анҷоми "бомуваффақи" озмуни севум, бонкҳо мизони баланди судро барои ин маболиғи мавриди назар пешниҳод карданд.

 

Дар феҳристи бонкҳое, ки аз ин маблағҳо истифода хоҳанд кард, “Амонатбонк”, “Агроинвестбонк”, “Тоҷпромбонк”, “Фанонбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” ном бурда мешаванд. Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, дар як нишасти матбуъотии рӯзи душанбеи 26 июл дар посух ба ин суол, ки чаро дар ин феҳрист “Ориёнбонк” нест, гуфт, ки “дар ин замина эҳтимол дорад, ин бонк созишномаи ҷудогонае бо вазорати молия имзо кунад”.

 

Дар ҳамин ҳол вай хабар дод, ки Бонки миллӣ то ҳол беш аз 100 милюн сомонӣ аз маболиғи саҳмияҳои “Роғун”-ро ба дулор табдил дода, барои харидории таҷҳизоти ин нерӯгоҳ ба хориҷ аз кишвар интиқол додааст. То авохири соли ҷорӣ табдили боз ҳудуди як сад милюн сомонии дигари саҳҳоми “Роғун” дар назар аст.

 

Аз сӯйи дигар, мақомоти Тоҷикистон ҳадси бархе аз коршиносон мабни ба эҳтимоли истифодаи маболиғи саҳҳоми “Роғун” барои рафъи камбуди будҷети ин кишвар ва рафъи пайёмадҳои ҳаводиси табиӣ дар манотиқи мухталифро радд мекунанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба мақомоти кишвар пайваста аз истифодаи муъассир ва шаффофи маболиғи саҳҳоми “Роғун” ҳушдор медиҳад.

 

Фурӯши саҳҳоми “Роғун” дар авоили соли ҷорӣ оғоз шуда буд. Давлати Тоҷикистон эълом карда буд, ки маблағи беш аз як милёрду 250 милюн дулор саҳмияҳои ин нерӯгоҳро интишор кардааст. То ҳол ба маблағи 186 милюн дулор саҳҳом ба фурӯш рафтааст.

 

Вале, се моҳ қабл давлати Тоҷикистон таблиғоти ин саҳҳомро қатъ кард. Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки ин тасмим дар пайи фишори созмонҳои байналмилалии молӣ гирифта шудааст, ки аз наҳваи фурӯши иҷбории ин саҳҳом шадидан интиқод мекарданд.

 

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи масъулони Сандуқи Байналмилалии Пул, то анҷоми бозрасии фаннӣ ва муҳитзистии тарҳи “Роғун”, ки Бонки Ҷаҳонӣ ба он муваззаф шудааст, давлати Тоҷикистон ба идомаи умури сохтмонӣ дар маҳалли нерӯгоҳи “Роғун” ҳақ надорад. Давлати Тоҷикистон чунин шароитро пазируфта, ҳамакнун мегӯяд, ки танҳо машғули бозсозии иншоъоте аст, ки ҳанӯз дар замони шӯравии пешин сохта шудаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/2763---qq----.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ